Фирдавс Усмонов, як масъули вазорати молияи кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки дар асоси огоҳиномаи ирсолнамудаи вазорти молия ҷиҳати баргардонидани маблағҳо аз тарафи бонкҳо, қисме аз маблағҳои саҳмияҳои Роғун баргардонида шудааст. Вале номбурда илова намуд, ки дақиқ гуфта наметавонад, то имрӯз чи миқдор маблағ, ки дар суратҳисобҳои депозитии бонкҳо қарор доранд, баргардонида шудаанд.
Вазорати молияи кишвар моҳи августи соли 2010-ум 157 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшудаи аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба муддати як сол ба ихтиёри панҷ бонки хусусӣ гузошта буд, ки гуфта мешуд ин бонкҳо то моҳи августи соли 2011 ин миқдор маблағро бо фоидааш ба вазорати молия бармегардонанд. Вале бино ба маълумоти вазорати молия пулҳои Роғун дар вақти муайян гашта, баргардонида нашуд, ки ахиран вазири молия ба унвони бонкҳо огоҳинома фиристод. Бонкҳое, ки маблағҳои Роғунро дар ихтиёр доранд-Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Бонки рушди Тоҷикистон, Тоҷпромбонк ва Фононбонк мебошанд. Ин бонкҳо дар моҳи августи соли 2011 дархост намудаанд, ки замони баргардонидани ин маблағ тамдид карда шавад. Дар натиҷа, бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони нерӯгоҳи Роғун мӯҳлати баргардонидани пулҳо то 16-уми феврали соли равон таъин шуда буд.
Мӯҳр
« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |