Тибқи иттилои маркази матбуотии президенти Тоҷикистон дар анҷумани мазкур беш аз 300 нафар соҳибкорону тоҷирони ин ду кишвар ҷамъ омадаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ин нишаст аз рушди бонизоми ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гуфта мешавад, дар ин анҷуман қайд гардидааст, ки дар соли 2011 ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар зиёда аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 ба андозаи беш аз 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дар Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки асосан дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолият доранд.
Дар ҷараёни ҳамоиши мазкур гуфта шудааст, ки теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳмгир мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, президенти Тоҷикистон имкону захираҳои фаровони истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишварро бевосита муаррифӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафари навбатии расмии ӯ ба Туркия ва мулоқоту музокироти сершумор бо роҳбарияти олии ин кишвар ва дигар сохторҳои он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад: “Соҳибкорону тоҷирони ду кишвар метавонанд дар ин раванд саҳми намоёну муассир дошта бошанд, зеро дар Тоҷикистон имрӯз фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ муҳайё гардидааст”.
Дар охири ин анҷуман 3 санади муҳими ҳамкорӣ- Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноат ва тиҷорати Туркия, ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия доир ба ҳамкорӣ дар сохтмони Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ, ба имзо расид.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |