Бахшҳо
28 май 2012 07:07Сиёсат

Арзёбии сиёсати ҳастайии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мантиқи сиёсати ҳастаии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар хилофи мантиқи боздорандагӣ, бе ягон далел дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ ва кудрати боздорандагии он нест, чунки ин мантиқ худ боиси эҷоди ноамнӣ барои ин кишвар мешавад.

Соли 2002 масъалаи ҳастаӣ ба яке аз муҳимтарин нигарониҳои сиёсати хориҷии давлати ҶИЭ табдил шуд, масъалае, ки ҳамвора аз сӯи ҷомеаи байналмилал ва ниҳодҳои он ба унвони таҳдиде нисбат ба амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва ҳамчунин сарпечии давлати Эрон аз режими адами густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ, бознамоӣ шуда аст.
Дар муқобили ин фишор ва ҳасосиятҳои муҳитӣ (экологӣ), баррасии сиёсати давлати Эрон дар заминаи ҳастаӣ нишон медиҳад, ки ин кишвар аз ду гузинаи сиёсатгузоронаи ҳамкории комил ва беқайду шарт бо Ожонси байналмилалии энергии атомӣ ва ё адами ҳамкории комил бо ин Ожонс, мавзеи байнобайнеро интихоб карда ва ба сиёсати "нисбатан созишнопазир ва муқовиматҷӯёна" дар баробари дарундодҳои берунӣ, рӯй оварда аст.

Бархе аз нишондиҳандаҳои ин сиёсат дар ду ҳавзаи кунишҳои рафторӣ ва ҳавзаи кунишҳои гуфторӣ, иборатанд аз: пайравӣ накардани комил аз дархостҳо ва тақозоҳои берунӣ, эҷоди қавонини дохилӣ барои ҳимоят аз фаъолиятҳои ҳастаии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон, мавзеъҳои эъломшудаи мақомоти давлатӣ дар ростои ҳимоят аз сиёсатҳо ва иқдомоти ҳастаии давлат ва дар ниҳоят, мавозеи эъломии мақомоти давлатӣ дар рад ва беэътибор донистани баъзе аз тасмимот ва қатъномаҳои байналмилалӣ.
Аз сӯи дигар, бо баррасии ҳаҷми қатъномаҳо, баёнияҳо ва ҳамчунин таҳримҳои байналмилалӣ дар қиболи барномаи ҳастаии Эрон, ин савол барои ҳар пажуҳишгар ва таҳлилгари сиёсати хориҷӣ пеш меояд, ки аслитарин далели идомаи фаъолиятҳои ҳастаӣ тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сиёсати созишнопазири ин кишвар дар ин ҳавза, бо вуҷуди фишорҳои муҳитӣ, чист?

Дар ҳамин робита, баррасии осори марбут ба масъалаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон, нишон медиҳад, ки дар канори осори паёмадмеҳвар, таърихимеҳвар, ҳуқуқимеҳвар ва роҳиҳалмеҳвар, фақат бахше аз адабиёти марбут ба масъалаи ҳастаии Эрон, мабнои таҳлили худро бар рӯи хостгоҳ ва ё ангезаи ин давлат аз фаъолиятҳои ҳастаӣ қарор доданд. Ҳаҷми бештари осор ғолибан бо нигоҳи амниятимеҳвар ва бар асоси таҳлилҳои воқеъгароёна ва воқеъгароёнаи нави равобити байналмилал, бо баёни низомӣ будани фаъолиятҳои ҳастаии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳити амниятии ин давлат ва талош дар ҷиҳати боздорандагиро, омили аслии ин фаъолиятҳо баён мекунанд.
Дар воқеъ, ин даста аз таҳлилгарон бо нигоҳе комилан воқеъгароёна аз назарияи боздорандагии ҳастаии Волтез, фаъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва созишнопазирии ин кишвар дар ин заминаро, бар асоси мабонии айнӣ ва таҳдидоти минтақаӣ ва посухи ақлонӣ ба ин таҳдидот, шарҳ медиҳад.
Мутобиқ бо ин дидгоҳ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як муҳити ноамни минтақаӣ қарор гирифта ва ба унвони кунишгари ақлонӣ, боястӣ барои аз байн бурдани таҳдидот, қудрати боздорандагии худро афзоиш дода ва бо идомаи фаъолиятҳои ҳастаӣ ва созишнопазирӣ дар ин замина, ба аҳдофи худ даст ёбад. Аммо бо баррасии иқдомоти давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва равияи ин кишвар дар пайвастан ба тамоми муъоҳидоти марбут ба силоҳҳои куштори дастаҷамъӣ ва ҳамчунин баррасии мавозеъи эъломишудаи мақомоти ин кишвар дар ду сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ, ба ин натиҷа мерасем, ки силоҳҳои ҳастаӣ ҳеч ҷойгоҳе дар раҳномаи дифоъии давлати Эрон надошта ва ин кишвар бар асоси мабонии фиқҳӣ ва исломӣ, ҳатто дастёбӣ ба ин силоҳҳоро низ муҷоз намедонад.

Аз сӯи дигар баррасии гузоришҳои Ожонси байналмилалии энергии атомӣ низ дар иртибот бо фаъолиятҳои ҳастаии давлати Эрон, нишон дод, ки бозрасони ин ниҳод то кунун натавонистаанд, аз вуҷуди низомӣ будани фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар асаре биёбанд. Дар канори ҳамаи ин маворид, баррасии дақиқи чолишҳои амниятии муҳити минтақаӣ давлати Эрон низ нишон дод ҷиддитарин таҳдиде, ки барои ин давлат метавонад вуҷуд дошта бошад, масъалаи Исроил ва сипас ҳузури нерӯҳои низомии Амрико дар ҳамсояги бо Эрон аст, ки албата давлати Эрон  бо истифода аз нерӯҳои  дифоъӣ - низомии худ, аз ҷумла мушакҳои болистикӣ, метавонад боздорандагии лозимро дар қиболи ин таҳдидоти билқува ба даст оварад.

Банобар ин, рафтори давлати Эрон дар заминаи ҳастаиро наметавон дар қолаби як рафтори амниятҷӯёна ва барои муқобила бо таҳдидоти амниятии ин кишвар қарор дод. Чаро ки идомаи фаъолиятҳои ҳастаӣ тавассути давлати Эрон ва ҳамчунин созишнопазирӣ дар ин замина, худ метавонад мунҷар ба таҳдидоти ҷиддитаре аз ҷониби ҷомеаи байналмилал барои ин кишвар шавад; таҳдидоте, ки то ба имрӯз дар қолаби таҳримҳои иқтисодии байналмилалӣ буда ва метавонад бо идомаи фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар ба гузинаи низомӣ низ мунҷар шавад ва ба осонӣ амнияти ин кишварро бо хатароти ҷиддӣ рӯбарӯ гардонад. Бад-ин тартиб, мантиқи сиёсати ҳастаии давлати Эрон бар хилофи мантиқи боздорандагӣ, ба ҳеч ваҷҳ  дастёбӣ ба силоҳи ҳастайи ва қудрати боздорандагии он набуда, чаро ки ин мантиқ худ боиси эҷоди ноамнӣ барои ин кишвар мешавад.

Рӯйкарди дуюм, асароти ангезамеҳвари дигаре мебошад, ки бар асоси таҳлилҳои иқтисодӣ ва бар асоси рӯйкардҳои либералистии  равобити байналмилал, хостгоҳ ва ангезаи аслии фаъолиятҳои ҳастаии Эронро таъмини амнияти энергӣ баён мекунанд; агарчи теъдоди ин осор аз осори амниятмеҳварӣ хеле камтар аст.
Дар канори ин ду рӯйкарди аслӣ, ки бидуни таваҷҷӯҳ ба сохторҳои маъноӣ  ва хаёлӣ ва бо дар назар гирифтани давлати Эрон ба унвони як кунишгари сирф ақлонӣ, барои ин давлат манофеъи модии аз пеш таъиншудаеро таъриф карда ва сиёсати ҳастаии ин кишварро низ дар ҳамин росто рушан мекунанд. Ин гуфтор дар назар дорад то бо интихоби як дидгоҳи маъногаро ба баҳс дар мавриди аслитарин далели сиёсати созишнопазири Эрон дар заминаи ҳастаӣ, бо вуҷуди фишорҳои байналмилалӣ бипардозад ва фарзияи аслии худро бо илҳом дар чаҳорчӯби назарии созаангорӣ, ироъа дахад, чаро ки дар таҷзия ва таҳлили сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи созаангорӣ бар хилофи мантиқи хурдгароӣ, муъамои амниятӣ, нуктаи оѓози таҳлили муносиботи миёни давлатҳо ва сиёсати хориҷии онҳо нест; чаро ки давлатҳо бар асоси ҳувияти худ ва бардоште ки аз муҳит доранд, даст ба интихоби гузинае мезананд ва сиёсатеро барои худ бармегузинанд, ки ҳатто мумкин аст амнияти физикии онҳоро низ ба хатар андозад; сиёсате, ки асосёфта бар “мантиқи натиҷаҳо” набуда ва комилан бар асоси “мантики зебандагй ва таносуб” аст.

Модели созаангорона аз тафсир ва таҳлили сиёсати хориҷӣ

Бар асоси ин модел, ибтидо бояд ба баррасии мабонии ҳувияти дохилии як кишвар бипардозем; пояҳои ҳувиятие, ки дарбаргирандаи сохторҳои маъноӣ ва ангорае муштарак дар сатҳи дохилӣ буда ва сарчашмаҳои дарунии ҳувиятии Эронро шакл медиҳанд. Ин мабонӣ, ки шомили ду бахши нисбатан ҷудогона, аммо дорои таъсири мутақобил бар якдигар ҳастанд, шомили ҳанҷорҳо ва омӯзаҳои нашъатгирифта аз фарҳанги мазҳабӣ- исломӣ, бо таькид бар унсурии шиъӣ (талош барои ваҳдати исломӣ, адолатхоҳӣ ва зулмситезӣ, нафйи вобастагӣ ба бегонагон, бар асоси қоидаи нафйи сабил, истодагӣ ва муқовимат ва ҳифзи манфиатҳои низоми исломӣ) ва ҳамчунин ихторҳо ва идрокоти мавҷуд дар фарҳанги сиёсии эрониён (истиқлолхоҳии бархоста аз таҷрибаи таърихӣ, адами эътимод ба бегонагон, ба хусус Ғарб ва ормонгароӣ) аст. Ин ду даста аз манобеъи маъноӣ бо пайвастагӣ ба якдигар ва шаклдиҳӣ ба ҳувияти давлати Эрон, нақшҳои мутафовите низ барои ин давлат дар рӯёрӯӣ бо дунёи берун, таъриф мекунанд ва боиси таквини навъеи ҳувияти “ инқилобӣ - исломӣ” барои ин кишвар мешавад.

Ин манобеи маъноӣ ва сохторҳои ангораӣ бо таърифи воқеъият барои як кунишгар, ақлонияти вайро низ шакл дода ва мунҷар ба бурузи рафторҳо ва сиёсатҳое мешавад, ки фақат ба сабаби он ки мутаносиб бо ин сохторҳои маъноӣ буданд; рафторҳое, ки ҳатто аз дидгоҳи воқеъгароёна метавонад мавҷудият ва ё амнияти сарзамини давлатро низ ба хатар андозад. Бо баррасии ин манобеъ ва нақшаҳои ҳувияти асосёфта бар он, дармеёбем, ки навъе ҳувияти шаклгирифта барои давлати Эрон, ҳувияти “инқилобӣ - исломӣ” аст; ҳувияте, ки баргирифта аз шинохти ин низом аз худ буда ва мунҷар ба таърифи марзҳое миёни ин давлат ба дунёи берун мешавад. Ин ҳувият ҳамчунин як абзори шинохтӣ ва арзишгузорӣ низ барои давлати Эрон дар иртибот бо шинохти дунёи хориҷ ироъа медиҳад. Аз сӯи дигар, шинохти ҳамин манбаъҳои байнозеҳнӣ аст, ки метавонад ба мо нишон диҳад, чи гуна дифоъ аз ҳувият метавонад нигаронии аслии сиёсати хориҷии як давлат, аз ҷумла Эрон дар низоми байналмилал шавад ва инки чи гуна равияҳои хос барои ин давлат дар саҳнаи дохилӣ ба байналмилалӣ имконпазир ва машруь мегарданд; дар ҳоле ки ҳамин равияҳо барои дигар давлатҳо номумкин ва ѓайриқобили тасаввуранд.

Аз сӯи дигар бо баррасии гуфтумонҳои мухталиф сиёсати хориҷии низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин натиҷа мерасем, ки ин ҳувияти шаклгирифта дар тамоми давраҳои сиёсати хориҷаи низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон  баъд аз вуқуъи инқилоб то ба ҳол собит буда ва нақшҳои нисбатан яксонеро барои ин давлат дар саҳнаи низоми байналмилал эҷод карда аст; агар чи дар ҳар давра барои бознамоии ин нақшҳо, намунаҳои мутафовите дар назар гирифта шуда аст. Барои мисол, давлати Эрон бар асоси асли “ҳифзи манфиатҳои низоми исломӣ” ва ба унвони як давлати “умулқурои илхомбахш ва раҳбари ҷаҳони ислом”, бояд бо расидан ба худкифоии ҳастаӣ ва ҳамчунин дастёбӣ ба чархаи комили сӯхт ва ба даст овардани ҳуқуқи худ дар ин бора, мавқеияти  худро ба унвони раҳбари ҷаҳони ислом, ҳамчунон ҳифз намуда ва дар ин росто табдил ба намунаи ибрати  муқовимат, қудрат ва истодагӣ дар миёни дигар кишварҳои исломӣ ва ғайримутааҳид, матраҳ шавад.

Давлати Эрон ҳамчунин бар асоси риволи ҳувияти истиқлолхоҳӣ ё радди вобастагӣ ба бегона ва ба унвони давлати мустақил ва ѓайримутааҳид бояд дар ҳеч заминае, аз ҷумла дастёбӣ ба фановарии ҳастаӣ, ба давлатҳои бегона вобаста набошад. Банобар ин, тибқи ин нақш ҳувияте аст, ки ин давлат алораѓми фишорҳои берунӣ ва қатъномаҳои содира, қонуни “Дастёбӣ ба фановарии сулҳомези ҳастаӣ”-ро дар таърихи 15 май соли 2005 тасвиб кард, то тибқи ин қонун, чархаи комили сӯхти ҳастаӣ ва ҳамчунин урани мавриди ниёз барои нерӯгоҳҳои ҳастаии худро бидуни иттико ба ҳар гуна кумаки хориҷӣ ба даст оварад.

Банобар ин, давлати Эрон дар заминаи ҳастаӣ мутобиқ бо ҳамин арзишҳо ва қоидаҳои тавондиҳанда  ба ҳувияташ, манофеи хосеро барои худ дар ин ҳавза таъриф мекунад ва мутобиқ бо ҳамин манофеъи таърифшуда аст, ки сиёсат ва ҷиҳатгирии худро таъриф мекунад. Бархе аз муҳимтарин манофеъ  иборатанд аз: расидан ба худкифоии ҳастаӣ, дастёбӣ ба чархаи комили сӯхт ва ба таъхир наандохтани ғанисозии уран.
Нуктаи охир он ки миёни равияҳо ва сиёсатҳои созишнопазири давлати Эрон дар қиболи мавзӯъи ҳастаӣ ва ҳамчунин ҳувияти инқилобӣ- исломии ин кишвар, як робитаи қавомбахши мутақобил вуҷуд дорад; ба ин маьно, ки аз як сӯ ҳувияти шаклгирифта дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон  боиси шаклгирии ва таквини сиёсати созишнопазири ин кишвар дар заминаи ҳастаӣ мешавад ва аз сӯи дигар, такрор ва бозтавлиди ҳамин сиёсат ба таквин ва қавоми мутақобили ҳувияти ин давлат меанҷомад.

Бинобар ин метавон ин гуна баён намуд, ки аз як сӯ ҳар гуна тағйири асосӣ дар сиёсати давлати Эрон дар қиболи мавзӯъи ҳастаӣ ниёзманди тағйир дар манобеи ҳувияти ин кишвар дар дарозмудат ва бозандешӣ дар мавриди нақшҳои ҳувияти асосёфта бар он аст ва аз сӯи дигар, ҳар гуна роҳи ҳали байналмилалӣ, ки барои ҳаллу фасли ин мавзӯъ матраҳ мешавад, бояд комилан ба дарки сохторҳои маъноӣ ва таҷвизоти сиёсатгузоронаи бархоста аз он ки масъулин ва ҳамчунин мардуми низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро дар худ фаро гирифта аст, таваҷҷӯҳи комил дошта бошад. Чаро ки мутобиқ бо ин сохторҳои маъноӣ давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони раҳбари ҷаҳони ислом бояд ҳамчунон ба унвони мазҳари истодагӣ, муқовимат ва адолатхоҳӣ дар низоми байналмилал шинохта шавад.

Манбаъ: Хабаргузории Форс
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)