Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт ғайриқонунӣ нигоҳ доштани мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор, Алишер Акбарови 25 сола, сокини шаҳри Кӯлоб боздошт гардид.
Гуфта мешавад, дар пайи амалиёти мазкур дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Т 57-67 РТ 01, бо рақамҳои қалбакӣ дастгир карда шуд.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз таги нишастгоҳи пеши автомашина 1 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилаш 4 килою 714 грамм маводи нашъадори навъи героин буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан барои дастгир кардани ҳаммаслакони ронанда чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр