Бахшҳо
13 янв 2012 07:18Гузориш

Хат(т) ва мо

Зӯр нозӯрро, пурқувват заифро, абарқудрат камтавонро ба ҳар васила тобеъи худ мекунад, яъне хат мекашаду аз доираи кашидааш берун по ниҳодан намемонад.

Манзурам хат навиштан ва ё ироаи нома унвонии касе нест, ҳамчунин шарҳи вожаи дар оғоз соддаву аммо дар асл мураккаб ҳам набуда. Фақат атрофи рисолати хат(т) ва ибораҳои марбут ба он дар замони муосир чанд рақам мезанам, хоса барои мо тоҷикистониён, ки ҷузъе аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардем, ки мутаасифона расмулхати аҷдодиамонро ҳифз накардаем…
Аслан хат(т) дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънии ҳарфҳои нигошта дар коғаз ва пайнавишти қалам омада, ҳамзамон мактуб ва номаро низ хат(т) гӯянд. Гоҳо амру фармон ва ё як санади марбутро низ хат(т) меноманд: "Бар сесад ҳазор динор динор қарор гирифт ва бад-ин хат бидоданд".
Номанависӣ ва хатфиристӣ як амали маъмулии шаҳрвандони Тоҷикистони навин шуда, дорад имрӯз ба фарҳанг табдил меёбад. Тайи даврони истиқлол бошад, кор чунон печида шуда, ки мушкили оддитарини сокинон дар маҳал ва мақомоти зирабт матраҳ намегардад, агар баррасӣ ҳам шавад, ҳалли худро роҳат пайдо намекунанд. Ва роҳи дигарро, ки арздорон наёфтанд, ба райисҷумҳур ва шахсан ба Эмомалӣ Раҳмон- кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муроҷиат мекунанд. Хат(т)и ахиран навиштаи як ҳамтоямон, ки ба суроғаи президенти Русия ирсол мешуд, албатта истисно аст ва мавқеъи хоси худро дорад.
Сарҳади ҳар кишвар болотарин ва волотарин хат(т)-и марзи ҳар миллати соҳибдавлат шинохта шуда, бо баҳои ҷон ва қимати умри инсонӣ ҳимоя мегардад. Дилхоҳ фарди огаҳ аз ториху фарҳанг ва дӯстдори меҳан омодааст, ки барои ҳифзи хати марзи номус сина сипар кунад. Аммо ҳақиқати воқеӣ ин аст, ки марзҳои давлати соҳибистиқлоли мо бо гузашти ду даҳсола аз замони касби мустақилият ҳанӯз ҳам ба сурати комил тақвият наёфта, гоҳ-гоҳе "қадамҷо"-и пойи номубораки аҷнабиён ва ҳуввиятбохтагон, инчунин ҳамсояҳои бесоя мегардад. Қочоқчиёни афғон беибо марзи ҷанубии кишвари моро убур карда, молу ҳоли шуроободиҳоро ба яғмо мебаранд, баъзан шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба чанголи марзшиканон афтода, солҳо дар асорат ва гаравгонӣ ба сар мебаранд. Ҷойи дигар абарқудратҳои минтақа даъвои бозпас гаштану тасарруфи марзи моро мекунанд, ки албатта мояи нигаронист. Ҳамсояи ба чашм наздику аз дил дурамон бошад, ҳар чӣ бештар ба хати марзи мо чашм ало карда, пайваста тамринҳои низомии худро дар қисмҳои наздик ба сарҳади кишвар баргузор мекунад.Чин ҳам бе ҳеч далели таърихӣ, порахоки муқаддаси Тоҷикистонро васиқа карда аз худ намуд.
Хат(т)и Дюран мавзӯи баҳси алоҳида бояд бошад, аммо ба сурати умум метавон онро хати бутлон, хати поракунии маҷбурӣ номид. Рӯди Ому бар асоси як созишномаи ноҷавонмардонаи империалистии русу инглис, хати батлоне кашид болои сарнавишту тақдири миллати тоҷик. Он сӯи дарё тоҷик, ин сӯи рӯдхона ҳамон, аммо бародарзода аз дидори ҷадди хеш маҳрум шуд.
Хат(т)кашӣ ҳам аз зумраи хату хатсозиҳост. Агар жарфтар назар андозему ба умқи маънӣ биравем, тафсири ин вожа кашонидан ва ё ҳадди аққал ирсоли нома (ҳамон мактуб) аст. Вале хат кашидани ин давр, ки ҳамгиройӣ ва ҷаҳонишавияш ҳам меноманд, ба гунаи тамоман дигар ҷилва мекунад. Зӯр нозӯрро, пурқувват заифро, абарқудрат камтавонро ба ҳар васила тобеъи худ мекунад, яъне хат мекашаду аз доираи кашидааш берун по ниҳодан намемонад. Қазияи чанде қабл ба сари муҳоҷирони тоҷик омада дар пайи парвандаи халабонҳои боздоштшудаи ширкати "Rolkan" ва муҳосираи роҳи оҳани Тоҷикистон намунаи барҷастаи ҳамон хаткашӣ аст.
Аллома Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд: "Худо он миллатеро сарварӣ дод, ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт…".

Вақт дорем!?

Ҳоло ки дер нашуда, хат(т)и худамонро боястӣ, ки худамон зинда кунем, хатти маши зиндагиамонро бо дастони худ бинависем, хат(т)и барот (раҳоинома)-и миллат ҳам ба дӯши худии худамон ҳаст.
Ин миллати тӯли таърих ҷафокашида ва сарбаланду боғурур охири охирон ҳақ дорад, ки хат(т)и лодаъво- хат(т)еро, ки кулли даъвоҳои аҷнабиёнро лағв мекунад, бинависад. Тамом.

Хилватшоҳи Маҳмуд

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)