Бахшҳо

Парлумони ҷавонон дар меҳмонии Маҷлиси намояндагон

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова бо намояндагони «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон, аснои нишаст масоили марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишвар ва густариши ҳамкорӣ байни Парлумони ҷавонони Тоҷикистон бо кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Бону Ҷабборова дар оғози сўҳбат дар бораи фаъолияти кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон маълумоти муфассал дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки аъзои ин кумита ва дар маҷмўъ ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамеша бо ҷавонони мамлакат дар иртибот қарор доранд.

- «Аъзои кумитаи мо, ки баррасӣ ва масъалаҳои марбут ба кору зиндагии ҷавонон низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо ба шумор меравад, дар ҳамаи гўшаву канори мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе бо ҷавонони фаъол ва равшанфикр, ҳамчунин бо ҷавонони ҳамаи табақаҳои кишвар пайваста мулоқоту вохўриҳо менамоянд, то аз муваффақияту мушкилоти онҳо аз наздик ошно шаванд»- гуфт Марҳабо Ҷабборова.

Ҳамзамон, Кабир Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  , ки намояндагони Парлумони ҷавонони Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекард, мақсад аз таъсиси парлумони мазкурро дар баробари баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ҷавонон, тарғибу ташвиқи ифтихори ватандорӣ, арзишҳои миллӣ, ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ, ҳамчунин мусоидат кардан дар ҳалли мушкилоти ҷавонон унвон кард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)