Бахшҳо
23 дек 2011 05:35Иҷтимоӣ

Муродулло Давлатов: «Масъалаи эътиқодиро баррасӣ кунем ҷанги шаҳрвандӣ мешавад»

Бархе аз намояндагони дин дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки масҷид ҳам яке аз муқаддасоти динист ва баъзеи дигар онро масълаи ақидавӣ медонанд.

Номзади илми фалсафа, Зайниддин Наботов дар як сӯҳбат гуфт, ки дар қатори китоби Қуръон ва ҳадисҳои паёмбар масҷид ҳам муқаддасоти динӣ ба ҳисоб меравад.

Чаро мазорҳои Тоҷикистон муқаддасанд?

Ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон муқаддасот чизҳоест, ки онҳоро тағйир додан ва аз байн бурдан нашояд. Ба монанди китоби Қуръон, ки касе то ҳол натавонистааст ҳатто як ҳарфи онро тағйир диҳад. Вале ба андешаи Зайниддин Наботов дар баробари масҷидҳо мазорҳоро ҳам дар баъзе ҳолат муқаддасот медонанд, аммо аз рӯи эътиқоди бархе аз мазҳабҳо зиёрати мазорҳо куфр аст. Аз як нуқтаи назар мазорҳо минбаъд муқаддасот шуда наметавонанд, зеро онҳо дигар ҷои ибодат нестанд. Аз ҷиҳати дигар метавонанд муқаддасот бошанд. Зеро ба бовари ӯ аксари мазорҳои Тоҷикистон дар баробари мазор боз ҷои ибодат ҳам ҳаст ва аз ин нигоҳ муқаддас аст.

"Бастани масҷид гуноҳ аст"

Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир тамоюли бастани масҷидҳо ва манъи намозгузории ҷавонон дар он рӯ ба афзоиш аст. Дар таърихи кишварҳои Шарқи боре нашудааст, ки барои намозхонӣ пул ситонанд. Аммо имрӯз дар ҷомеаи 98 дар сад мусулмони Тоҷикистон масҷидҳоро ба хотири насупоридани андоз ё бо номи ин ё он имом дар қайд нагирифтан мебанданд. Ба наздикӣ шоҳиди он шудам, ки масъули дини ноҳияе ба намозгузорони масҷид ҳушдор дод то як имомеро интихоб карда, масҷидро расман ба қайд гиранд. Дар акси ҳол дари масҷидро мебандад. Ин кор дар тамоми қаламрави кишвар идома дорад. Ахиран фаъолияти масҷиди ҷомеи "Муҳаммадия"-и ноҳияи Ваҳдат, ки дар он фарзандони эшони Тӯраҷон имом буданд бо баҳонаи гузаронидани маросими Ошӯро маҳдуд карда шуд ва хондани намози ҷумъа манъ гашт. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз дидгоҳи шаръӣ бастани масҷид гуноҳ аст.

"Китоби осмонӣ будани Қуръон масъалаи эътиқодист"

Вале бархе аз масъулони ниҳодҳои динии Тоҷикистон гуноҳ будани бастани масҷидҳо як тараф истад, муқаддасоти динӣ будани китоби Қуръон ва масҷиду мазорҳоро кори эътиқодӣ меҳисобанд. Муродулло Давлатов, директори Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ дар як нишаст гуфт, ки "китоби осмонӣ будани Қуръон масъалаи эътиқодист. Як кас эътиқод дорад, ки Қуръон китоби осмонист, миллион каси дигар ба ин эътиқод надорад. Мо масъалаҳои эътиқодиро баррасӣ накарда истодаем. Агар масъалаи эътикодиро баррасӣ кунем, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз мешавад. Масъаларо аз нуқтаи назари илмӣ асоснок бояд кард".

Дар ҷараёни сӯҳбат Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот" изҳор дошт, ки Муродулло Давлатов рӯ овардан ба Қуръонро ифрот донистааст ва ин суханашро бо чӣ асоснок мекунад?

Салафиҳо метавонанд мазорҳоро кананд?

Дар посух Муродулло Давлатов афзуд: "Мо фикри худамонро дорем. Фикри динӣ ва эътиқодӣ ҳаст. Салафиҳо чунин мешуморанд, ки Қуръон як падидаест, ки бояд он берун аз фарҳанги инсонӣ қабул карда шавад. Яъне Қуръон фавқулфарҳанг аст. Аз ҳамин нуқтаи назар, агар Қуръон як фарҳанги берун аз фарҳанги инсонӣ ҳисобида шавад ва танҳо фарҳанги урубатро ба назар бигирем, дар он ҳолат проблемаи калон мешавад. Интихоби дин озод аст ва ҳар кас ба чизе эътиқод дошта бошад ин кори шахсии ӯст. Бояд фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллии худро ҳифз кунем. Гуфта шуд, ки мазорҳо муқаддасотанд. Эътиқод ба мазорҳоро, ки мардуми мо муқаддас мешуморанд, дар баъзе мазҳабҳо чунин хукм дорад, ки касе ба муқаддас будани мазор бовар дошта бошад, мусулмон нест. Ба эътиқоди салафиҳо ин куфр аст ва онҳо муқаддас будани мазорҳоро инкор мекунанд ва метавонанд кананд. Мо намегӯем, ки мазорҳоро канданд, боз ҷанҷол сар нашавад. Лекин онҳо метавонанд ҳамин корро анҷом диҳанд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз рӯи муқаддасоти динӣ буд. Имр?з баъзеҳо боз хеста худро ҳомии ашаддии ислом мегиранд. Агар сирф фарҳанги урубат ба назар гирифта шаваду фарҳанги милливу қавмии дигар миллатҳо сарфи назар гардад, метавонад дар ҷомеа проблемаи калонеро ба вуҷуд орад".

Дар ҳоле бастани масҷидҳо ва манъ кардани мардум аз хондани намози ҷумъаву иҷоза надодани ҷавонон барои хондани намоз идома дорад, ки дар Тоҷикистон ба иттилои расонаҳо маъракаи таблиғу ташвиқи мардум ба хотири гаравидан ба дигар динҳо, аз ҷумла дини масеҳӣ дар авҷ аст. Ахиран сомонаи Сентразия.ру хабар дод, ки дар навоҳии дурдасти Тоҷикистон намояндагони созмонҳои хориҷии ба ном "хайрхоҳ" бар ивази 50 доллар мардуми камбизоатро ба дини масеҳӣ ҷалб карда истодаанд. Вале намояндагони Кумитаи дину Шӯрои уламо саргарми даргирӣ бо муллоҳои тоҷиканд ва парвое надоранд, ки халои исломии кишварро масеҳияту протестанӣ пур карда истодааст.

Абдуллоҳи Роҳнамо, мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки агар ҷамъияти масеҳиён хостори ташкили ҳизбу ҳаракате дар кишвари мо бошанд, ин аз назари қонунгузории Тоҷикистон имкон дорад. Вай гуфт: "Аз нигоҳи он, ки ҷонибдорони ин дин дар ҷомеа чӣ қадаранд, гуфтан мумкин аст, ки ҳатто 0,05 дар сади аҳолӣ ҳам масеҳӣ нест ва барои ташкили ҳизби масеҳӣ заминаи иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Ва ҷонибдорони дини масеҳӣ шартҳои дар қонун бударо баҳри ташкили ҳизб иҷро карда наметавонанд. Агар ман иҷозат намедиҳам гӯям, зидди қонун баромад мекунам".

Масҷиди бузург таҳдид ба амният?

Аз нигоҳи қонунӣ интихоби дин ва мазҳаб озод аст ва ҳар кӣ метавонад ба ҳар равияи қонунӣ шомил гардад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи мо ҳар куҷо намозхон зиёд шавад ё имомхатибе ҷуръати сухани ҳақ гуфтанро дошта бошад, фишор болояш зиёд мегардад. Касе кор надорад, ки дар Тоҷикистон чанд калисои масеҳӣ фаъолият мекунад ва дастандаркорони он ба чӣ кор машғуланд. Аммо фаъолияти масҷидҳо ва намозгузорон аз назари қонунӣ рӯз то рӯз танг шуда истодааст. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳукумат аз таъсиси масҷидҳои бузург бо сабаби таъмини амният худдорӣ мекунад. Зеро аз таҷрибаи таъсиси масҷиди бузург дар Покистон огоҳ аст ва медонад, ки оқибати он ба чӣ анҷомид. Масҷиди бузурги Покистон ба маркази ҷосусӣ табдил шуд ва ҳадсҳое ҳам зада мешуд, ки ба таъхир гузоштани сохтмони масҷиди ҷомеи калонтарин дар Душанбе бо маблағгузории Қатар ба ҳамин хотир буд. Ба назар мерасад, ки аз сарҷамъ шудани теъдоди зиёди одамон дар як созмони ғайридавлатӣ ҳарос доранд. Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки маҳдуд кардани фаъолияти калонтарин масҷиди Тоҷикистон, ки имоматии онро оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба ӯҳда доштанд, бо ҳамин далел бошад.

Исфандиёр Халилов

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)