Бахшҳо
23 июн 2011 07:38Сӯҳбати рӯз

Хизмати алтернативии ҳарбӣ. Бошад ё набошад?

Чанде пеш лоиҳаи қонуни «Хизмати алтернативии шаҳрвандӣ», аз ҷониби Анҷумани ҳуқуқдонҳои ҷавони Тоҷикистон таҳия ва баррасӣ шуд. То куҷо ин тасмим дастгирӣ меёбад ва натиҷаҳои дигар давлатҳо ба мо чиро нишон медиҳад? Хабарнигори «Озодагон» дар робита ба ин бо котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  Фаридун Маҳмадалиев ҳамсӯҳбат шуд.



Озодагон: Тавре хабар доред, лоиҳаи қонуни «Хизмати алтернативии шаҳрвандӣ»пешниҳод шудааст . Оё Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин қонунро ҷонибдорӣ мекунад?

Фаридун Маҳмадалиев: Албатта чунин пешниҳод аз ҷониби як созмони ғайридавлатӣ анҷом шуда ва аз тарафи Вазорати мудофиа лоиҳаи хизмати алтернативии шаҳрвандӣ пешниҳод карда нашудааст. Аммо Вазорат ҷонибдори чунин шакли хизмат ва шаклҳои дигари хизмат ҳаст ва дар ин самт корҳоеро низ анҷом дода истодаем. Бояд ба инобат гирифт, ки барои анҷоми ҳар коре аввал шароитро муҳайё сохтан лозим.

Озодагон:
Ба назари Шумо чаро ин мавзӯъ матраҳ гардид? Шояд шумораи нафароне, ки хизмати алтернативӣ кардан мехоҳанд зиёд аст ё ба хотири ғанӣ кардани буҷет ва ё ниёзи мардуми кишвар ба пешниҳоди  хизмати алтернативӣ боиси чунин пешниҳод гаштаааст?

Фаридун Маҳмадалиев:
Масъалаи ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби бо пуррагӣ, ё ин ки тамоман фаъолият накардани корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ номумкин мебошад, чунки онҳо наметавонанд сари вақт шаҳрвандони ба хизмати алтернативӣ даъватшавандаро ба кор таъмин намоянд.

Озодагон:
Агар ин лоиҳаи пешниҳодӣ пазируфта шавад оё метавонед гуфт, ки як нафар барои анҷоми хизмати алтернативӣ чи қадар маблағ бояд супорад?

Фаридун Маҳмадалиев:
Дар мавриди барои адои хизмати алтернативӣ маблағи муайян супоридани шаҳрванд, танҳо оилаҳои шахсони сарватманд метавонанд маблағи муайяншударо супорида, аз хизмати ҳарбӣ озод шаванд ва ин тартиб барои даъватшавандагоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъват мешаванд, бетаъсир намемонад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷавон буда, бояд барои адои хизмати ҳарбӣ даъватшавандагони ҷисман солим, соҳибмаълумот ва соҳибкасб даъват карда шаванд, ки ҳалли ин масъаларо дар шароити имрӯза танҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ  ва хизмати ҳарбӣ» таъмин карда метавонад.

Новобаста аз ин дар Раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори Вазорати мудофиа барои ҳалли масъалаи ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ, таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Конфронси илмие, ки бо иштироки намояндагони якчанд (Русия, Молдова) давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил рӯзи 14 июни соли равон дар кохи Ваҳдат баргузор шуд ба қабул ва амалӣ намудани хизмати алтернативӣ бахшида шуда, баҳри ҳалли мусбии ин масъала заминагузорӣ карда шуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)