Бахшҳо
17 ноя 2011 05:10Дидгоҳи хос

Мавқеъ

Бояд роҳи бурунрафт аз вазъи мавҷудро ҳар чи зудтар пайдо кард. Ба ватан баргаштани муҳоҷирон дар асли худ фоҷеа нест.

Имрӯз ҳама аз боздошти халабонҳову ҳукми додгоҳ нисбати онҳо сӯҳбат мекунанд. Шояд таи чанд муддати ахир ҳеч мавзӯъе ба ин ҳад расонаӣ ва фарогир баррасӣ нашуда бошад. Ин расонаӣ шудани мавзӯъ ҳар лаҳза бештар ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия асари номатлуб мегузорад. Ба назар мерасад асроре пушти парда ҳаст ва чи ҷониби Тоҷикистон чи ҷониби Русия намехоҳанд онро ошкор кунанд. Ин норушанӣ боз ҳам пеш аз ҳама вазъи муҳоҷиронро норушантар мекунад. Гузашта аз ин, ҷолибтарин нукта дар ин қазия он аст, ки баррасиҳо ба ҷои посух пайдо кардан ба пурсишҳо боз саволҳои беҷавоберо боис мегарданд. Зеро то ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон ё натавониста тарафи муқобилро мутақоид намояд, ки боздошти халабонҳо ва ҳукми зиндон нисбати онҳо, бар асоси далели муътамад ва бар пояи қонун буд, ё онро тарафи Русия намехоҳад бипазирад. Аммо иллати напазируфтанашро ҳам намехоҳад равшан баён дорад. Яъне чаро иқдоми як кишвари мустақил нисбати афроде, ки қонунҳои ин кишвар ва меъёрҳои байналмилалиро зери по кардаанд, ба ин ҳад дар Русия бо ҳассосият пазируфта шуд? Аз сӯи дигар оё воқеан амали халабонҳо нақзи қонун буд ё идомаи як фаъолияти давомдор? Оё ҳукумати кишвар дар қиболи ин қазия дар ҳамон мавқеъи аввалия, яъне волоияти қонун, пофишорӣ хоҳад кард?

Дар ин миён мавқеъи гуногун нисбати қазия баён мешавад. Бархе ҳатто пои ғурури миллӣ ва арзишҳое аз ин дастро ба миён кашида бо эҳсос ҳарф мезананд. Ҳарчанд афкори умумӣ дар кишвар дар пуштибонӣ аз як мавқеъи ягона шакл нагирифта, аммо мушоҳида мешавад, ки ин падида дар Русия сурат пазируфтааст. Шояд иллати аслӣ он бошад, ки василаҳои созандаи афкори умумӣ дар Тоҷикистон натавонистанд рисолати худро анҷом диҳанд? Албатта дар ин маврид боз як бори дигар масъалаи дастрасӣ ба маълумот матраҳ мешавад. Ҳарчанд дар Русия ҳам наметавон иддао намуд, ки ҳамаи талош барои ҷалби афкори умум ба ин мавзӯъ дар ростои анҷоми рисолат сурат пазируфта бошад. Он ҷо иддаоҳои беасос ва бозӣ ба эҳсосотро метавон ба роҳатӣ мушоҳида кард. Албатта ин падида метавонад як навъи дар коргоҳи рангрезии сиёсат рангомезӣ кардани мавзӯъе арзёбӣ шавад ва ҳарф сари хубӣ ё бадии он ҳам нест. Ин шева борҳову борҳо дар ҷойҳову лаҳзаҳои мухталиф ба кор гирифта шудаанд. Муҳим он аст, ки аз ин рангомезӣ кӣ ва бо чи ҳадафе баҳрабардорӣ мекунад ва кӣ ё киҳо аз он мавриди зарба қарор мегиранд. Охир ин ҳақиқат бебаҳс аст, ки сиёсат бозии манфиатҳост.

Ҳарчанд тавҷеҳоте аз сӯи бархе мақомоти Русия ироа шуд, аммо воқеъият ин аст, ки аввалин ва ҷиддитарин зарба бар асари ин қазия ба заҳматкаштарин, бепаноҳтарин ва дар ин қазия бегуноҳтарин қишри ҷомеа, яъне муҳоҷирони кории тоҷик, расид. Ҳоло пурсиши муҳим ин аст, ки оё вокунишҳо ва мавқеъгириҳои эҳсосотӣ метавонанд дар ростои беҳбуди вазъи муҳоҷирон тадбире созанда бошад? Охир шумори онҳо беш аз як миллион аст ва ин азизон шояд беш аз 60 дар сади хонаводаҳои Тоҷикистонро аз назари молӣ таъмин кунанд. Воқеан ҳеч манфиати шахсе ё гурӯҳе арзиши онро надорад, ки манфиати беш аз ними мардуми як кишвар зарба бихӯрад. Ҳатто ҳеч қонун ҳам қадосат надорад, агар бар алайҳи манфиати мардум бошад.

Бояд роҳи бурунрафт аз вазъи мавҷудро ҳар чи зудтар пайдо кард. Ба ватан баргаштани муҳоҷирон дар асли худ фоҷеа нест. Аммо инсоне, ки дар ватани худ ба ҷои кору зиндагии муносиб таъмин нест, эҳсоси бегонагӣ мекунад, ки ин фоҷеа аст ва фоҷеа ба бор меорад.

Зафари Сӯфӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)