Бахшҳо
27 янв 2012 04:36Гузориш

Саидмукарам Абдуқодирзода бо Тӯраҷонзодаҳо «сулҳ» мебандад

Мо шиъа нестем, вале моро шиа гуфтанд. Қароре, ки дар ҳаққи мо бароварданд, золимона буд…

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси даъвои оилаи Тӯраҷонзодаҳо алайҳи раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷонибҳоро даъват кард ва пешниҳоди созишро ба миён гузошт. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» гуфт, онҳо розӣ шудаанд, ки дар асоси иҷрои се шарташон аз ҷониби Саидмукаррам Абдуқодирзода аз даъво даст кашанд ва бо ӯ созиш кунанд:«Мо дар посух ба пешниҳоди суд гуфтем, ки ба сулҳ розӣ ҳастем, аз ин даъвобозиҳо худамон ҳам дар хиҷолатем, аммо дар асоси се шарт аз даъвоямон мегузарем. Шарти аввал, ин ки қароре, ки дар ҳаққи мо бароварданд, золимона буд. Мо шиъа нестем, вале моро шиъа гуфтанд. Ба ин хотир бояд Шӯрои уламо қарор барорад ва иқрор шавад, ки қарораш хато буд. Баъдан, масҷидро дубора боз кунанду намози ҷумъаро иҷоза диҳанд ва домуллоҳо сари корашон баргарданд.»
Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои уламо аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Аммо вакили мудофеи оилаи Тӯраҷонзодаҳо Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки тарафи ҷавобгар Саидмукаррам Абдуқодирзода дар посух ба пешниҳоди суд оид ба созиш изҳор доштааст, ки бо намояндагони Шӯрои уламо механизми бекор кардани қарорро меомӯзанд, ки чӣ хел бекор кардани он имкон дорад. Аммо дар масъалаи кушодани масҷид гуфтааст, ки ин кор умуман ба зиммаи онҳо нест ва ин ҳуқуқро ҳам надоранд.Бузургмеҳр Ёров иброз дошт, ки суд дар навбати худ гуфтааст, ки агар Шӯрои уламо қарори худро бекор карда тавонад, суд мусоидат мекунад, ки тезтар маҳдудияти фаъолияти масҷид (муддати се моҳ манъ шудани адои намози ҷумъа) аз байн равад ва дубора ба фаъолият оғоз кунад.
Дар муҳокимаи тарафҳо дар суди ноҳияи И.Сомонӣ аз оилаи Тӯраҷонзодаҳо Ҳоҷӣ Акбар ва эшони Нуриддин, аз Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода бо намояндагони ин шӯро ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи дин низ ҳузур доштанд. Эшони Нуриддин дар сӯҳбат бо хабарнигорон чунин гуфт: « Сулҳро Худо дӯст медорад, вақте сулҳ шаваду масҷид боз гардад, мо ҳам ба созиш розӣ мешавем».
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои раиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)