Бахшҳо

Афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ дар Суғд

Новобаста аз сардии ҳаво ва ба Ватан баргаштани қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, имрӯзҳо дар вилояти Суғд сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия идома дорад.

Ин нуктаро Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба Озодагон иброз дошта, илова намуд, ки сардори Раёсати хадамот дар вилояти  Суғд Зайнура Шарифова ба онҳо гуфтааст, ин иқдомот дар ҳамкорӣ  бо субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардида истодааст.

Номбурда мегӯяд, давоми моҳҳои ноябр-декабр бо мусоидатиҶСШК «Нақлиёт»(Сарвараш Муҳсин Саидов) 30 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон ба вилояти Хабаровск сафарбар гардиданд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи расмӣ, тибқи шартнома оид ба ҳамкории дуҷониба ба муддати як сол  фиристода шуда, аз ҷониби кордиҳанда бо маблағи роҳкиро, ҷойи кору зист, либоси кориву хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Манбаъ илова намуд, ки ҳамзамон барояшон баъзе имтиёзҳо муқаррар гардидааст: «Пеш аз сафари муҳоҷирон  намояндагони раёсат бо онҳо сӯҳбат ороста, оид ба қоидаҳои будубош, касбомӯзию забономӯзӣ ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ мулоқот анҷом доданд. Раёсат минбаъд низ аз чунин имкониятҳои босамар истифода хоҳад бурд».

Сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ёдовар шуд, ки аз 9 субъекти хоҷагидоре, ки дар вилояти Суғд фаъолият менамоянд, айни замон 3 субъекти хоҷагидор доир ба бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)