Бахшҳо
27 окт 2011 06:09Дидгоҳи хос

Бозгашт

Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст, аммо муҳим он аст, ки ин бозгашт чӣ гуна ва бо кадом "шева" сурат мегирад.

Билахира бузургтарин мубориз алайҳи султаи аҷнабиён дар олами араб, бузургтарин диктатори Либӣ пас аз ҳукмронии 42 сола дар ин кишвар кушта шуд. Сардамдорони олами сармоя, ки ҳазорҳо километр аз Либӣ дур буданду мехостанд нафти ин кишварро соҳибӣ кунанд, пас аз даҳҳо барномаи чандмиллиондолларӣ барои аз байн бардоштани Муаммар Қаззофӣ ба мақсади худ расиданд. Сарҳанг Қаззофиро шӯришиёни Либӣ, ки аз қабилаи мухолифи ӯ буданд, ба таври бераҳмона ба қатл расонданд. Шояд ҳеч як раҳбари дигар дар олами араб мисли Қаззофӣ роҳе пур аз шебу фарозро напаймуда бошад. Қаззофӣ барои бархе қаҳрамон буду барои гурӯҳи дигар диктатор. Ҷои шак нест, ки поёни ҳама гуна диктатура нобудисту заволи диктатор. Аммо таърих кам ёд дорад, ки диктаторе то ин ҳад аз назари таъмини иҷтимоӣ барои мардумаш рифоҳу маишат фароҳам карда бошад. Гузашта аз ин ҳатман рӯзе асрори пушти пардаи фаъолияти хориҷиҳо дар Либӣ барои аз байн бурдани сарҳанг Қаззофӣ ошкор хоҳад шуд ва баъид нест, ки он ҳангом ӯро ба сифати қурбонии дасисаҳои бегонагон як қаҳрамон бишносанд.

Ба ҳар сурат куштани инсоне, новобаста аз ҷиноятҳои содиркардааш, ба ин таври фаҷеҳ пушти по задан ба ҳама меъёрҳои ахлоқист. Шӯриш дар Либӣ ба ҳеч ваҷҳ талош барои демократия нест, балки даргирии байниқабилавист. Маълум нест, ки ин ихтилофҳои қабилавӣ то кай идома хоҳад дошт ва бар изофаи он, агар манфиатҳои яке аз он хориҷиёне, ки ҷанг дар Либиро сармоягузорӣ карданд, таъмин нашавад, ба оташи даргириҳо доман хоҳанд зад. Албатта, ин ҳама метавонад бардошти яксӯя ва ё тахмине арзёбӣ гардад. Аммо ҳаводиси Либӣ чӣ сабақе барои мо метавонад дошта бошад? Ин пурсишест, ки бояд ба он посух ҷуста шавад.

Ҳамон кишварҳои ғарбӣ, ки шӯриш дар Либӣ ва чанд кишвари дигарро сармоягузорӣ ва пуштибонӣ карданд, ҳамеша ва бо баҳонаҳои мухталиф аз тариқи ниҳодҳои расмиву ғайридавлатӣ эълон мекунанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низомҳои худкома, душмани озодӣ, қабилагаро ва … ҳукмронӣ доранд. Аз сӯи дигар сатҳи рифоҳ ва маишати мардуми ин минтақаро бо зиндагӣ дар Либӣ муқоиса кардан воқеан кори хандаовар аст. Вале дар ҳамон вазъ ҳам гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки ба вазъи мавҷуд эътироз доштанд ва бегонагон ин эътирозро ба мавҷе табдил доданду мавҷсаворӣ карданд. Оё тазмине ҳаст, ки чунин мавҷи эътирозро падид овардан дар минтақаи мо ғайриимкон аст?  Охир вақте алайҳи шахсияте, ки дар раҳоӣ ёфтани кишвар аз султаи бегонагон нақши раҳбарӣ дошт, як сарзамини парешон ва иборат аз қабилаҳои бо ҳам даргирро ба ҳам оварду Либии мустақил сохт, чунин шӯрише ташкил карда тавонистанд, дар минтақаи мо намешавад? Сатҳи рифоҳ дар Либиро огоҳон болотар аз ҳар кишвари ғарбӣ медонанд. Гузашта аз ин ҳама, имконоти молии Қаззофӣ ва ҳукумати ӯ ба ҳеч ваҷх бо имкони раҳбарону ҳукуматҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қобили муқоиса набуду нест. Агар ин ҷо аксари тарҳу барномаҳоро бар пояи гранту қарзу бахшишҳои давлату ниҳодҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд, Қаззофӣ он ҳамаро аз ҳисоби дороиҳои кишвараш мекард ва беш аз ин барои дигарон низ ёрӣ мерасонд. Ба ҳар сурат хатар мисли шабаҳе дар фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ мечархад. Шояд ин суол матраҳ шавад, ки роҳи бурунрафт аз ин вазъ чист? Албатта ҷавобро дигарон бояд бигӯянд. Инҷониб як рӯзноманигор асту бас ва рисолати ману афроде аз қабили ман мисли оина инъикос додани падидаҳову ҳаводиси ҷомеа мебошад. Ва дар охир: Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст, аммо муҳим он аст, ки ин бозгашт чӣ гуна ва бо кадом "шева" сурат мегирад.

Зафари Сӯфӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)