Бахшҳо
23 авг 2012 11:54Иҷтимоӣ

Дархудмондагӣ ҳукм нест!

Чанд рӯз қабл як зан ба наздам омада бо чашмони пур аз ашки шодӣ, хабар дод, ки писараш бори аввал ба сухан даромада, калимаи нахустинро ба забон овард. Барои баъзеҳо, шояд ин воқеъаи он қадар муҳим набошад. Аммо ин сӯҳбат дар Маркази кӯдакони дорои дархудмондагӣ (аутизм) бо модари кӯдаки шашсола сурат гирифт. Чунин воқеъа дар ҳақиқат сазовори ашки шодист.

Дар ҳаёт на ҳама дарҳои хушбахтӣ барои мо кушода мешавад ва баъзан зиндагӣ ба он тавре, ки мо мехоҳем, ҷараён намегирад. Ман бовар дорам, бо ин сухан аҳволи волидайни як кӯдаки дархудмондаро фаҳмондан нашояд. Ин танҳо қатрае аз баҳри ҳиссиёти ин модари муштипар аст. Дархудмондагӣ (аутизм) ихтилоли рушд аст, ки якумрӣ буда, аз замони таваллуд ё каме дертар пас аз таваллуд метавонад ба вуҷуд ояд. Аломатҳои асосии дархудмондагӣ дар давоми се соли аввали ҳаёт маълум мешаванд. Асосан падару модар дар ин давра суст будани рушди муносибати шифоҳӣ ва ғайришифоҳии кӯдак, қобилияти суст ё ғайриоддии ёдгирии бозиҳо ва аксуламали суст ба одамонро мушоҳида мекунанд.

Баъзан дархудмондагиро маълум кардан хеле мушкил аст. Онро бо хусусиятҳои ҷисмонӣ ё бо ёрии ташхиси хун, мисли бемории қанд, мушаххас кардан ғайриимкон аст. То ҳол, сабаб ва роҳи табобати он маълум нест. Он дар ҳар кас ба таври гуногун буруз мекунад, вале аксаран он сабаби мушкилот дар муошират ва муносибати иҷтимоъӣ мегардад. Ҳамчунин, шахсони дархудмонда ба тартиби рӯзи мушаххас ва якхела мӯҳтоҷ буда, таҳсилоти умумӣ барои онҳо ғайри имкон аст.

Дар давоми кор бо Маркази кӯдакони дархудмонда, бо оилаҳои гуногуне шинос шудаам, ки мушкилоти умумӣ доранд. Ҳар кадоми онҳо қиссаи худро дар бораи ғаму шодии тарбияи кӯдакашон, ки ҷаҳонро ба таври дигар қабул мекунанд, доранд. Ҳар кадоми ин волидайн сазовори эҳтироми хоссаанд, чунки ҳар кадоми онҳо шабони зиёдеро аз сар гузарондаанд, ки кӯдакашон умуман нахобидааст, рӯзҳое, ки кӯдак ғайр аз картошкабирён дигар чизеро ба даҳон намебарад, лаҳзаҳоеро, ки кӯдак беҳад мехоҳад бо касе сӯҳбат намояд, аммо ягон калима ба забон оварда наметавонад ва аз асабоният шурӯъ мекунад ба задану газидан... Дар баробари ин, ҳар кадоми онҳоро чандин маротиба ба ихтилоли рушди кӯдакашон гунаҳгор дониста, волидайнро айбдор шумурдаанд.
Барои ман чунин волидайн нишондиҳандаи нави дастовардҳои бузург аст. Чунки барои ман, дастовард он вақт ҳосил мешавад, ки шахс омода аст боз як субҳи дигар дар баробари мушкилот ба по истода, то охири рӯз онро таҳаммул кунад ва агар лозим шуд шабони зиёди бехобиро низ паси сар намояд. На танҳо бо дили пурхун шабро рӯзу рӯзро шаб кунад, балки бо нигоҳи нав ба дунё нигарад, бо нигоҳе, ки дархудмондагӣ ба онҳо ҳадя мекунад. Нигоҳе, ки бо он волидайн хусусиятҳои нави кӯдакро мебинанд, ки аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунад; ҷизҳоеро дар атроф мебинанд, ки дигарон ба он ҳаргиз аҳамият намедиҳанд. Нигоҳе, ки бо он ҷаҳонеро мебинем дур аз ғуруру бадбинӣ ва пур аз меҳру муҳаббат. Ҷаҳоне, ки бо вуҷуди ҳама мушкилоташ, ҳама сокинони он барои ҳалли масоил аз як гиребон сар баровардаанду барои ҳаёти беҳтар мубориза мебаранд.

Чанд сол қабл дар Тоҷикистони азиз дар бораи дархудмондагӣ касе хабар надошт ва даҳҳо волидайн, ки сабаби мушкилоти рушди фарзандашонро намедонистанд, саргардон буданд. Инак, созмони ИРОДА - ташаббуси волидайни кӯдакони дархудмонда - бо ин мушкилот дастбагиребон аст. Ин созмони оилаҳоест, ки таслим нашуданд, балки дар паи ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилоти пешомадаанд. Ин волидайн ҳаргиз даст аз мубориза бар надошта, барои то ҳадди имкон беҳтар намудани мушкилоти кӯдакони худ ва ёрӣ ба оилаҳои дигар бо масоили мушобеҳ кӯшиш мекунанд.

Дар ҳолати имрӯзаи ҷумҳурӣ ин танҳо як созмони хурдест, ки таҷрибаи корашон ҳамагӣ ду сол аст. Аммо оё ин намунаи пешрафт буда метавонад? Агар пешрафти корро дар он бинем, ки акнун чунин кӯдакон метавонанд омӯзиш бинанд, пас ҷавоб яқин аст - БАЛЕ. Агар пешрафт он ҳолатест, ки ашки шодии модареро, ки кӯдакаш калимаи аввалинро ба забон овардааст, дигарон мефаҳманду баробараш шод мешаванд, пас ин пешрафт аст. Агар пешрафт маънои онро дорад, ки акнун кӯдаки дусолаи дархудмонда ташхис мешавад ва волидайнаш дигар маҷбур нестанд солҳои дароз аз сабаби нафаҳмидани сабаби рафтори ғайриоддии кӯдак сарсону саргардон бошанд, пас ин пешрафт аст. Ва агар оилаҳои гуногун китф ба китфи ҳам бо мушкилоти умумӣ мубориза мебаранд ва дастгирии ҳамдигарӣ онҳоро дар ин роҳ боз ҳам устувор мекунад, пас пешрафт ҳамин аст.

Агар якояки мо қабул намоем, ки пешрафту дастовард танҳо дар таҳсилоти олӣ, кори хуб ва хонаи роҳат нест, балки пешрафти ҳар кас аз дигарон метавонад фарқ дошта бошад, он гоҳ мо метавонем ҷомеаеро созем, ки дар он гуногунӣ ҳамчун як чизи оддӣ қабул мешавад ва ҳама бо ҳам аз доираи тасаввуроти мавҷудаи пешрафт фаротар гом мегузорем.
Ман бовар дорам, ки мо метавонем фардои кӯдакони дархудмондаро аз имрӯз беҳтар созем ва дар ҷомеаи Тоҷикистон ин кӯдакон метавонанд мавқеъи худро пайдо намоянд ва атрофиён онҳоро дарк намуда, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷамъият қабулашон намоянд.

Таҳияи Рустами МАҶИД

Мӯҳр
Шохруз
Касалии дархудмондаги (аутизм) табобат шаванда аст ё не

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)