Бурҳонидин Раббонӣ аз ҷумлаи он нафароне буд, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат аз сулҳ мегуфт ва роҳҳои расидан ба мусолиҳаи миллиро пешниҳод мекард. Мутаасифона, марҳум қудрати сиёсӣ ва афзори қавӣ барои амалигардонии ин тарҳро дар даст надошт. Дар ин бора Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик зимни як ҳамойиш, ки аз ҷониби нашрияи «Миллат» ва Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» сурат пазируфт, иброз кард. Номбурда аз қабили он коршиносонест, ки зимни ин конфронс қайд кард, ки ба толибон набояд зиддият нишон дод, балки ҷониби Тоҷикистон онҳоро бояд ба сулҳ даъват намояд: « Тоҷикони Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд амалгаро бошанд. Мо тоҷикон бояд ҳаракат кунем бо истинод ба таҷрибаи худамон ҳамаи тарафҳои даргири Афғонистонро ба сулҳ даъват кунем, аз ҷумла толибонро. Вазифа ва рисолати тоҷикон аслан ҳамин бояд бошад. Гузашта аз ин, мо ҳамчун давлати мустақил бо ҳама нерӯе, ки дар Афғонистон ҳастанд пайваста дар робита бошему онҳоро- хусусан, толибонро ташвиқ намоем, ки вориди сулҳ шаванд. Агар худо накарда бо ягонтаи онҳо зид шавему пагоҳ онҳо сари қудрат биёянд ва соҳиби давлат шаванд, баъдан чӣ тур метавон ба онҳо робита кард. Коре, ки дар Афғонистон аст, кори худи афғонҳо аст ва сулҳе, ки мекунанад худашон мекунананд, ҷанге, ки мекунанд худашон мекунанд. Дар ин росто лозим аст мо фақат гуфтушуниди сиёсиро бештар кунем». Вале зимни ин нишаст коршиносоне буданд, ки бо толибон сулҳ карданро қабул надоштанд. Зеро ба гуфти ин қабил соҳибназарон, толибон ба ғайр аз тафаккури қабилагароӣ, дигар ба чизе балад нестанд ва гузашта аз ин онҳо дар тафаккури шаддиди феодалӣ ғӯтавар ҳастанд, ки бо ба сари қудрат омадани онҳо он бадбахтиҳое, ки таърих шоҳид аст, боз такрор мешаванд. «Худо накарда, агар толибон дар Афғонистон сари қудрат оянд, чӣ амалҳоеро пиёда мекунанд. Толибон соли 2001-ум нисфи ӯзбакҳоро дар Афғонистон куштанд ва онҳо «генотсид»-и дараҷаи олӣ буданд, пас чӣ гуна метавон ба онҳо сулҳ кард»,- суол медиҳанд соҳибназарони дигар.
Бомҳо яку ҳаво ду
Давлат Усмон, яке аз роҳбарони собиқи ИНОТ мегӯяд, агар мо ба корҳои дохилии Афғонистон бештар дахолат кунем, худи ҳамон оташро ба ин ҷо меорем, ки дар ин ҳеч ҷои шакку шубҳа нест: « Агар мо гӯем, ки рафта дар Афғонистон онҳоро дифоъ мекунем, ҳамон ҷангеро, ки намехоҳем, кашида ба Тоҷикистон меорем. Яъне, мавзеъгирии шадид корро ҳал намекунад. Мо метавонем, ки дар ин масъала ҳатто миёнҷӣ шавем».
Аслан мавзӯъи меҳварии ҳамойиш- «Авзои Афғонистону минтақа пас аз террори Устод Раббонӣ» буд. Шамсулҳаққи Ориёнфар, атташеи фарҳангии сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳоло эҳсос мешавад, ки дар набуди устод Раббонӣ нооромиҳоро дар шимол бештар бикунанд, шояд нооромиҳо дар Осиёи Миёна низ сар зананд: «Чун Раббонӣ як шахсияте буд, ки манофеъ ва оромии минтақа, хусусан Тоҷикистонро ҳифз мекард. Аз нигоҳи низомӣ Афғонистон танҳо худ метавонад ба толибе, ки ҳоло дар баробари НОТУ ва Амрико бечора шудааст, мубориза барад. Ҳамин 40 кишваре, ки ҳоло ба Афғонистон омадаанд дар пушти толиб буданду онҳоро ҳимоя мекарданд. Ҳоло ин кишварҳо аз бари толиб ҷудо шудаанд ва аслан вуҷуд надорад, ҳамун толиб. Агар мудофеаш набошад, толиб маҷоли будан чӣ, истодан надорад. Вақте ки дунё мехост, Афғонистонро ба воситаи толибон ишғол кунад, Аҳмадшоҳ Масъудро зери фишор қарор доданду тамоми нируҳоро ҷамъ карда, ахиран ӯро нест карданд.Устод Раббониро низ мисли Масъуд, агар ҷисман нест кардаанд, вале ҳар минтақаву вилояте, ки равем ҳоло фикру роҳи Масъуд ва Раббонӣ вуҷуд дорад. Қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки ба Афғонистон барои касе наомадаанд ва як манфиате доранд, дар шаҳодати устод Раббонӣ манфиатдор буданд». Сайфулло Сафаров, муовини директори маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, фалсафаи сулҳи Раббонӣ сулҳи боадолат буд. Номбурда қайд кард, ки устод Раббонӣ бо Покистону толибону ба ҳар касе, ки сулҳ мекард, мехост ин сулҳ ба манфиати миллати Афғонистон бошад: « Дар як сӯҳбатамон бо устод Раббонӣ аз чӣ гуна ба даст овардани сулҳ дар Тоҷикистон сухан кардам ва маълум гардид, ки қисман ба таҷрибаи сулҳи мо он кас шинос ҳастанд ва аз он механизми сулҳе, ки мо ба даст овардем, барои Афғонистон он қадар қобили қабул набудааст, зеро шароит ва омилҳо дар он ҷо дигар будааст».
Осиёи Марказӣ пешорӯи давраи ҳассос
Ба қавли Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили МН, ҳамзамон муовини раиси ҲНИТ, он нерӯе, ки толибонро идора мекунад, акнун дар Афғонистон қавитар мешаванд ва бояд дар Осиёи Миёна роҷеъ ба ҳифзи ин гуна хатарҳо барномаҳои худашонро дошта бошанд. Сайидумар Ҳусайнӣ иброз медорад, ки толиб шояд як нерӯест, ки барои нооромиҳо истифодаашон мебаранд: « Барои ман ҳайратовар ин аст, ки ин нерӯи бузурге, ки толибаш мегуфтанд, ба муҷарради ворид шудани Амрико ба ин сарзамин яку якбора ин нерӯ гум шуд. Баъзеҳо мегуфтанд, об шуду рафт таги замин. Бинобар ин шояд ин як нерӯе бошад, ки барои нооромӣ истифода бурда шавад. Шояд ин хатар ба кишварҳои Осиёи Миёна ҳам бигузарад. Ин чизро аз эҳтимол дур набояд донист». Ба гуфтаи Давлат Усмон, Афғонистон тӯли як аср аст, ки ба як майдони футбол ё чавгон ба бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст. Ӯ илова намуд, ки ин набарде, ки дар Афғонистон идома дорад, дар ин ҷо шояд номи толиб вуҷуд дошта бошад. Мардуме, ки дар сарзамини Афғонистон зиндагӣ доранд, новобаста аз кадом миллат буданашон таҳаммул надоранд, як хориҷиеро, ки ба зӯрӣ омадаасту дар дасташ силоҳ дорад. Албатта, имрӯз як вазъияти хасос барои кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, афзуд Давлат Усмон.
Ду шахсияте, ки девори Афғонистон буданд…
Сиёсатшинос Меҳмоншо Шарифзода бошад, бар ин назар аст, ки тухми терорро дар Афғонистон асосан ИМА пошидааст ва террорро ҳоло дар ҳар ҷомеаи ҷаҳонӣ метавон пайдо карду ба шевае истифода намуд. Ба қавли ӯ, барои он шахсиятҳоеро, чун Масъуд ва устод Раббонӣ ба қатл мерасонанд, ки ин шахсиятҳо болои арзишҳои динӣ, номусӣ ва миллӣ арҷ мегузоштанд: «Шахсиятҳое буданд, ки метавон гуфт, ки як ҷомеаву фарҳанги навро метавонистанд дар Афғонистон пиёда кунанд.Шахсиятҳое буданд, ки чун девор дар роҳи паҳн шудани арзишҳои ғайр меистанд. Дар Афғонистон роҳи наҷот ин аст, ки онҳо арзишҳои барои худашон бегонаро набояд роҳ диҳанд, имконияти дар дигар ҷомеа паҳн шудани толибонро надиҳанд, имконият надиҳанд, ки бархӯрди тамаддунҳо дар вуҷуди мардум пайдо шавад. Имрӯз мавҷи дуюми бозӣ дар Осиёи Миёна рафта истодааст, ки баъзе гурӯҳҳо мехоҳанд арзишҳои худашонро пиёда кунананд. Умед аст, ки дар ҷомеаи солиму обод толибон ҳеҷ вақт ғалаба карда наметавонанд».
Алишер Зарифӣ
Мӯҳр« Июн 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 |