Бахшҳо
23 май 2012 12:15Иҷтимоӣ

Беэҳтиромӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ

Чанд рӯз қабл як шаҳрванд дар тамос ба нашрияи «Озодагон» гуфт, ки нисбат ба ӯ дар автобуси № 3 беэҳтиромӣ ва бадрафторӣ сурат гирифта ва ҳатто  пулҷамъкуни нақлиёт аз вай танга нагирифтааст. Ин шаҳрванд аз мо хост ошкор созем, ки чаро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ин ҳама бадрафторӣ нисбати мусофирон сурат мегирад ва сазои ин беэҳтиромиҳо чӣ хоҳад буд?

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ ба телефони боварии автобус занг задем. Масъули Корхонаи воҳиди давлатии автомобилӣ, ки то интиҳои сӯҳбат номашро нагуфт бо мо ҳамсӯҳбат шуд ва ба чанд суоли посух гуфт. Ба ӯ шикояти мусофирро расонидем, ки чунин шудааст ва бисёре аз шаҳрвандон низ гила мекунанд, ки автобусҳо дар истгоҳ аз ҳад зиёд таваққуф мекунанду хидматрасонӣ дар ин автобусҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Ин масъул мегӯяд, ҳолатҳое мешавад, ки мусофирон шумори автобусҳоро мегиранду ба назди мо омада мавзуъро дар миён мегузоранд, вале дар бештари маврид иштибоҳ аз ҷониби мусофирон аст. Вай аз ҷумла таъкид кард:

«Зеро корманди ҳукумат дафтарчаи сафарӣ дораду дар он гуфта нашуда аст, ки бояд бепул ҳаракат кард. Шаҳрвандон автобуси давлатиро бо «Старекс» иштибоҳ мегиранд. Норозигӣ мекунанд, ки чаро автобус оҳиста меравад? Чунки автобус ҳам аз рӯи нақша ҳаракат мекунаду то 280-300 сомонӣ нақшаи пардохт дорад ва то 200 литр сӯзишворӣ масраф мекунад. Агар дар истгоҳ наистаду мусофир ҷамъ накунад, аз куҷо нақшаи худро иҷро карда метавонад? Вақте 60 литри сӯзишвориро мо таъмин намудем, мунтазирем то автобус 300 сомонии нақшаро иҷро кунад. Онҳо ҳам маоши худро доранд. Автобус «Старекс» нест, ки тез ҳаракат кунад. Зимнан, дар истгоҳҳо нафақахурону беморон ҳам ҳастанд, ки савор шудани онҳо вақти зиёд мегирад. Ин автобусҳо бояд бо суръати 60 ҳаракат кунанд ва онҳо нақшаи худро доранду ин тавр нест, ки 4 нафарро бор кунанду бо ҳамин кор тамом. Ман ба ҳайси масъул ҳангоми ба кор омадан дар автобус наменишинам, ки 1 соат вақт гирад, балки дар «Старекс», ки 30 дақиқа замон мебарад, савор мешавам. Касе ба мо кӯмак намекунаду мо худамон хароҷотамонро мепӯшонем ва мехоҳем боз ба мардум хидмат кунем, аммо мебинем, ки шаҳрвандон норозиянд».

Ин масъули КВД - и автомобилӣ иброз дошт, ки шаҳрвандон пеши табиб мераванду ҳар маблағеро мепардозанд, аммо дар автобус барои додани 1- сомонӣ ҷанҷол мекунанд. Дар ҳамин ҳол ин масъул эътироф кард, ки беэҳтиромиҳо нисбати мусофирон рух медиҳад ва сабабгори он муҷозот мешавад. Ҳар қадар аз ин масъули КВД - и автомобилӣ суол кардем, ки нисбати онҳо чи ҷазое пешбинӣ шудааст, аз додани ҷавоб дар ин хусус худдорӣ кард.

Ронандаҳо муқассиранд ё мусофирон?

Борҳо мушоҳида мекунем, ки даргириҳои лафзӣ бештар дар «Тангем»-у «Старекс»-ҳо байни мусофирону ронандагон рух медиҳад. Ин даргириҳои лафзӣ байни ҳар мусофиру ронандае пеш меояд, ки дар ин ҳангом ҳар кадом аз сухани худ барнамегарданд ва дар ҳолатҳое ин баҳсҳо бо нороҳатӣ ва дашном додан хотима меёбад. Ба ростӣ, сабаби пайдоиши ин даргириҳо чист?
Ронандагони хатсайрҳо мисли ҳамеша ҳақро ба ҷониби худ пиндошта мусофиронро гунаҳкор медонанд. Онҳо сабабҳои гуногунеро дар пайдоиши ин ихтилофот матраҳ мекунанд. Яке хасисии мусофирон дар пардохти пулро иллати ин даргириҳо медонад ва дигаре надонистани одоби нишаст дар нақлиёти ҷамъиятиро баён мекунад. Саввумӣ бошад, ҷои зиёд ишғол кардани мусофиронро омили вуқуъи низоъҳо медонад.

Ронандаи хатсайри № 25 Ҷамшед мегӯяд, ки баъзе мусофирон вақте савори мошин мешаванд, тавре мешинанд, ки ҷои 2 то 3 нафарро мегиранду ба мо зарар мерасонанд: «Вақте ба онҳо мегӯӣ, ки камтар як тараф шинед то мусофири берун савор шавад, ба ин суханон бетаваҷҷуҳӣ карда мегӯянд, ки ҷо несту шумо мехоҳед одам савор кунед. Ин ҳолатҳо хеле зиёд иттифоқ меафтанд ва ҳатто бархе аз онҳо бо ду кӯдаки худ савор мешаванду танҳо 1 сомонӣ медиҳанд. Мо ҳам хароҷоти худро дорем. Аз як тараф барои бензин пул медиҳем ва хароҷоти барасмиятдарорӣ низ зиёд аст».          
Ронандаи дигаре, ки худро Неъматуллоҳ муаррифӣ кард, мегӯяд, мусофирон ба шумори хатсайр нигоҳ накарда мешинанду баъде, ки фаҳмиданд иштибоҳ нишастаанд, ба мо дармеафтанд ва фаромада дари мошинро сахт мекубанд. Баъзан, ҳангоми нишастанашон дар мошин мегӯем, ки то Сирк меравему мегардем, амо замоне ба Сирк расидем, сару садо баланд мекунанд, ки барои чӣ ба мо нагуфтӣ. Ронандаи дигар Рустам бошад, нархи роҳкироро сабаби ин даргириҳо дониста мегӯяд, ки аз «Саховат» то «БДА» мешинанду танҳо як сомонӣ медиҳанд, вақте аз онҳо 1 сомонии дигар талаб мекунӣ, доду вой мебардоранд.    

Аммо шаҳрвандон дар ин бора назари дигар доранд. Замира Раҳимов дар ин хусус мегӯяд, ки бисёре вақтҳо ронандагон садои мусиқии мошинашонро баланд мекунанд, ки ин на ба ҳар касе хуш меояд. Вай афзуд: «Як нафар бемор дар мошин ҳузур дорад, одами пир аст, ки ба садои баланди чунин мусиқиҳо тоб оварда наметавонад. Борҳо шоҳид будам, ки мусофирон ба ронанда мегуфтанд, ки садои мусиқиро камтар кунад, аммо вай ба суханони онҳо беиътиноӣ карда гуфт, ки мошини худам аст».

Дигар ҳамсӯҳбати мо Раъно Идиева аз меъёр зиёд савор кардани мусофирро оғози ихтилофот дониста мегӯяд, дар «Старекс»-ҳо меъёри ҷои нишаст 8 нафар аст, аммо мебинем, ки то 10 нафар ҳам савор мекунанду ин нақлиётро ба автобус табдил медиҳанд.
Масъалаи дигаре, ки шаҳрвандон аз он гила мекунанд, ин нархи кирояи роҳҳост. Мусофирон бояд тибқи қарор роҳкироро пардохт намоянд. Мувофиқи он ҳақи пардохт дар мусофиркашҳое, ки аз масофаи 9 километр бештарро тай мекунанд, 1 сомониву 60 дирам аст. Аммо баҷои он ронандагон аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекунанд. Хамчунин дар масофаҳое ба ҷои 80 дирам 1 сомонӣ талаб мекунанд. Ин беназмӣ нишон медиҳад, ки қарори шаҳрдорӣ танзими худро наёфтаасту аз мусофирон пули зиёдтар ситонида мешавад. Барои мисол, аз «Қарияи боло» то «Сирк» 2 сомонӣ ҳам талаб мекунанд, вале тибқи қарор бояд 80 дирам пардохт гардад. Ба тавре, ки бештари ронандаҳои хатсайри «Корвон»- «Саховат» дар рӯзҳои таътил аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекунанд.     

Фарҳангу менталитети мардум паст аст

Аммо коршиносон сабабҳои гуногунеро сабаби вуқуъи ин даргириҳо медонанд. Аз ҷумла вазъияти бади иҷтимоиву иқтисодии мамлакат. Ба қавли онҳо, шароити ҳоким бар кишвар боис шуда то мардум камтаҳаммул гарданду зуд ба ҷӯш оянд. Илова бар ин, одамони зиёде аз гӯшаву канори деҳаҳо ба шаҳрҳо омадаанду фарҳанги шаҳрнишинӣ ва тарзи рафтор дар маконҳои умумӣ ва нақлиёти ҷамъиятиро намедонанд ва худи мардуми шаҳр ҳам ба хотири хамин шароити нохуби иқтисодиву иҷтимоӣ таҳаммулпазирияшон коста гардидааст.
Дар ҳамин ҳол корманди шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон Баҳодур Истамов сар задании ин низоъҳоро дар нақлиёти ҷамъиятӣ пеш аз ҳама ба падару модари онҳо ва муҳите, ки ашхос дар он тарбия меёбанд, вобаста медонад.

Инчунин бисёре аз таҳлилгарон дар сатҳи баланд қарор надоштани менталитети мардумро боиси бурузи ин кашмакашҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ медонанд. Онҳо мӯътақиданд, ки бояд мақомот вазъияти иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро беҳтар гардонанд.              
Дар ҳар кишваре, ки фарҳанги мардумаш дар дараҷаи болотаре қарор дошта бошад, чунин бигумагӯҳои лафзӣ дар он мамлакат камтар дида мешавад. Сатҳи фарҳанги мардум таъсири фаровоне дар тарзи бархурди онҳо бо ҳамдигар дар нақлиёти ҷамъиятӣ дорад. Дар ҳамин маврид ҷомеашинос Зарафо Раҳмонӣ муносибати дағалонаи ронандагон ва пулҷамъкунонро дар нақлиёти мусофиркаш бо фарҳанги пасти онҳо дар иртибот дониста мегӯяд, ки рафтори ноҷои онҳо нишон медиҳад, ки аз одоби муошират бехабаранд. Ӯ аз ҷумла таъкид дошт: «Албатта баъзеҳо вазъияти бади иқтисодиро матраҳ мекунанд, ки кайҳост дар зеҳнияташон ҷо гирифтааст. Ва ҳарчанд ронандагон аз саҳар то шом пушти фармони мошинанду зуд асабӣ мешаванд, вале ба ҳар ҳол онҳо бояд муомилаи хубе аз худ нишон диҳанд. Ин муносибатҳои нодуруст байни ронандагону мусофирон дида мешавад, ки ба хушунат кашида шудани он аз эҳтимол дур нест».

Ба гуфтаи Зарафо Раҳмонӣ роҳи бурунрафт аз ин вазъият ин аз тариқи ВАО, радио ва телевизион нишон додани фарҳанги муоширати саҳеҳ мебошад. Ба ронандагон ва пулҷамъкунҳо бояд аз роҳи омӯзиш фарҳанги дурусти муомилаву муошират ёд дода шавад то хидмати холисонаи онҳоро ҳама бинанд. Нафароне ҳам, ки дар нақлиёти мусофиркаши давлатӣ фаъолият мекунанд, нисбати онҳо аз ҷониби роҳбаронашон муносибати дурусте дида намешавад ва ба ҳамин хотир онҳо аз ҷониби роҳбарони худ ин гуна дағалиҳоро мебинанду хашму ғазаби худро бар сари мардуми бечора холӣ мекунанд. Бинобар ин онҳо бо фарогирии тарзи муомилаи муносиб, ба роҳбаронашон нишон хоҳанд дод, ки тарзи муошират чигуна аст.

Мушкилоти молӣ танҳо як паҳлӯи масъала аст. Худи ронандаҳо мегӯянд, ки ба хотири набудани ҷои кори муносиб ба ин кор машғуланду даромади ночизе доранд. Ронандагон иддао доранд, ки аз онҳо барои ҳаққи роҳу тармими ҷоддаҳо чандин намуди андозҳо ситонида мешавад, ки барои талаботи роҳҳо кофӣ нест ва онҳо ҳақи хидмати худро пардохт карда наметавонанд. Ҳамаи инҳо боис мегардад то онҳо бархурди хашине бо мардум дошта бошанд.

Сиёвуш Қосимзода



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)