Баҳси варзишгоҳи ҷамоати деҳоти "Мастчоҳ"и ноҳияи Мастчоҳ, шикояти омӯзгорон аз мушкилоти бахши маориф, дастгирӣ накардани муаллимони ҷавони ин маҳал аз ҷониби ҳукумат, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани як мактаби ин деҳа ва ахиран ба фурӯш нарафтани пахтаи ноҳияи Мастчоҳ, боиси он гардид, ки хабарнигори "Озодагон" ҷиҳати баррасии ҷузъиёти ин ин қазия ба ҷамоати деҳоти "Мастчоҳ"и ноҳияи Мастчоҳ сафари хидматӣ анҷом диҳад.
Аснои ба ҷамоати деҳоти "Мастчоҳ" ворид шуданам, сараввал бо чанд тан аз сокинони ин мавзеъ сӯҳбат намудам, ки онҳо дар хусуси варзишгоҳе, ки феълан соҳибкор Шукриддин Иморуддинов дар як қисмати он толори варзишӣ сохта истодааст, изҳори норизогӣ намуданд. Аз ҷумла, Ҳусниддин Сафоев, як тан аз ҳамсӯҳбатонам гуфт, ки набояд дар ин варзишгоҳ, ки бачаҳо ҳамеша ройгон бозӣ менамуданду мардум низ дигар чорабиниҳоро дар он мегузарониданд, толори варзишӣ сохта шавад. Зеро дар дигар ҷой имкони сохтмони толор вуҷуд дошт ва инро ба Иморруддинов низ пешниҳод намуданд, вале ӯ қабул накарду ҳамин варзишгоҳи зеборо вайрон намуд: "Борҳо барои ҳалли ин масъала ба масъулини ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, мутаасифона дастгириямон накарданд. Ин ҷо байни Иморуддинову раиси ҷамоат чӣ гапе аст".
Аз пайи "Чӣ гапе ҳаст"…
Рисолати касбиям водорам сохт, ки ин мавзӯъро ҳам ба таҳлил бигирам, албатта агар имкон даст диҳад, зеро "чӣ гапе аст" гуфтани Сафоев ба назарам таҳдор менамуд. Зимнан, боз ба як нафаре вохӯрдам, ки худро Ниёзмаҳмад Султонов, директори Маркази ташхисиву табобатии "Сомониён" муаррифӣ кард. Номбурда иброз дошт, ки ин варзишгоҳро Имориддинов ба ивази маблағи қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз они худ кардааст: "Барои пур кардани нишондиҳандаи андоз ва дар назди роҳбарони боло худро сафед кардан, Мӯъминов Сайфиддин, раиси ҷамоати деҳоти Мастчоҳ соли 2008-ум бо яке аз дӯстонаш Иморуддинов Шукруддин маслиҳат намуда, ба ӯ мегӯяд: "Биё, ту барои супоридани маблағи андоз моро ёрдам кун, ман як боғчаи кӯдаконаи хоҷагиҳои деҳқониро бо маблағи арзон ба ту медиҳам". Имориддинов маблағро қарзи андози хоҷагиҳои деҳқонӣ гуфта месупорад, ки аз ин кор раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ хабар надоштанд. Дере нагузашта соҳибмулкон, яъне раисон ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ин "бозӣ"-и раиси ҷамоат ва Иморуддинов огоҳ мешаванду даъво пеш меоранд, ки "маблағи супоридаи Иморуддиновро баргардонида медиҳем", вале Иморуддинов розӣ намешавад, зеро қаблан раиси ҷамоати деҳот ба ӯ дигар чиз пешниҳод карда буд. Дар ин байн барои боғчаи кӯдаконаро харидан, дигар довталабон низ пайдо гардиданд, ки дар натиҷа музояда ташкил мешавад".
Тафсилоти бештари мавзӯро аз ин нишони дарёфт мекунед: https://www.ozodagon.com/ij/item/16063
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |