Ба гуфтаи Наталя Набиевна, яке аз вакилони мудофеъи Искандари Фирӯз бо сабаби ҳозир нашудани айбдоркунандаи давлатӣ баррасии мурофиа то соати 14-и имрӯз мавқуф гузошта шуд.
Ҳамзамон, Исмоил Давлатов, қозии ин қазия дар додгоҳи ноҳияи Сино дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ки имрӯз соати 14-00 муҳокимаи парвандаи Искандари Фирӯз баргузор мегардад.
Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-Сӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ шаби 9-уми октябри соли равон дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуда буд. Пас аз чанд муддат барои муолиҷа ва идомаи табобат журналистро ба касалхонаи Ибни Сино интиқол доданд ва ӯ то ин замон дар он ҷо бистарист.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |