Ҳафтаи гузашта парлумони Тоҷикистон ба қонун дар бораи консессияҳо тағйироту иловаҳо ворид намуд. Агар ин қонун дар марҳилаҳои баъдӣ таъид шавад, мо ҳатман боз як бори дигар ба китоби «Рекордҳои Геннис» ворид хоҳем шуд. Яъне мо кишваре хоҳем буд, ки дар он ҳатто ҳаворо иҷора додан мумкин аст. Аз сӯи дигар вақте иҷорагир фардо ба объекти иҷора соҳиб хоҳад шуд, хатари ин ба иҷора доданҳоро метавон рушантар тасаввур кард. Аслан қонун дар бораи консессия бештар ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ пешбинӣ шудааст, ки албатта нусхаи ислоҳшудаи ин қонуни кишвар, ки боиси ҳарфу ҳиҷои зиёд шуда, аз ин қоида мустасност. Ин ҷо сухан фақат аз ҷалби сармояи хориҷӣ нест, балки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам метавонанд тибқи ин қонун «замин, канданиҳои зерзаминӣ, табиат, олами наботот, об ва ҳаво»-ро ба иҷора бигиранд. Албатта афроди қобили эътимод будани онҳоро метавонад ҳукумат ташхис диҳад ва дар ин гуна ҳолат ҳеч зарурате ба пешниҳоди объекти иҷора ба озмуну музояда нест. Мӯҳлати иҷора ҳам хеле ҷолиб аст, яъне 49 сол ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин муҳлат метавонад тамдид шавад, аммо на бештар аз 99 сол. Бо таваҷҷӯҳ ба сару садоҳое, ки чанд муддат қабл, саҳеҳтараш пас аз сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр мабнӣ бар боқӣ мондани артиши 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон ба муддати 49 сол, зоҳиран зарурати тағйирот ба қонун дар бораи консессия тавҷеҳи мантиқӣ пайдо мекунад. Шояд нимкосаи зери коса ҳамин бошад. Вагарна исрор варзидани бархе бар нуктаи дар ҳолати истисноӣ ба иҷора додани ҳаворо чи гуна мешавад аз нигоҳи мантиқ тавҷеҳ кард? Охир ҳавопаймоҳои низомӣ дар сурати зарурат бояд бештар парвоз кунанд ва табиист ин ҳолати истисноиро ба вуҷуд меорад ва ҳаворо иҷора медиҳем. Шояд ба мӯҳлати 49 сол ва ё камтару зиёдтар. Аслан чи фарқ мекунад? Муҳим ба иҷора додан ва фоида ба дасти овардан аст, ё не? Албатта, агар аз назари меъёрҳои нангу номус бингарем, ҳатто як дақиқа ба иҷора додани фазои ҳаво, об ва олами наботот ба ҷуз вожаи хиёнат ҳеч гуна тафсири дигаре надоштаву надорад.
Гузашта аз ин ҳама соҳиб шудани ширкатҳое бо соҳибони гумном мисли ширкати пулчинаки IRS ба ҳеч ваҷҳ дар ростои манфиати мардум ва осон кардани мушкилоти онҳо ва пеш аз ин ҳама ҷалби сармоя набудаву нест. Охир ин чи гуна ҷалби сармсоя аст, ки пули мардумро бичинанду дар иваз мардум аз мушкилоти доимӣ халос нашаванд?! Ба ҳар ҳол зинаи аввали фурӯхтани ҳама чиз, яъне ба иҷора додани ҳама чиз дар Тоҷикистон пӯшиши қонунӣ гирифт. Холо бояд дид, ки он чи оқибатҳое ба бор хоҳад овард.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |