Гушаи миллии Тоҷикистон дар қисмати марказии осорхона, дар шафати гушаҳои кишварҳои дигари узви ИДМ ҷой дода шудааст. Иқдоми мазкур бо иштироки фаъолонаи сафорат ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки ба таври ройгон намунаҳои фарҳанг ва таърихи тоҷиконро ирсол намудааст, амалӣ карда шуд.
Дар намоиш экспонатҳои гуногун, аз ҷумла намунаҳои фарҳангу санъати тоҷикӣ, ки маҳсули эҷоди ҳунармандони бомаҳорати Тоҷикистон буда, хусусиятҳои миллӣ ва зебогии табиати Тоҷикистонро таҷассум месозанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Зубайдулло Зубайдов зимни баромади худ ба директори осорхонаи миллӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги Покистон барои мусоидат дар ифтитоҳи Гушаи миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ин иқдом ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.
Холид Ҷовид, директори Осорхонаи миллии Покистон ифтитоҳи Гушаи миллии Тоҷикистонро дар осорхонаи мазкур як воқеаи муҳим дар муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |