Бахшҳо
13 янв 2012 10:07Гузориш

Шумо аз Эмомалӣ Раҳмон ислоҳот интизоред?

Мутаассифона, солҳои ахир ягон ислоҳот ва тағйироти куллӣ сурат нагирифтааст.

Дар як қатор кишварҳо ҳукуматҳо рӯ ба ислоҳоти сиёсӣ оварданд, ки ба гуфтаи коршиносон пас аз воқеаҳои "баҳори араб" амалӣ гардиданд. Гуфта мешавад, ки ҳукуматҳо барои ба даст овардани бовари мардум аз ислоҳот кор гирифтаанд. Чун дар кишвари мо тасмими ниҳоиро танҳо президент метавонад бигирад, аз ҳамин ваҷҳ ин ҳафта "Озодагон" аз коршиносон пурсид:

Зафар ҚУРБОНОВ, адвокат

Ман аз президент ягон ислоҳотро интизор нестам. Алиро гирифта ба ҷояш Валиро мондан ё баръакси ин амал ислоҳот нест, ин ҷойивазкунист. Ман на дар гузашта ва на дар имрӯз ягон ислоҳотро эҳсос накардаам ва ин ҷойивазкуниҳо талаботи маро қонеъ намекунад. Бояд кадрҳои ҷавону лаёқатмандро ба мансаб роҳ дод, ки воқеан мардумӣ бошанд, на ин ки мисли аъзоёни ҳукумат ба ҷойивазкунӣ вақти худро беҳуда талаф сохт. Ман то ба ҳол вонахурдаам, ки ин ё он соҳибмансаб худро аъзои аҳзоби сиёсие чун ҲНИТ ё ҲСДТ гӯяд. Кадрҳои мардумӣ ва нав дар ҳоле соҳиби вазифаҳо мешаванд, ки агар соҳиби вазифа шудан тариқи интихоботи мардумӣ сурат гиранд, на таъйин гарданд.

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОЗОДА, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот"

Мавзӯи сурат гирифтани ислоҳот дар ҳукумат ё кобинаи Эмомалӣ Раҳмон бармеояд аз он сӯҳбатҳое, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавассути матбуот ироа доштанд. Яъне ислоҳот ба маънои ҷойивазкунӣ ё рокировка: истилоҳи шоҳмотие, ки бозингар ё донаи шоҳмот аз як ҷо ба ҷои дигар ё ба бозингари дигар иваз карда мешавад, набошад. Бигзор ба фаъолияти ниҳоде, ки роҳбари онро иваз карданд, он мақом ҷавоб диҳад, ки бо чӣ сабаб ӯ ҷой иваз мекунад? Чаро дар муддати чор соли фаъолият ё бештар аз ин кори чашмрасеро дар ниҳоди марбута анҷом надод? Агар дарвоқеъ камбудӣ ба маънои ҷиноят аст, ӯ бояд дар назди қонун ҷавобгар бошад. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки усулан низоми коргузории давлати Тоҷикистон бояд дигар шавад. Афроде сари кор оянд, ки бо диди нав роҳҳалҳои мушкилоти имрӯзаро пайдо кунанд. Дигар бо иваз кардани ҷои Сайфуллозода ба Ҳикматзода ё баръакс чизеро тағйир додан ғайриимкон аст. Мо чунин таҷрибаро тӯли 20 сол мушоҳида мекунем ва ҳамчун таҳлилгар бар ин назарам, ки дар ҳеч ниҳоде пешравие эҳсос намешавад. Наметавон гуфт, ки кадом коре нест. Кор ҳаст, аммо кадом ниҳодеро нафарони таҳлилгар оё метавонанд номбар кунанд, ки дар тӯли 5 соли ахир нисбати дигар сохтор фаъолтар будааст. Ман наметавонам бигӯям, ки кадом вазорате дарвоқеъ фаъолияти чашмрасе доштааст. Рад намекунам, ки кор ҳаст, вале ин гуна корҳо дигар ҷавобгӯи воқеияти рӯзи ҷомеаи Тоҷикистон буда наметавонад.

Шӯҳрат ҚУДРАТОВ,роҳбари созмони ҷавонони ҲСДТ

Ман интизори онро доштам, ки президент сиёсати кадрии худро дуруст ба роҳ монда, дар сохторҳои муҳим шахсони арзанда ва соҳибтаҷрибаро таъин намояд ва соҳиби вазифа шудан на аз рӯи мансубият ба маҳал ё хешутаборӣ бошад. Ва он мансабдоронеро, ки то имрӯз аз ӯҳдаи кор набаромадаанд, аз кор озод кунад. Аммо ин то ҳол эҳсос намешавад. Акнун дар соли нав мехостам, ки президент аз ваъдадиҳӣ ба мардум даст кашад ва ҳар сухани гуфтааш воқен амалӣ шаванд. Зиёда аз 5-6 сол мешавад, ки ба мардум ваъдаи истиқлолияти энергетикӣ дода мешавад, аммо ҳанӯз аз истиқлоли энергетикӣ дурем. Фикр мекунам, ки акнун президент аз сухан ба амал гузашта, аз се ҳадафи стратегии давлат: истиқлоли энержӣ, ғизоӣ ва коммуникатсионӣ лоақал Тоҷикистонро ба истиқлоли энергетикӣ наздик месозад. Давоми чанд соли ахир дар бораи ислоҳот ворид кардан дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон зиёд гуфта мешуд, аммо шахсан ман инро эҳсос накардаам. Бӯҳрони энергетикӣ чӣ хеле буд, ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст, Тоҷикистон дар бунбаст қарор дошт ва ҳоло ҳам дар бунбасти коммуникатсионӣ қрор дорад. Сатҳи камбизоатӣ ҳанӯз баланд аст. Ваъдаҳо чун ваъда монданд ва ва қонунҳои қабулшуда аксаран дар рӯи коғаз монданд. Дар ҳукумат аз кадрҳои нав истифода намешавад. Зеро тими президент вазъияти ҶТ-ро хуб эҳсос мекунанд ва медонанд, ки аз сиёсати пешгирифта қисми зиёди аҳолӣ розӣ нестанд. Президент кӯшиш мекунад, ки ба мансабҳо хешу табор ва одамони ба худ наздикро таъин кунад. Зеро онҳо дар шароити вазнин президентро ҳимоя карда тавонанд. Барои ҳамин онҳое сари вазифа меоянд, ки президентро ҳимоя мекунанд, на мардумро. Президент бояд аз ин шеваи кор даст кашад ва кадрҳоеро ба мансабҳои муҳим таъин кунад, ки дар кори худ профессионал ҳастанд. Мансабдорон бояд барои мардум хизмат кунанд, на мардум ба онҳо.

Зафар АБДУЛЛОЕВ, журналист

Ба ростӣ аз президент чашмдор нестам, ки ягон ислоҳоти куллие рӯи даст бигирад, вале агар ислоҳот карданӣ бошад, беҳтар аст аз кадрҳое истифода шавад, ки дар сохтори берун аз ҳукумат фаъолият доранд. На фақат аз кадрҳое истифода шавад, ки дар системаи бюрократӣ кор мекунанд. Кадрҳое бояд сари вазифа оянд, ки дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҷрибаи корӣ дошта бошанд ё аз эътибори ҷамъиятӣ бархурдоранд. Саволе пайдо мешавад, ки чаро то имрӯз аз кадрҳои наве, ки эътибори ҷамъиятӣ доранд ё дар системаи берун аз ҳукумат фаъолият доранд истифода намешавад? Ба фикри ман агар дар симои шахсони аз система берун фарди бетаҷриба ё душманро набинанд ва нисбати кадрҳое, ки дар созмонҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд, ҳамчун фарзандони ҳамин давлату миллат назар карда шавад, фарқ надорад, ки онҳо бо донорҳои хориҷӣ кор мекунанд ё не. Ба фикри ман аз дасти онҳо ҳам кор меояд, ҳам фоида оварда метавонанд ва ҳам аз мансабдорон беҳтар мефаҳманд. Дар симои нафарони бо донорҳои хориҷӣ ҳамкоридошта ҷосусро дидан, ин аз минталитети шӯравии мансабдорон шаҳодат медиҳад. Яъне нафароне, ки аъзои ҳизби ҳоким нестанд ё аз аввал дар системаи бюрократӣ фаъолият надоштанд, ба вижа агар бо созмонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунанд ё дар хориҷа дар мизҳои мудаввар ширкат менамоянд, ба онҳо бо назари шубҳа нигариста мешавад. Лекин дар асри 21 ва дар замоне, ки худи мансабдорон ҳам дар хориҷа гаштаанд ё кору фаъолият кардаанд, ба шахсони аз система берун тамоман боварӣ накардан фикри хато аст.

Файзулло ФАЙЗИЕВ, таҳлилгар

Бо фаро расидани ҳар соли нав мардум интизор мешаванд, ки президенти кишвар ба ислоҳоти ҷиддӣ даст мезанад. Аммо мутаассифона, солҳои ахир ягон ислоҳот ва тағйироти куллӣ сурат нагирифтааст. Хуб мешуд агар президенти кишвар новобаста аз мансубияти ҳизбӣ кадрҳои варзидаву ҷавонро ба корҳои ҳукуматӣ ҷалб мекард. Зеро мо дар гузашта таҷрибаи яккаҳизбиро дидем ва аз оқибатҳои он огоҳем ва имрӯз барои он ки ҳодисаҳои нохуши шимоли Афғонистон ва Қирғизистон дар Тоҷикистон рух надиҳад, бояд президент кадрҳои нав ва диди тоза доштаро аз миёни аҳзоби сиёсӣ ва тамоми шаҳрвандоне, ки мутахассиси арзанда ҳастанд, бо машварату маслиҳат ҷо ба ҷогузорӣ кунад. Агар мо воқеан ваҳдати воқеиро таъмин карданӣ бошем, новобаста аз маҳал ва мансубияти ҳизбӣ кадрҳои беҳтаринҳо ҳамчун раиси шаҳру ноҳия, вилоят, вазорату кумитаҳо интихоб кунем. Он машваратчиёне, ки дар атрофи президент қарор доранд, намехоҳанд, ки аз имтиёзҳои доштаашон маҳрум шаванд ва талқин мекунанд, ки гӯё танҳо намояндагони ҲХДТ ягона вариант бошанд барои таъин ба ин ё он вазифаи роҳбарӣ. Ман боварӣ дорам, ки агар худо накарда, президенти кишвар аз ҲХДТ мабодо даст кашад, дар сафи ин ҳизб аз он роҳбароне, ки имрӯз ҳастанд, тақрибан касе боқӣ намемонад. Вале ба фикри ман намояндагони он ҳизбҳои сиёсие, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, воқеан дӯстони президент мебошанд. Зеро онҳо мушкилоту эродҳоро ошкоро мегӯянд ва роҳҳои бартараф кардани онро нишон медиҳанд. Вале он чоплусҳову хушомадгӯйҳо ҳама ба хотири имтиёзҳои худ, хонаҳои баландошёнаи худ ва мошинҳои хориҷии худ аз гуфтани воқеият меҳаросанд. Вале имрӯз дарки ин нуқта зарур аст, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти як ҳизб не, балки президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми кишвар аст ва фаъолияти ӯ бояд дарбаргирандаи манфиати тамоми мардум бошад.

Усмони СОЛЕҲ, мудири бахши иттилоот ва таҳлили ҲХДТ

Мувофиқи нақшаҳое, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дорад ҳатман дигаргуниву тағйироту ислоҳот ва пешравиҳоро интизорам. Табиист, ки ҳар соли нав бояд як гуна тағйироту дигаргуние дар пай дошта бошад ва Ҷаноби олӣ, президенти мамлкат ин ҷиҳатҳоро ба назар мегирад ва ҳоло дида истодем, ки кадрҳои наву корозмуда вориди саҳна шуда истодаанд. Ман фикр мекунам, ки ҳатман тағйироту дигаргуниҳо хоҳад шуд. Ба хусус, имсол 20 солагии сессияи 16-ум ва 15 солагии ҳаракати Ваҳдати миллӣ аст. Дар заминаи ин рӯйдодҳо ва пешбурди ҷашнҳо тағйиротҳо ба вуқуъ мепайвандад ва корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъат меёбад.

Сангалӣ РАҲИМОВ, коршинос

Соли гузашта барои кишоварзони ҷумҳурӣ аз лиҳози иқлимӣ муфид буд. Аммо натиҷаҳои оморӣ, шахсан барои ман, ки 50 сол собиқаи кишоварзӣ дорам, қаноатбахш нест. Рӯёнидани 20-21 сентнер пахта аз як садяк замин дар ҷумҳурӣ дар асри технологиву инноватсионӣ нишондоде нест, ки кирои таърифу тавсифи зиёд бошад. Гарчанде банда аз ҳар як садяк замин 48,5 сентнер пахта ва 80 сентнер ғалладона ҷамъоварӣ кардам, аммо ин нишондод ҳанӯз маро қонеъ карда наметавонад. Мутасаддиён ба ғайр аз ивз кардани 5-6 раиси ноҳия дигар кореро анҷом намедиҳанд. Соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба тағйироти куллӣ ниёз дорад. Ин соҳа ҳамчун организми зинда таҷдиди эҳсосотиро намепазирад ва натиҷа ҳамин шуд, ки то ҳол кишоварзони ҷумҳурӣ ба нишондодҳои то истиқлолият наздик шуда наметавонанд. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон хеле заъиф аст. Маҷмӯи фарҳангҳо аз лиҳози технологиву иттилотӣ аз Ғарб ба Чин кӯчида истодааст. Аммо дар тамоми шохаҳои ҳукумати Чин як нафар аз 4-5 сол зиёд курсии мансабро соҳиб шуда наметавонад. Агар ҳукуматдорони мо худро ҳамчун шахси меҳанпараст шуморанд, бояд аз меросӣ шудани курсиҳо даст кашида, таҷрибаи давлати Чинро дарси ибрат қарор диҳанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)