Студияи «Позитив Продакшн» рӯзи 19-уми январ намоиши аввалини филми мазкурро баргузор менамояд.
Тибқи иттилои Қурбони Собир, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки дар филми мазкур яке аз нақшҳои марказиро иҷро кардааст, филм аз саҳнаҳои мухталиф рангоранг буда, он аз рӯи асари «Марги журналист»-и Хуршеди Атовулло рӯи навор омадааст: «Аъзами Розиқ коргардонии ин филмро ба зимма дошт».
Манбаъ афзуд, зиндагиномаи журналистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар он давра ва мушкилоти иҷтимоию сиёсии шаҳрвандон хати асосии сужаи филмро ташкил медиҳад: «Филм ба ёди онҳое, ки дар талоши ҳақиқат ҷон бохтаанд ва ба хотири онҳое, ки адолатро меҷӯянду ҳақиқат барояшон аз ҳама чиз болост, бахшида мешавад».
Маврид ба ёдоварист, ба ҷуз Қурбони Собир дар ин филм ҳунармандон- Давлат Убайдулло, Нозим Мелик, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон нақш бозидаанд.
Мӯҳр