Бахшҳо
02 дек 2011 04:52Гузориш

1 Пурсиш = 7 Посух

Мо дар Тоҷикистон патенсиали зеҳнӣ дорем, лекин он дар Тоҷикистон истифода намешавад.

Аз чӣ бояд ифтихор кунем?

Бист сол аз истиқлоли Тоҷикистон мегузарад. Дар ин муддат халқҳои бодияшин миллат шуданд, давлатҳои пурқудрат сохтанд. Шаҳрҳои замонавӣ бунёд карданд, соҳиби низоми пешрафтаи маориф ва тандурустӣ гардиданд. Аммо ҷумҳурии мо оҳиста -оҳиста ба ҷои пешрафт дорад қафо меравад. Аввал системаи гармидиҳӣ аз байн рафт, баъд газ "гум" шуд, ҳоло барқ намерасад. Корхонаҳои саноатӣ қариб ба пуррагӣ аз кор монданд… Бо таваҷҷӯҳ ба ин "Озодагон" ин ҳафта аз коршиносон пурсид:

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ

Мушаххастарин сифате, ки Тоҷикистон метавонад аз чунин фарзандон ва шаҳрвандон фахр кунад, ин босабру таҳаммул будани тоҷикон ва мӯътадил будани онҳо дар ҳама корҳост. Чӣ дар дин ва чӣ дар сиёсат мардуми тоҷик хеле мӯътадиланд. Фикр мекунам, ки ин сифати аз ҳама беҳтари миллати мост. Бо назардошти он ки мардуми тоҷик хеле боҳушанд ва аз рӯи фитрат патенсиали бузурги зеҳнӣ доранд, вале дар ҳоли ҳозир мо наметавонем аз рушди имрӯзаи миллат, ҳатто фарзандони алоҳидаи миллат фахр кунем. Агар шароит даст диҳад ва муҳит созанда бошад ҳатман миллати тоҷик ақлҳоеро тарбия хоҳад кард, ки номбардори миллат хоҳанд шуд. Ҳамчуноне, ки дар гузашта мо дар соҳаҳои гуногун, адабиёт, фалсафа, тиб ва ситорашиносӣ нобиғаҳоро доштем. Вале шароит, ки имрӯз миллати тоҷик дорад, барои парвариши як нобиға кофӣ нест. Ман фикр мекунам, ки бо таърих бояд фахр кард, вале набояд зери бори таърих қарор гирифт. Балки бо пайравӣ аз онҳо имрӯзу ояндаи худро бисозанд ва беҳтар шаванд. Чун ҳамеша зери бори таърих мондан ва таърихзадагӣ худ як навъ халлоқияти фикрро мекушад ва монеаи рушди инсон ва ҷомеа мегардад. Бинобар ҳамин ман ифрот дар таърихзадагӣ ва ифтихор ба гузаштаро рад мекунам ва онро дар як ҳадди муайяну мантиқӣ қабул дорам ва зарур ҳам мешуморам.

Раҳматилло Зойиров, роҳбари ҲСДТ

Албатта мо аз гузаштагони худ ифтихор мекунем ва бидуни ин буда наметавонад. Зеро ин ҳуввияти миллии мост. Лекин аз зиндагии феълиямон ифтихор карда наметавонем. Ифтихор кардан бояд аз рӯи натиҷаи фаъолияти имрӯза сурат гирад, на ин ки бо гузаштагон ё номи онҳо. Боиси ифтихор аст, ки ин ватанро дорем, лекин онро хор кардем. Мо ватандорем, аммо агар ватан зинда мешуд аз мо ифтихор намекард. Имрӯз ватани мо бо шаҳрвандону фарзандони худ ифтихор карда наметавонад. Вале ҳама чиз нисбист. Аз гузаштагон ифтихор бояд кард, лекин ҳуввият на ҳама вақт ифтихор буда метавонад. Имрӯз агар сохтмонҳои барҳавову гигантомания бунёд мешаванд, ин дар оянда хотираи таърихӣ мебошад. Имрӯз ягона чизе, ки мо аз он ифтихор карда метавонем, ин гуфтушунид ва созиши байни тоҷикон аст. Лекин агар решаи низоъро ёфта бароем, ки сабаби аслии низои миёни тоҷикон худи мо бошем, ин боиси ифтихор нест. Як ифтихори дигар ҳаст, ки он ҳам нисбист. Мо дар Тоҷикистон патенсиали зеҳнӣ дорем, лекин он дар Тоҷикистон истифода намешавад. Имрӯз дар генетикаи тоҷикон патенсиали интелектуалӣ ва иҷтимоӣ ҳоло вуҷуд дорад. Барои вайрон шудани генетика бояд якчанд насл гузарад. Дигар намедонам, ки дар Тоҷикистон боз аз чӣ ифтихор кунем. Барои он ки тоҷикон аз насли худ ифтихор кунанд, мардум бояд далер бошанд ва ҳаққу ҳуқуқи худро ҳам дарк намоянду ҳам ҳимоя кунанд. Имрӯз мо мегӯем, ки ҳокимияти давлатӣ амал намекунад, ин хато нест. Ҳокимияти давлатӣ дар дасти як шахс муҷассам гаштааст, ки ин ҳам ҷои баҳс надорад. Он нафароне, ки дар ҳукумати Тоҷикистон кор мекунанд, аксарият мутахассис нестанд ва барои барҳам додани ин нобасомониҳо ақли расо ҳам дорем, дарк ҳам мекунем. Лекин имрӯз дар ҷомеаи мо ҷасорати ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавқеи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Агар ба ҳамин комёб нагардем, ҳамеша қафо мемонем.

Зафари Мирзоён, донишманд

Ҳаким Фирдавсӣ бисёр бим дошт, ки Эрони бузург, ин замини паҳновар, ки мо ҷузъи он будем аз миён меравад. Вай мегӯяд, насли ояндаи мо шояд аз мо пурсанд, ки

Чу гетӣ дар оғоз чун доштанд,

Ки бар мо ҳаме хор бигзоштанд.

Яъне чӣ падарону бобоёне буданд, ки барои мо ин замини хорро гузоштанд? Аз ин ҳамеша тарс бояд дошт, ки мо барои насли оянда чӣ мерос мегузорем? Банда вақте ба хитаву кӯҳу дашту дамане, ки 20-30 сол пеш пур аз дарахту сарсабзу хуррам буд ва имрӯз мутаассифона, мо онро аз байн бурдем, менигараму суханҳои Ҳаким Фирдавсӣ ёдам меояд. Мо бисёр дарахтҳоро буридем ва ба супоришҳои сарвари давлат дар мавриди шинонидани дарахту ташкили боғ зоҳирнамоӣ мекунем. Як чӯберо мешинонем, ки дарахт шавад, лекин як сол баъд хушк мешавад. Худамон дарахт сабз накардем ва он ниҳолҳоеро, ки бобоёнамон шинонида буданд, нобуд сохтем. Ҳоло суоле пайдо мешавад, ки он фарҳанги анъанавиро, ки тайи ҳазор солҳо аз гузаштагон ба мо мерос монда буд оё нигоҳ дошта тавонистем? Ман гумон мекунам, ки инро ҳам мо ба таври шоиста ҳифз карда натавонистем. Як мисоли оддӣ меорам. Имрӯз барои фарҳангофарӣ кӯшишҳо карда мешавад. Лекин ба маънии фарҳанг ба истилоҳ култураи аврупоии рақсу суруду таронаро дар назар доранд. Рақсро то андозае ба ифрот расонидем ва рақси халқии мардуми Кӯлобро, ки баёнгари покдоманиву ҳаракатҳои мавзуну зебоӣ буд, аз байн бурдем ва ба назари ман ин рақсҳо ҳатто тобишҳои шаҳвонӣ гирифтаанд. Дигар дар рақс он назокату лутфу хиромидани занҳо нест. Гузаштагони мо ва ниёкони мо гароише ба китоб доштанд ва нисбат ба китобу коғази навишташуда эҳтиром қоил буданд. Аммо имрӯз касе китоб намехонад ва мо натавонистем, ки ин фарҳанги ниёконро ба наслҳои оянда расонем. Мо баъзе авқот ба худситоӣ расидем. Ҳамаро аз худ медонем ва худро бузург меҳисобем. Ҳатто наметавонем забонро, ки гузаштагони мо чун дурдона барои мо нигоҳ доштанд ҳифз кунем ва ба ояндаҳо мерос гузорем. Ва онро ба таври гӯиши мардумиву шеваи гутори музофотӣ пойин фуровардем. Мутаассифона, дар пайи як наҳзате нестем, ки забонро дубора дар сатҳи илмӣ боло бардорем.

Хайриддин Гуляев, коршинос

Дар чунин шароите, ки мо дар бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳатто бӯҳрони сиёсӣ қарор дорем, гуфтани он ки аз чӣ ифтихор мекунем, ба ростӣ хеле мушкил аст. Тақрибан ягон дастоварди назаррасе надорем, ки насли ояндаи мо аз он ифтихор кунад. Ягона ифтихор он аст, ки мо давлати худро дорем, ҳарчанд барои комилан мустақил шудани он ҳанӯз вақт лозим аст. Аммо ман хушбоварам ва умед ба ояндаи нек дорам, ки давлати мо ҳаматарафа истиқлолият ба даст меорад ва мо аз тоҷик будани худ ифтихор мекунем.

Нуралӣ Давлат, журналист

Бо гузашта бояд ифтихор кунем, аммо ин ифтихор бояд эътидол дошта бошад. Агар ҳамеша мо бо гузашта ифтихор кунем, ҳамеша ба гузашта нигоҳ кунем, пас пеш рафта наметавонем. Кишварҳое, ки пеш рафтанд, мисли мо таърихи кӯҳан надоранд, аммо онҳо бештар ба имрӯзу оянда фикр карданд, вале камтар пойбанди гузаштаи дури худ шуданд. Мо ҳам бояд дар бораи он фикр кунем, ки бояд чи гуна дастовардҳоро имрӯзу фардо соҳиб шавем. Ин масъулияти азимро талаб мекунад. Бо гузашта ифтихор кардан маънои онро дорад, ки бояд бештар таърих нависем. Аммо имрӯз мо бештар ба касоне ниёз дорем, ки воқеан кори амалие анҷом медиҳанд ва зиндагии мардумро беҳтар мекунанд. Чӣ лозим аст, ки байрақ баланд бошаду миллат сарафканда? Куҷо дур равем, ҳамин қазияи ду халабони боздоштшуда нишон дод, ки зоҳирпарастӣ барои мардум ҳеч зарурат надорад. Рӯзҳое, ки тоҷиконро дар Русия миллати мубталои СПИД-у туберкулёз мегуфтанд, онҳое, ки бо ин байрақи баландтарин дар ҷаҳон ифтихор мекарданд, садо набароварданд. Чӣ лозим аст чунин ифтихор?

Ислом Раҳимов, корманди ТВ СМ 1-и вилояти Суғд

Дар ИМА омӯзиши таърихро аз замони нав оғоз мекунанд. Аммо аз он ки мо гузаштаи тамаддунофар доштем, имрӯз чӣ ифтихоре метавон дошт? Чор тараф фасодзадагӣ, дар ягон идора бе пул корат ҳал намешавад. Имрӯзи мо лоиқи фахр кардан нест ва аз кишваре, ки ба шаҳрвандонаш кор дода наметавонад, аз кишваре ки ба сокинонаш бар? дода наметавонад, магар фахр кардан мумкин аст? Танҳо агар фахр карданӣ бошем аз сабри мардумаш фахр мекунем, ки ин ифтихори воқеӣ аст. Сабурӣ ва боз ҳам сабурӣ. Бале, дар гузашта мо тамаддуни бузург ва нобиғаҳои зиёд доштем. Замони Сомониён мо воқеан пешрафта  шудем. Чунки омӯзиши илмро фарзи ислом медонистему меомӯхтем ва кашфиёт мекардем. Боз ҳамон Сино, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ҷузҷонӣ ва ҳазорҳо бузургони дигар буданд, ки фахрро дар илм медиданд. Ҳоло чӣ? Илмомӯзии мо танҳо барои дарёфти диплом, пул ва сарват аст, на ба хотири илм ва розигии Худову халқи Худо. Мехонем, то ки ба ҷои серравған ба кор дароем. Гуфтани ин ки дар гузашта Ҳушангу Рустаму Дорову Ардашеру Борбаду Рӯдакиву Сомонӣ доштем, ин магар чизе медиҳад? Гумон мекунам, ки ҳаргиз. Албатта донистани таърих барои ҳама лозим аст, аммо бо насли имрӯз низ ифтихор доштан ҳам зарур аст. Он шеваи тарғиботе ки дар мо ҳаст на ба ифтихори миллӣ мерасонад, балки ҷавонону наврасонро ба шовинизм бурданаш мумкин аст. Алҳол дар Тоҷикистон вазъияти иқтисодӣ хуб нест ва чун иқтисоди миллӣ рӯ ба рушд мешавад, ҳамаи ифтихороте, ки имрӯз мепарварем он ба шовинизм мубаддал гаштанаш мумкин аст. Шовинизм ин ҳамон ҳаракати тоссарҳост, ки дар Руссия ҳукмрон аст. Замоне дар Ҷопон ба гузаштаи миллии худ таваҷҷӯҳи зиёд карданд, аммо натиҷаи хуб надод. Аз ин рӯ феълан танҳо фахри мо, агар хурд ҳам бошад, Ватанамон асту бас.

Иззат Амон, таҳлилгари сиёсӣ

Шояд миллат ҳоло то марҳилаи ифтихор нарасида бошад, вале ман ҳама вақт шукри онро мекунам, ки дар рӯи замин кишвараки хурде ҳаст бо номи Тоҷикистон ва он сарзамини тоҷикон мебошад. Шукри онро мекунам, ки ҳар гоҳ қалбам аз талотуми зиндагӣ хаста шуд, маконе ҳаст дар рӯи замин, ки метавонам дар он бо қалби хушҳол ба сар барам.

Ва боз бо гузаштаҳоям албатта мефахрам. Ҳар кишваре, ки рафтам бо авлоди Бухориву Тирмизӣ, Рӯдакиву Камоли Хуҷандӣ ва дигарон буданам мефахрам. Тасаввур кунед, ки 20 сол қабл имкони нобуд шудани ин миллату сарзамин вуҷуд дошт. Душманони ин миллат бо дасти худи миллат мехостанд миллатро нобуд созанд. Вале худованд онҳоро аз мақсади нопокашон боздошт.

Албатта, имрӯз дар вазъе, ки миллат қарор дорад, мояи ифтихор нею балки шармандагист. Шармандагӣ аз он ки авлодони он ҳама бузургоне, ки барои пешрафти ҷомеаи башарӣ хидматҳои шоёне кардаанд, дар бадтарин ҳолат қарор доранд. Шармандагӣ аз он ки сарзамине, ки имкони хурондану пӯшонидани нисфи аҳолии дунёро бо он ҳама сарват дорад, мардумаш дар ба дару хокбасар гаштаанд. Ҳаводиси рӯзҳои ахир албатта нишони он аст, ки то чӣ андоза миллат обрӯву эътиборашро аз даст додааст. Дигар ман дар ин миллат мояи ифтихор намебинам. Вале хушбовараму умед дорам ки мерасад марде, ки занҷири ғуломӣ бишканад ва ин миллат боз ҳам тоҷи тоҷикиашро болои сар бигузорад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)