Ин масъулин аз сӯи раҳбарияти сохтори мазкур барои натиҷаҳои паст дар фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Тавре Бобоҷони Шафеъ, корманди дафтари иттилотии АНМН ба Озодагон хабар дод, тасмим рӯзи 4 январ, зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи агентӣ аз сар гирифта шуд: « Дар кори нишаст мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент Абдусаттор Раҷабов ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хидматӣ, назорати муомилоти маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, такмили ихтисос ва омӯзиши ҳайати шахсии агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт».
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ агентӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои муайянеро анҷом дод. Дар ҷараёни ҷаласаи фаврӣ чораҳои мушаххас барои бартараф сохтани камбудиҳо дар фаъолияти баъзе хадамот пешбинӣ гардиданд.
-Ба роҳбарони асосии воҳидҳои АНМН мӯҳлат дода шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон ҳолати ба миёномадаро ислоҳ намоянд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр