Бахшҳо
12 авг 2011 06:07Иҷтимоӣ

Табобат бо шеваи «Хозрасчёт»

Ҳамин ҳафтаҳои охир бо таассуфи зиёд иттилоъ гирифтам, ки дар вилоятҳои бузурге, чун Бадахшони кўҳӣ ва Хатлон дастгоҳи ташхисии рентгении томографӣ вуҷуд надоштааст.


Ва ин ҳам дар миёнаҳои қарни ХХI дар кишваре, ки 20 сол боз аз ҳавои истиқлолу мухторият нафас мегирад. Ҳамакнун ин мушкилот, чандин азобҳои сангину шоққаеро бар ин «дард» ташвишҳои фаровони дигареро бар сар дорад, ҳамл намудааст. Ҷавҳари сухан ин аст, ки Худо накунаду бемору маризи кўлобӣ ё қурғанӣ ба ваҷҳи вазнинии дардаш чун иттифоқ афтад, ки ҳароина аз ташхиси томографӣ гузарад, мебояд масофа ва мароҳили дучандеро тай бинмуда, ба пойтахт – Душанбе ояд ё аз ҷониби табораш оварда шавад.

Дар боби мардуми Вилояти Бадахшони кўҳӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Ва аммо гўянд, ки «ташна хоҳ – нохоҳ лаби дарё ояд», баҳри тансиҳативу талоши ҳаёт интиҳо бемор роҳҳои тўлониро ҳам тай ва пушти сар месозаду ба ҷойи зарурӣ меояд. Дар ҳар сурат, зиндагии инсонҳо баҳри пойбарҷо будани солимӣ ва саломатию беҳдошти бадан будааст. Лек шароиту замина ба хотири ҳифзу нигаҳдошти саломатии раъият дар мамолики пешраву мутамаддини олам доиман дар мадди аввал истодаву ҷойгоҳи бузургеро соҳиб будааст. Дар Тоҷикистон низ бо расидан ба истиқлолият гўё ба гунае муносибатҳои ҷадиди иқтисодӣ роҳандозӣ гардиданду мегарданд.

Қаблан дар замони Ҳукумати Шўравӣ табобату муолиҷа ройгон будаву аз ин ҷиҳат раъият заҳмату мушкиле надоштанд. Аммо кунун дар заминаи иқтисоди бозаргонӣ ё капиталистӣ (ҳарчанд аз он ҳама абзору самту равишҳо дараке нест) муолиҷаи беморон бо маблағҳои муайян ба роҳ монда шудааст. Ва оё ин шеваи корбурди бемористону марказҳои саломатӣ воқеан ҳам ба талаботу низоми замони нави бозаргонӣ ҷавобгў будааст ё на? Агар то ҷое ҷавобгў бошад, чаро чун фарду ашхосе бо мўҷиби беморӣ ба шифохонае муроҷиат карданӣ шавад, ҳатман дар гирдоби ғаму ташвишҳо меафтад?!

Чаро ба сабки маъмули тоҷикӣ дар пайи ҷустуҷўйи «шиносҳо» мегардад? Ва чаро филфавр, боз ҳам шабеҳи як дарди бедаво ҳамдеҳагону ёрон чун бо ў бархўрд кардаву аз вазъи ба сараш омада огаҳӣ ёбанд, аз ў мепурсанд, ки агар ба фалон бемористон равон шуданӣ бошӣ, ягон «духтури шинос» ёфтаӣ ё хайр?! Чаро бояд чунин як вазъи ноҷўру нохуб ва то андозае риққатбору шармовар дар ҷомеа доман густурда бошад? Суол ин тавр меистад: агар ба муносибатҳои замони капиталистӣ ворид шудаему аз ин боб тантанаҳо мекунем, пас боястӣ тибқи ҳамон талаботи айём, чунонки дар ҳама гуна кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст, амал кунем, на чизи дигар. Ва аммо...

Кору амалҳои мутасаддиёну масъулон ва пизишкону сардухтурони бахши аъзами бемористонҳо ба низоми ҷадиди иқтисодӣ посухгў намебошад. Зиёда аз ин, ҳама кор (манзур пардохти маблағи табобат аз ҷониби маризон) на ба таври қонунӣ, балки аз даст ба даст анҷом мепазирад. Аҷиб ҳолатест: бемору маризе ҳоло акнун аз дарвозаи бинои бемористоне даромадаву аз вазъи бади сиҳатии хеш тафсилот рўйи коғаз меорад, ё худи пизишки масъул коғазҳои зиёдеро навиштаву пур карда, ба ў месупорад: таърихи касалӣ ё чуноне дар беморхонаҳо гўянд: «история болезни».

Ва ҳатман аз ҳамин лаҳза супурдани маблағҳо шурўъ мегардад. Фарзи мисол баҳри ҳамин коғазҳои навишта 10 сомонӣ талаб мекунанд. Мову шумо ин ҳоли талху ғамангезро борҳо аз сар гузаронидаем. Пул талаб мекунанд? Мекунанд! Ва мебарорему бо ду дасти адаб медиҳем. Муҳим шифо ёфтани беморамон буда! Ва мо дарунакӣ месўзему месўзем ва маблағи бо азобҳои алим ҷамъовардаи хешро мебарорему медиҳем. Медиҳем, чун роҳи дигар надорем!
Ва аммо бо ин халос намешавем. Пас-он барои ташхиси хуну пешобу дигару дигар омилҳо маблағ мехоҳанд. Мебарорему медиҳем. Кормандони бемористон мегўянд: мо ба шеваю усули «хозрасчёт» гузаштагӣ, маҷбурем, ако ё хоҳар (апа). Боз ҳам маблағ аз даст ба даст мегузарад. Ва бад-ин равиш кор то ба муолиҷа ё ҷарроҳӣ мерасад. Аз хусуси хариди доруву сўзанҳо чӣ бигўем, ки ҳамаи он бар дўши соҳибони бемор ҳавола карда шудааст.

Боре ба мўҷиби беморӣ ин ҳама хароҷотро ҳисобу китоб намуда, рақам задаед? Кас гоҳо дар ҳайрат мемонад, ки дар як фосилаи начандон тўлонӣ ин қадар пулро (хайр, масалан 700-800$)-ро чӣ тавр аз даст додааст. Хайрият, кадом фарзандаш дар Русия машғули мардикорист ва пулҳои бо машаққату таҳқирҳои зиёди аҷнабиёну бегонагон кор карда ёфтаашро баҳри табобати падар, модар ё бародару хоҳараш фиристодааст.

Аҷобати дигар боз дар он аст, ки духтур ё пизишки муолиҷакунанда ҳатман ба хотири кори анҷомдодааш маблағи пардохтро дар шакли доллар талаб мекунад. Чаро доллар? Пули тоҷикӣ-сомониро чӣ шудааст? Ва баъди ин ҳам бемор, саҳеҳтараш соҳибони он, боз пулро бароварда месупоранд: аз даст ба даст. Ва ин ҳаводиси маъмулии рўзмарраро ҳама мебинем, мушоҳида мекунем ва... ҳарфе намегўем. Намегўем, ки бародарон, дар дигар билоду мамолики олам магар бо чунин наҳва маблағи табобатро пардохт мекунанд?

Дар табобату муолиҷа ва ҷарроҳӣ вобаста ба гурўҳи бемориҳо маблағ дар асоси як чунин дастуруламале супурда мешавад. Касе он санаду дастурҳоро дидааст ё не? Чаро маблағ ба хазинаи махсус (касса) аз рўйи меъёрҳои муайян супурда намешавад? Чаро бояд аз даст ба даст дода шавад? Чӣ, магар ин ҷо беморхона неву кадом як бозори мол буда? Ба ҳамшираи шафқат фалон миқдор пул, ба дарбони навбатдор, ба духтури басти шабона, ба... фалону фалон корманди дигар бисупору бисупор. Санад ку? Адлу инсоф куҷост?!

Шояд табибону пизишкон айбе надошта бошанд ва кулли духтуронро ба беинсофӣ гунаҳкору муттаҳам кардан низ ба ҳақиқат рост намеояд ва худ камоли ноинсофист. Аммо шеваи коргузорию хидматрасонии бемористонҳо вақт аст ислоҳ ва тағйир бипазирад. Раҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ боре иброз доштанд, ки беморхонаҳо пулакӣ мешаванд. Гуфтанд ва... баъд оромӣ ҳукмфармо гардид, тақдири он изҳорот чӣ шуд, номаълум.

Аммо аксари мардумро ин хабар хурсанд накард. Чаро? Зеро эшон ба сидқи иҷрои дастандаркорони ин фармон чандон эътимоду боварӣ надоранд. Чанд ҳамсўҳбати мо перомуни ин масъала фикр ронда, баён доштанд, ки хоҳ-нохоҳ ғайр аз пардохти маблағи зарурии қонунӣ ба духтурон алоҳида ҳаққи хизматашонро бароварда, боз ҳам бо ду дасти адаб месупорӣ. Ин ки ҳаққи хизмати онон қонунан камтар хоҳад шуд, як афсонае беш нест. Ба ҳар сурат, дурнамои ин масоили доғ норўшан боқӣ мондааст.

Масъалаи дигаре, ки ҳамарўза ба чашм бармехўрад, фурўши дорувориҳо дар дорухонаҳост. Ман, шахсан, кам андар кам дучор шудаам, ки нархи доруҳо ба таври мушаххас дар ягон дорухона навишта шуда бошад. Ба шумо дору даркор, марҳамат ба дилхоҳ дорухона муроҷиат намоед. Бароварда медиҳад ва бо калкулятор ҳисоб мекунаду ҳисоб ва яке нархашро мебарорад: фалон сомонӣ. Лек касе намедонад, ки баҳои ҳар як дору чанд сомонӣ будааст, чун худи нархномаҳо мавҷуд нестанд. Мавҷуд нестанд, тамом-вассалом.

Ба назар чунин мерасад, ки Вазорати тандурустӣ, раҳбарону масъулони он то аз ҷониби мардум шикоят ё бонги додхоҳӣ баланд нагардад, аз пайи тафтишу тафаҳҳус ва чораҷўӣ намешаванд. Вагарна, чаро масъулони ин даргоҳ наметавонанд кори дорухонаҳоро боре бисанҷанд? Наход дору нархнома надошта бошад? Ё зарурате ҳаст, ки монанди шикояти як зан аз болои дандонпазишкон тафтишҳои вижа гузаронида шудаву чандин клиникаҳо ба маҳзи риоят нанамудани қоидаҳои санитарию гигенӣ баста шаванд? Ва бадтар аз ҳама, тибқи гузориши агентии раёсати мубориза бо коррупсия Вазорати тандурустӣ дар рўихати аввали фасодзадатарин ниҳод ҷой гирифтааст? Чаро?

Боз меоем сари набудани дастгоҳҳои ташхиси рентгении томографӣ дар вилоятҳои кишвар. Як корманди тиб арз дошт, ки хариди чунин дастгоҳҳо маблағи зиёдеро талаб мекунанд ва пиёдасозии ин амал кори саҳле нест. Наход? Магар саломатии инсон аз ҳамаи ин маблағу сарвати олам болотар намеистад? Магар ин баҳона мешавад? Атрофи тарбияти пизишкони соҳибихтисос бояд фарохтар сухан ронд. Оё воқеан ҳам кишвари Тоҷикистон бо ҷавонпизишкони соҳибистеъдод ва дорои тафаккури интеллектуалӣ комилан таъмин аст? Суоли матраҳ ё мавзўи баҳси дигарест, албатта!

Шодӣ МАЛАХЗОД,
«Озодагон»{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)