Бахшҳо
10 май 2012 05:27Гузориш

Ин бор низ ба сари журналист заданд

Бо гузашти 3 рӯз аз латукӯби Далер Шарипов, хабарнигори ТВ «Сафина»ҳеч маълумоте дар мавриди омилони ин ҳамла ба даст наомадааст. Ин дар ҳоле, ки қаблан гуфта мешуд яке аз омилони ҳамла боздошт шудааст.

07-уми май, соати 22-55 ҳамкасбам Далер Шарипов, хабарнигори ТВ "Сафина" бо як тамоси телефонӣ гуфт, ки ӯро задаанду дар бемористони "Қарияи боло" қарор дорад. Баъд аз ин суханҳо гӯширо марде гирифту, худро пизишки ин бемористон муаррифА кард. Мард гуфт, ки бештари зарбаҳо ба рӯйи Далер Шарипов буда, сараш осеб дидааст. Субҳи дигар ҳангоми аёдат Далер Шарипов гуфт, ки  ҳодисаро ёд надорад.
-Аз зарба ба пушти сар аз ҳуш рафтам. Ба худ омадам худро дохили худрав дидам. Дубора вақте чашмонамро боз кардам, худро дар роҳрави бемористон дидам.
-Ҳодиса чӣ гуна рух дод, чизеро дар ёд доред?
-Бо Далер (Д.Меҳтоҷов, рассом, яке аз дӯстони наздики ҷабрдида) аз хонаи як дӯстамон баромадем. Бояд ба хона меомадем. Хеле қадам задем. Аз маҳаллаи 82-юм хеле дур шудем. Наздик ба Сафорати Русия омада будем, ки ногаҳон се нафар ба мо ҳамла оварданд. Яке аз онҳо дӯстам Далерро дошт. Ду нафари дигар маро заданд. Зарбаи аввал пушти сарам буд. Намедонам бо чӣ заданд. Лекин дарди сар то ҳол азобам медиҳад.

-Ҳангоми қадамзанӣ чизеро мушоҳида накардед?
-Аҳамият додам, ки аз паси мо чанд нафаре меояд.
-Яъне онҳо шуморо таъқиб мекарданд?
-Бале, омадани онҳо аз пас бароям аҷиб намуд, вале ҳеч гумон намекардам, ки маро мезананд.
-Фарзияи шумо чист? Латукӯб ба хотири чӣ ва аз ҷониби кадом гурӯҳ ё нафар дархост шудааст?
-Ҳоло намедонам. Ҳодисаро масъулини амният ва пулис таҳқиқ мекунанд. Аммо бароям хеле тааҷубовар аст, ки яке аз ҳамлагарро пулис зуд дастгир мекунад.
-Боздошти ҳамлагар ҳам магар ҷои тааҷуб дорад?
-Охир чӣ гуна онҳо бохабар шуданду зуд дастгир карданд? Ин суолҳоеро ба вуҷуд меорад. Зеро мо медонем, ки ҳамлагарони дигар хабарнигорон, барои мисол Ҳикматулло Сайфуллозодаро то ҳол дастгир нашудаанд. Албатта ин барои ман аҷиб аст.
-Ҳоло чӣ тасмим доред?
-Бояд аз бемористон зудтар мураххас шавам. Баъдан ба додгоҳ шикоят мебарам. Бояд мушаххас шавад, ки ин латукӯбро кӣ ташкил кардааст.  
-Метавонед тахмин бизанед, ки ин ҳамла аз ҷониби кӣ ва ё кадом гурӯҳ анҷом ёфтааст? Ин ба тасмими шумо барои таъсиси созмони "Қадам ба қадам" пайвастагие дорад?

-Холо фурсати пешниҳоди фарзияҳо нест. Инро дар додгоҳ муаяйн хоҳем намуд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳе қабл Далер Шарипов эълон дошт, ки дар якҷоягӣ бо гурӯҳе аз ҷавонон созмони "Қадам ба қадам"-ро таъсис хоҳад дод. Бартараф кардани маҳалагароӣ ва муттаҳид кардани ҷавонони Тоҷикистон яке аз аҳдофи аслии таъсиси созмон арзёбӣ гардида буд.
Барои то андозае муайян намудани он ки чаро ва кӣ манфиатдор аст, то хабарнигорон мавриди шиканҷа қарор бигиранд, ба чанд коршинос муроҷиат намудем. Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик мегӯяд, ки хабари латукӯб шудани Далерро субҳи зуд шунидааст. Ба бовари номбурда ҳоло барои айбдор кардани нафаре ва ё гурӯҳе ба ин ҳодиса зуд аст.

"Вале ман ба ҳеч ваҷҳ гуфта наметавонам, ки латукӯб хусусияти маишӣ дошт. То ҷое Далерро мешиносам, у ҷавони сигоркашу шаробнӯш нест. Илова бар ин ӯ тарбияи хубу динӣ ҳам дорад. Аз ин ҷо метавон хулоса баровард, ки ин ҳамла фаромишӣ будааст. Аммо кӣ фармоиш додасту бо чӣ сабаб? Инро танҳо баъд аз баёноти фарди дастгиршуда метавон гуфт".
Ҳамзамон наметавон гуфт, ки Далерро барои фаъолияти хабарнигориаш латукӯб кардаанд. Гузашта аз ин ҳамлаи мазкурро ман наметавонам ба таъсиси созмони ҷавонон рабт бидиҳам. Зеро ин созмон як иқдоми безарар барои ҷомеа буд, мегӯяд Раҷаби Мирзо.

Аммо ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова дар ин маврид назари дигар дорад. Ба бовари номбурда дар Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои "ҷиноятӣ" қабл аз баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ба монанди интихоботи президентӣ ва парлумонӣ мақомоти махсус ҳатман як амалиёте анҷом медиҳанд. Зеро онҳо барои таъсиси чунин созмону гурӯҳҳои ташабускор қабл аз маъракаҳои сиёсӣ манфиатдор нестанд. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ огоҳӣ дорем, ки ҳар созмону гурӯҳ бо ҳадафҳои ниҳоии худ дар ҷомеа метавонанд таъсиргузор бошанд. Барои мисол ҷанҷол ва нигарониҳои хурду оддӣ дар кишварҳои Араб ба сарнагунии ҳукумат оварда расонд. Аз ин лиҳоз кишвари мо ҳам истисно нест. Як падида муқаррарӣ дар ҷомеаи мо ин аст, ки қабл аз интихобот мақомот фаъолият бурда, таъсисёбии ҳар гурӯҳу созмонро иҷозат намедиҳанд. Фаъолияти сиёсӣ танг мешавад. Бидуни таъсиси гурӯҳу созмонҳои ҷавонон ҳам фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон хеле маҳдуд аст ва ворид гардидани гурӯҳи дигарандеш ба чунин давра ғайриимкон аст.
"Албатта гурӯҳе мегӯянд, ки созмони "Қадам ба қадам" ҳоло фаъолияти худро ба роҳ намондаасту барои ба вуҷуд овардани афкори умум низ чандон таъсиргузор нест. Аммо ноогоҳии мардум аз эҳтимоли таъсисёбии ин гурӯҳ маънои онро надорад, ки мақомот аз он бехабаранд. Интихобот наздик мешавад. Омодагӣ ҳам шурӯъ шудааст. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ҳукумат ҷонибдори фаъолшавии ҷавонон нест. Аз эҳтимол дур нест, ки шояд фармоишгари латукӯб мақомот бошад", мегӯяд Файзиниссо Воҳидова.

Ин гуфтаҳоро Иззат Амон тақвият бахшида мегӯяд, ки Далер бо чанде аз ҷавонони дигар тасмим дошт бар зидди падидаи номатлубе мубориза бубарад, ки ҳукумати феълӣ аз он манфиатдор аст. Зеро маҳалгароиву хешутаборчигӣ бештар дар сатҳи баланди сиёсӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин боиси ақибмондагии давлат гаштааст. Оғози мубориза бо маҳалгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аз он далолат медиҳад, ки ҷомеа оҳиста-оҳиста фаъол хоҳад шуд.
"Аз ин хотир ба ҷавонони дигаре, ки мисли Далер мехоҳанд бо ин маризӣ мубориза баранд бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Чунки вазъияти сиёсии кишвар ба гунае бад шудааст, ки ташвишовар мебошад", илова намуд Иззат Амон.
Номбурда дар идома гуфт, ки мақомоти марбутаи кишвар барои пайдо кардани муҳоҷимони хабарнигори ҷавон бояд тамоми чораҳоро биандешанд.
Гуфта мешавад барои аввалинбор нест, ки хабарнигорон дар Тоҷикистон  мавриди ҳамлаи гурӯҳе қарор бигиранд. Дар солҳои охир рӯзноманигороне мисли Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Комрони Саидаҳмад  барои фаъолияти касбӣ мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)