Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон бо Фан Сян Жун, сафири Хитой дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла коркарди пахта, имконияти бунёди як корхонаи нав дар Душанбе бо ҷалби сармоягузорон ва бо истифодаи технологияи ҳозиразамон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон оид ба соҳаи саноати сабук, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, дастрас будани ашёи хом, бахусус пахта ибрози назар намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои зикргардида мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Гул Шералӣ дигар самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили энергетика ва нафту газ низ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.
Фан Сян Жун иброз доштааст, ки ҷониби Хитой ҳамкориҳо ва имконияти иштироки ширкату корхонаҳои хитоиро дар лоиҳаҳои марбут ба бахши саноат ва энергетика мавриди омўзиш қарор медиҳад.
Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида ба манфиати ҷонибҳо хоҳанд буд.
Мӯҳр