Дар соли гузашта ба Академияи илмҳои Тоҷикистон 97 нафар ба ҳайси аспирант қабул гардидааст.
Тибқи иттилои котиботи академия аз ин шумора 50 нафар ба шӯъбаи рӯзона ва боқимонда ба шӯъбаи ғоибона дохил шудаанд.
Сафаргул Давлиёрова, мудири шӯъбаи аспирантураи ин академия иброз дошт, ки маблағи шартномаи таҳсили аспирантура аз 12-уми ноябри соли 2012 барои шаҳрвандони Тоҷикистон 500 доллари амрикоӣ таъин шуд.
Номбурда мегӯяд, барои шаҳрвандони хориҷӣ бошад, шартномаи аспирантура 3500 долларро ташкил медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, алъон 288 аспирант дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсил доранд.
Мӯҳр