Бахшҳо

Шӯрои амният: 120 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 600 нафар аъзои созмонҳои экстремистӣ баррасӣ гардид

Рӯзи гузаштаи 24-уми январ дар Душанбе тҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи  Шӯрои амнияти кишвар доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

Тавре сомонаи расмии райисҷумҳур менависад, дар он роҳбарони ҳарду палатаҳои парлумон, нахуствазир, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти олии судӣ ва адлия, прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар соли 2012 ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон  коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 16 ҳазору 600 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2011 270 адад кам мебошад. Дар ин сол ҷиноятҳои вазнин 23 фоиз ва бо истифодаи аслиҳаи оташфишон 37 фоиз кам шудааст ва ин бо назардошти он, ки ҳолатҳои пинҳондории ҷиноятҳо ва ё ба қайд нагирифтани онҳо низ коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи санҷишҳои молиявӣ ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ соли 2012 дар ҳаҷми 166 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки қисмате аз онҳо ба сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ рост меояд.Дар соли 2012 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зиёда аз 5 тонна маводи мухаддир ошкор ва мусодира кардаанд.

Ба навиштаи сомона, танҳо соли 2012  дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 442 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Зикр шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар зарфи 5 соли охир 128 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 626 нафар фаъолон ва ҷонибдорони созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мавриди тафтиш қарор додаанд. То имрӯз нисбат ба 600 нафар аъзои созмонҳои диниву экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбакистон» ва «Ҷамъияти Таблиғ» беш аз 120 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)