Режими саҳюнистӣ боз ҳам аз вуруди фаъолони ҳуқуқи башар ба Каронаи бохтарӣ мамониат кард. Ба гузориши хабаргузории Форс, ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии "Ҳааретс", маъмурони амниятии Исроил аз вуруди беш аз як сад фаъоли ҳуқуқи башари амрикоӣ ва аврупоӣ ин минтақа пешгирӣ намуданд.
Он афрод аз кишварҳои мухталифе назири Фаронса, Белжик, Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ буда ва дар қолаби корвоне таҳти унвони " Истиқбол аз Фаластин", қасд доштанд рӯзи 27 август аз тариқи пули Ал-набӣ вориди Каронаи бохтарӣ шаванд. Ин сафар дар остонаи оғози соли ҷадиди таҳсилӣ дар Байт- лаҳм анҷом шуда ва ба ҳамин ҷиҳат ширкаткунандагон дар ин корвон, бо худ ҳадияҳое низ барои донишомӯзони ин минтақа доштаанд.
Ҳар ду афтобуси ин корвон пас аз расидан ба пули Ал-набӣ, ки маҳалли иртиботии марзи Урдун ба Каронаи бохтарӣ аст, бо мамониати маъмурони амниятии режими саҳюнистӣ рӯбарӯ шуда ва аз вуруди онҳо ба Каронаи бохтарӣ пешгирӣ шуда аст.
Ба навиштаи "Ҳааретс", пас аз таваққуфи автобусҳо, як маъмури исроилӣ бо либоси шахсӣ вориди автобуси аввал шуда ва гузарномаи афродро ҷамъоварӣ кардааст. Вай пас аз 10 дақиқа бозгашта ва гузарномаҳоро дар ҳоле ки рӯи он муҳри " иҷозаи вуруд нест" хӯрда буд, ба аъзои корвон бозгардонида аст.Ба автобуси дуюм ҳам ҳатто иҷозаи наздик шудан ба вурудии марз дода нашуда ва ҳатто гузарномаҳо низ дода нашудааст.
Ҳамчунин замоне, ки мусофирон аз автобус пиёда шуда ва хостори эъломи далели мамониат аз вуруд шудаанд, бо вокуниши исроилиҳо рӯбарӯ шуда ва ба онҳо дастур дода шуда, ки ба автобусҳо бозгарданд. Ба ронандаи автобус ҳам гуфта шудааст, ки ҳамаи онҳоро аз марз дур кунад.
Ин авалин бор нест, ки режими саҳюнистӣ аз вуруди корвонҳои озодӣ ва ҳуқуқи башар ба дохили Фаластин пешгирӣ мекунад. Имсол 2 корвони дигар аз озодихоҳон равонаи марзҳои Фалстин шуда буданд, ки режими саҳюнистӣ аз вуруди онҳо пешгирӣ кард. Илова бар ин дар тазоҳуроте ҳам, ки ин гурӯҳҳо дар фурудгоҳи "Бенгуриюн"-и Исроил анҷом доданд, маъмурони полиси режими саҳюнистӣ иқдом ба боздошти аъзои корвон карда буданд.
Мӯҳр