Ин ҳамойиш дар меҳмонхонаи "Serena" бо ташаббуси созмони ҷамъияти бонувони маъюб «Иштирок» ба муносибати 3 декабр - рӯзи ҷаҳонии маъюбон сурат пазируфт. Тавре ба Озодагон масъулини ташкилоти мазкур иттилоъ доданд, зимни чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилаллии марбута аз аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташкилоти «Kynnys»-и Финляндия ширкат ва суханронӣ доштанд.
Ҳадаф аз баргузории ин семинар, табодули таҷриба, мушаххаскунии мушкилоти мавҷуда ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо мебошад. Гуфтанист, мавзӯъҳои аслии ҳамоиш баррасии нақш ва мавқеъи занони маъюб дар ҷомеъа, ҳуқуқи репродуктивии онҳо, дастрасӣ ба адолат, омӯзиш, шуғлу касб, иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоъӣ ва сиёсӣ маҳсуб мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, як рӯз қабл дар маркази тавонбахшии кӯдакони маъюб «Киштӣ» аз сӯи ТҶ «Иштирок» (Тоҷикистон) ва «Ширак» (Қазоқистон) омӯзиш оиди ҳифзи солимии репродуктивии занони маъюб баргузор шуд, ки дар он дар баробари ҷанбаҳои ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқҳои онҳо низ баррасӣ гардид.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |