Бахшҳо
31 май 2012 10:26Гузориш

Ҷанги бидуни ғолиб ё кишварҳои минтақаро аз ҷанги Амрикову Эрон чӣ ба сар хоҳад омад?

Таҳоҷуми эҳтимолии Амрикову Исроил болои Эрон аз мавзӯи меҳварии ВАО гаштааст. Дар сурати амалӣ шудани ин ҳамла Тоҷикистону Афғонистон ва соири кишварҳои ҳамсоя чӣ вазъияте хоҳанд дошт?

Збигнев Бжезинский, сиёсатшиноси амрикоӣ замони шурӯи ҷанги Амрикову Исроил бо Эронро октябри соли равон тахмин кардааст. Дар сурати шурӯи ин ҷанг мардуми қисмати ғарбӣ ва ҷанубу ғарибии Афғонистон дар минтақаи аз ҳама осебпазир ва шояд минтақаи даргириҳо қарор бигиранд. Гап сари он аст, ки ин қисмати Афғонистон аз сӯи нерӯҳои Амрикоиву Эътилофи шимол ҳамчун пойгоҳҳои ҳарбии таҳоҷум болои Эрон истифода хоҳанд шуд. Музофотҳои Ҳирот, Фараҳ ва Нимрӯзи Афғонистон эҳтимол ба маркази даргириҳо табдил гарданд.  

Бино ба таҳлилҳои коршиносони Маркази омӯзиши Афғонистони муосири Академияи улуми Русия низои ҳарбии ИМА ва Эрон пеш аз ҳама бо зарбаҳои пуршиддати ҳавоиву мушакии Амрикову иттифоқчиёнаш -Бритониё ва Исроил ба болои иншоотҳои ҳастаии Эрон, пойгоҳҳои ҳарбӣ, марказҳои захоир, истеҳсол ва кашфи нафт ва дигар марказҳои ҳаётан муҳими Эрон шурӯъ хоҳад шуд. Бо назардошти мустақар будани чанд пойгоҳи ҳарбиву ҳавоии бузурги амрикоӣ дар Багром ва музофоти Ҳироти Афғонистон, бахсусус пойгоҳи бузурги ҳавоии Шиндонд бо боварӣ метавон тахмин зад, ки тайёраҳои ҳарбии Амрико дар ин таҳоҷум болои иншоотҳои ҳаётан муҳими Эрон аз ин аэродром истифодаи бевосита хоҳанд дошт.

Нақши калидиро дар таъмини ҳуҷумҳои ҳавоӣ, ба эҳтимоли ин таҳлилгарон, фурудгоҳи ҳарбии Шиндонд, ки ҳанӯз аз сӯи мутахассисони шӯравӣ сохта шуда, дар минтақаи ғарбии музофоти Ҳирот ҷойгир аст, мебозад. Айни замон дар ин фурудгоҳ нерӯҳои амрикоӣ, афғонӣ ва итолиёвӣ мустақаранд.
Ба ғайри ин шаҳри Шиндонд дар наздикии шоҳроҳи ҳалқавии пайвандкунандаи ҳамаи навоҳии ғарбии Афғонистон ҷойгир буда, ин шоҳроҳ низ дар сурати шурӯи ҷанг барои интиқоли нерӯҳои пиёдагарду техникаи низомӣ ба минтақаҳои ҳамсарҳади Эрон - музофотҳои Ҳирот, Нимрӯз ва Фараҳ истифода хоҳад шуд.

«Моро ба дасти худ задан, ойини сардорҳои мост...»

Наметавон нодида гирифт, ки Теҳрон ин эҳтимолиятро аз мадди назар дур карда бошад ва дар сурати аз ин минтақаҳо шурӯъ шудани ҳамла бар сараш зарбаҳои ҷавобӣ назанад. Хавфу афсӯси мо дар он аст, ки аз ин зарбаҳо чӣ дар Эрон ва чӣ дар Афғонистон мардуми осоишта қурбон мешаванд.  
Яъне, Амрикое, ки чанд соли охир бо баҳонаи нест кардани терроризм ба қатли мардуми мусулмони Афғонистон машғул аст, тартиби нави нобуд кардани муслимин - аз тартиби бо дасти бародаронашон нест кардани онҳо кор хоҳад гирифт. Шояд ин байти шоир ба стратегҳои амрикоӣ роҳнамо шуда бошанд: «Моро ба дасти худ задан, ойини сардорҳои мост...»

Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки дар сурати зарбаҳо бар болои иншоотҳои ҳастаии Эрон, ки тибқи маълумотҳо асосан дар минтақаҳои ғарбӣ ва ғарбиву шарқии Эрон, дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон ва Турманистон қарор доранд, бадшавии вазъи радиатсионӣ ва ба миён омадани бӯҳрони экологӣ таҳдид мекунад. Албатта, бо вуҷуди он ки Душанбе нисбат ба шаҳрҳои наздисарҳадии Афғонистон дар минтақаи дуртар аз Эрон қарор дорад, аммо касе кафолат дода наметавонад, ки шамолу бод ба сӯи мо намевазад ва радиатсиаро болои мо намерезад?!

Бо баста шудани қисмати роҳи оҳан аз сӯи Ӯзбакистон, аксари воридот ба Тоҷикистон аз тариқи хоки Афғонистон сурат мегирад. Дар пайи оғоз шудани зарбаҳо ба пойгоҳҳои низомии амрикоии мустақар дар хоки Афғонистон хоҳу нохоҳ дигар иншооту роҳу муҳимоти ин кишвар тахриб мешавад ва албатта таъсири иқтисодие ба Душанбе мерасад, ки зиёнаш билоҳисоб хоҳад буд.
Аз сӯи дигар гуфтушуниду миёни Душанбеву Теҳрон дар масъалаи кашидани лӯлаи оби мусаффо аз Тоҷикистон ба Эрон, интиқоли нерӯи барқ аз Эрон ба Тоҷикистон дар фасли сармо як дилгармие меорад ва моро умедвор мекунад, ки бо вуҷуди ин ҳама дам-дамаву ҳам-ҳамаҳои ИМА таҳоҷум болои Эрон сурат намегирад. Ё Теҳрони расмӣ ба нерӯи худ бовар дорад.

Ҷанг роҳи муттаҳидӣ?

Бо вуҷуди ихтилофи мазҳабии эрониҳои шиа ва «Толибон»-и суннӣ таҳлилгарон бар ин назаранд, ки «Толибон» ва нерӯҳои Ҳизби исломии Афғонистони Гулбиддини Ҳикматёр албатта аз мавқеи Эрон пуштибонӣ хоҳанд кард. Вобаста ба тезутундшавии муносиботи ҳарбиву сиёсии Теҳрону Вашингтон интизор бояд шуд, ки таваҷҷӯҳи ҷосусии нерӯҳои таҳти контроли Эрон қарордоштаи афғонӣ ба минтақаҳои Ҳирот, Фараҳ, Нимрӯз ва ҳамчунин Ҳилманд, ки қисмати асосии нерӯҳои зиддиэронӣ дар ин ҷойҳо қарор доранд, зиёд хоҳад шуд.

-Мақсади «зарбаҳои интиқомӣ»-и ҷониби Эрон ва ҳаводорони афғонии он пеш аз ҳама барои афзун кардани норозигии мардуми маҳаллӣ нисбат ба нерӯҳои амрикоӣ, ки сабабгори ин зарбаҳо шудаанд, мебошад,-иддао доранд коршиносони Маркази омӯзиши Афғонистони муосири АУ Русия.
Ҳамчунин интизори ҳуҷумҳои интиқомии тарафдорони Эрон, аз ҷумла «Толибон» ва Ҳизби исломии Афғонистон ба иншоотҳои ҳарбии Амрико дар Кобул ва умуман тамоми Афғонистон бояд шуд ва яке аз натиҷаҳои эҳтимолии ин таҳоҷум барҳам задани  гуфтушуниди миёни саркардаҳои «Толибон»-у Амрико дар Қатар хоҳад гашт.
Ҳамчунин Гулбиддини Ҳикматёр, ки то соли 2001 дар Эрон панаҳ мебурд, лутфу кӯмаки Эронро фаромӯш накардааст ва ҳамчунин ҳуҷуми Амрико метавонад ба гуфтушуниди Кобули расмиву Ҳизби исломии Афғонистон латма ворид созад.

Муҳимтар аз ҳама ҷониби Эрон дар ин таҳоҷум хостори муайян кардани мавқеи Афғонистон хоҳад гашт ва Кобули расмӣ наметавонад дар ин ҷанг худро ҳадди ақал ҳамчун «кишвари бетараф» муаррифӣ намояд ва албатта ҳамчун кишвари тарафдори нерӯҳои зиддиэронӣ шинохта хохад шуд. Дар ин сурат Ҳомиди Карзайро лозим меояд зарбаҳоро болои на фақат пойгоҳҳои низомиву иншоотҳои амрикоиён, балки болои ҳама иншоотҳои Афғонистони бе ин ҳам тахрибшуда интизор шавад. Ва масъалаи эълони ҷанг аз сӯи Эрон алайҳи Афғонистон ногузир хоҳад шуд ва Эрон ба таври оҷил сарҳади худро бо Афғонистон хоҳад баст. Бастани марзи Афғонистону Эрон пеш аз ҳама бозори нерӯву сӯзишвории аввалиро касод карда, болоравии қимати сӯзишворӣ ва бӯҳрони энергетикиву иқтисодиро дар ин кишвар ва Тоҷикистон низ ба миён хоҳад овард.

Бозгардонидани даҳҳо ҳазор муҳоҷирини иҷбории афғон аз хоки Эрон мушкили Кобулро ба маротиб зиёд карда, афзойиши нерӯҳои эътирозиву мухолифро ба миён меорад.
Бӯҳрон дар муносибот бо Эрон барои Кобул гарон хоҳад афтид. Пеш аз ҳама ин ҳолат ба бӯҳронишавии вазъи сиёсии дохили ин кишвар асос гашта, мухолифини ҳукумати вақти Афғонистонро дар парлумони кишвар фаъолтар хоҳад кард. Набояд ба миён гузоштани пешниҳоди баррасии масъалаи нобоварӣ ба Ҳомид Карзай, раисҷумҳури вақти Афғонистонро аз сӯи вукалои мухолифи ҳукумат нодида гирифт.

Аммо коршиносони масоили сиёсӣ тахмин мекунанд, ки ин ҳолат метавонад як иттиҳодро дар миёни мусулмонони минтақа, новобаста аз мазҳабашон ба миён биёрад. Вақте мусулмонон таҳдидҳои умумиро эҳсос мекунад, барои онҳо низоъҳои дохилӣ ба масъалаи рақамҳои баъдӣ табдил хоҳанд ёфт.
Намешавад, ки дар рӯзҳои сулҳу шодӣ иттиҳод дошта бошему дасти ҳам бигирему аз ҳамдигар пуштибонӣ намоем ва нагузорем, ки касе болоямон таҳоҷум кунад? То кай бар сарамон балое биёяду баъд муттаҳид шавем?! Ё нодуруст гуфтам?

Абӯбакри Файзалӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)