Бахшҳо
10 мар 2012 04:12Иқтисодӣ

Нархи сӯзишворӣ гаронтар мешавад

Нархи як  бушка нефт дар бозори ҷаҳонӣ ҳоло ба 128 доллар расидааст, ки ин болотарин қимат дар се соли ахир будааст.

Дар охирин муомилоти нефтӣ дар Ню-Йорк нархи як бушка нефти хоми Брент 5 доллару 74 сент афзоиш ёфта, ба 128 доллару 40 сент расидааст. Ба андешаи таҳлилгарон танҳо моҳи июли соли 2008 нархи нефт ба ин нишондод баробар шуда буд, вале дар давоми се соли ахир чунин болоравӣ дида намешуд.

Воҳимаи инфиҷори лӯлаи интиқоли нефт дар Арабистон

Яке аз сабабҳои ба таври қобили мулоҳиза боло рафтани арзиши нефтро коршиносон ба таркиши лӯлаи интиқоли нефти Арабистони Саудӣ дар ҳудуди бандари Ҳурмуз алоқаманд медонанд. Хабари инфиҷори лӯлаи нефти Арабистон дар бозори ҷаҳонӣ воҳимаеро паҳн кард ва баъд аз ин баҳои нефт ба 128 доллар расид. Арабистони Саудӣ яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи нефти хом дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва нефти он дар бозорҳои Аврупову Амрико бароварда мешавад.

Ҳамакнун гуфта мешавад, ки як лӯлаи интиқоли нефти Арабистон инфиҷор шудааст. Аммо бо вуҷуди нодуруст хондани ин хабар аз ҷониби мақомоти саудия нархи нефт якбора дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст. Вале ба назари коршиноси тоҷик Шамсиддин Саломов аз ин вазъ ширкатҳои тавлидкунандаи нефт ба манфиати худ истифода мекунанд ва нефти худро бо нархи нисбатан гарон ба фурӯш мегузоранд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки нархи нефт ҳар замон тағйир меёбад ва ин аз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон вобаста аст. Таҳлилгари иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки нархи нефт маъмулан болову поён меравад ва мавриди ба манфиати худ истифода кардани тавлидгарони нефт аз вазъи баамломада низ ҷой дорад. Вале созмоне ҳаст бо номи ОПЕК, ки нархи нефт дар бозори ҷаҳониро танзим мекунад. Аммо ба қавли ӯ кишварҳое ҳастанд, аз қабили Русия, ки узви ин созмон нестанд ва аз боло рафтани нархи нефт фоидаи зиёд ба даст меоранд. Вале онҳо ҳам риск намекунанд ва барои аз даст надодани харидорон нефти худро бо назардошти нархи бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш мебароранд.

Таҳримҳои Амрико ва нотарсии Эрон

Яке аз иллати дигари болоравии нархи нефт дар бозори ҷаҳониро коршиносони иқтисодӣ ба таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи нефти Эрон рабт медиҳанд. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки баъди таҳрими иқтисодии Ғарб ҳоло Эрон нефти худро ба Аврупо намефурӯшад ва шояд яке аз сабабҳои боло рафтани нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ ба ин мазӯъ бастагӣ дошта бошад.

Дар ҳоле Амрикову кишварҳои аврупоӣ аз харидории нефти Эрон худдорӣ варзиданд, ки Эрон ҳудуди 20 фоизи нефти Аврупоро таъмин мекард ва дар сурати қатъи содироти нефт эҳтимоли ба бӯҳрони сӯзишворӣ гирифтор шудани ин кишварҳо вуҷуд дошт. Аммо барои бурунрафт аз ин вазъ онҳо роҳи дигаре пайдо карданд. Ҳоло Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки аз Арабистони Саудӣ нефт харад ва ин кишвар ваъда додааст, ки ниёзи кишварҳои Аврупоиро аз ҳисоби нефти худ бароварда хоҳад сохт. Вале то ҳанӯз ба коркард ва содироти нефти ниёзи Аврупо комилан даст наёфтааст. Аммо Эрон иддао дорад, ки нефташро бо нархи арзон хоҳад фурӯхт, то ба бозор роҳ ёбад ва ҳамзамон ба Арабистони Саудӣ иҷоза нахоҳад дод, ки аз тариқи бандари Ҳурмуз, шоҳроҳи муҳими иқтисодии ҷаҳон, ба Аврупо нефт содир кунад. Дар ин ҳол Амрико ва Англия киштиҳои худро бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар бандари Ҳурмуз мустақар кардаанд то ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ диҳанд. Баҳс миёни Ғарб ва Эрон тезу тунд ба назар мерасад. Вале коршиносон бар ин назаранд, ки барои даргириву ҷанг ҳеч кадоме аз ин кишварҳо манфиат намебинад.

Гуфта мешавад, ки Амрико баъд аз эълони таҳрими иқтисоди алайҳи Эрон ҳанӯз ором нест. Зеро нефти Эрон танҳо дар Аврупо харидоронро аз даст дод, ки ин барои Эрон мушкили умда ба ҳисоб намеравад. Чун харидорони асосии нефти Эрон кишварҳои Осиё, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустон ҳастанд, ки иқтисоди то андозае рушдкарда доранд. Дар оғози соли нави мелодӣ вазири дороии Амрико ба Чин ва Ҷопон сафар карда буд, то ин кишварҳоро барои камтар аз нефти Эрон харидорӣ кардан мутақоид кунад. Аммо дар сурати харидорӣ накардани нафти Эрон ин кишварҳо бояд тавлидкунандаи дигареро ёбанд, ки мисли Эрон ба таъмини бозори нефти онҳо мусоидат кунад. Лекин Чин ва Ҷопон аз бими он ки дар сурати даст кашидан аз нефти Эрон нархи нефт ба маротиб боло хоҳад рафт, ин пешниҳоди Амрикоро напазируфтанд.

Нефт, ки қимат шуд нархҳои Тоҷикистон "осмонӣ" мешавад

Ба андешаи таҳлилгарон бозори Тоҷикистон аз қимати нефт вобастагии зиёд дорад ва боло рафтани он сабаби баланд шудани нархҳо гашта, ба кисаи мардуми камбизоат зарбаи ногаҳонӣ мезанад. Таҳлилгар Шамсиддин Саломов бар ин назар аст, ки ҳукумат барои боло бурдани қобилияти харидории мардум бояд кӯшиш ба харҷ диҳад то дар ҳолатҳои яку якбора боло рафтани нархи нефт дар ҷаҳон шаҳрвандон бо маошу нафақаи мегирифташон имкони харид ва таъмини рӯзгорашонро пайдо кунанд. Дар акси ҳол бо сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ ҳатто фаъолияти соҳибкорӣ ҳам ғайриимкон мегардад ва аз ҷониби дигар набудани ҷои кор ва норасоии барқ барои роҳандозии корхонаҳои хурд, боиси боз ҳам афзоиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мегардад.

Дар ҳамин ҳол иддае аз таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки болоравии нархи нефт бештар ба фоидаи кишварҳои тавлидкунанда аст ва онҳо бо ин роҳ ҳам даромади бештар мегиранд ва ҳам аз таъсири нархи молу колоҳо то андозае худро ҳифз мекунанд. Ба қавли Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ барои кишваре чун Тоҷикистон, ки воридкунандаи сӯзишворӣ маҳсуб мешавад, таъсири болоравии нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ бештар аст. Вай аз ҷумла гуфт: "Ҳатто як зарра боло рафтани нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсиррасон аст. Яке аз нишондиҳандаи асосии иқтисодӣ дар Тоҷикистон ин қимати сӯзишворӣ аст, ки ба бесарусомонӣ дар бозорҳо оварда мерасонад".

Ба гуфтаи ин коршинос роҳи кам кардани таъсири болоравии нархи нефт вуҷуд дорад, аммо барои ин кор Тоҷикистон тавоноӣ ва имконияти молӣ надорад. Ба таври мисол сохтани корхонаҳои полоиши нефт ва харидани нефти хом ва роҳандозии коркарди он дар дохил метавонад то андозае аз болоравии нархҳои "осмонӣ" ҷилавгирӣ кунад. Вале барои сохтани чунин корхонаҳо маблағи зиёд даркор аст, ки баъзе мақомоти мо аз он фоида намебинанд ва аз хотир баҳри амалӣ кардани он кӯшиш намекунанд.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)