Тоҷирони бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт дар қиёс ба бозори «Сух» ҳамсарҳад бо Исфара (Қирғизистон) як кило себро беш аз 2 маротиба гарон мефурӯшанд.
«АгроИнформ» як ташкилоти вижа, ки вазъи бозорҳои Тоҷикистонро меомӯзад ба Озодагон иттилоъ дод, ки ба ҳисоби миёна нархи як кило себ дар бозори «Сух» 2 сомонӣ аст ва ин нишондод дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе баробар ба 5 сомонӣ мебошад.
Ба қавли манбаъ, аз ҳама нархи гарони себ дар бозори «Дӯстӣ»-и Қумсангир, ҳамсарҳад бо Афғонистон мушоҳида карда шуд, ки бо нархи 10 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст.
Нархи аз ҳама арзони себ пас аз бозори «Сух» дар бозори марказии ноҳияи Рашт ва бозори марказии шаҳри Исфара мушоҳида карда шуд, ки як кило себ 3 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондод дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ва бозори марказии шаҳри Хоруғ ба 6 сомонӣ баробар мебошад.
Мӯҳр