Ё чаро бо наздик шудани интихоботи президентии соли 2013 ҳизбҳои сиёсии мухолифи кишвар номзадҳои худро ба таври мушаххас эълон намекунанд?
Бо наздик шудани ин маъракаи мҳими сиёсии кишвар, яъне интихоботи президентӣ дар соли 2013 дар доираи коршиносону таҳлилгарон сару садоҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Аксарияти ҳизбҳои сиёсии мухолифи кишвар ва созмонҳои навпайдо дар соли 2013 хостори интихоботи шаффоф ва ислоҳоти ҷиддии интихоботӣ ҳастанд, вале аз пешниҳоди номзади мушаххас дар ин маърака ҳамагон худдорӣ мекунанд.
Коршиносони масоили сиёсӣ бар инанд, ки интихоботи соли 2013 хеле пуршиддат ва серрақобат хоҳад гузашт. Зеро ҳамагон аз якранг шакл гирифтани маъракаи сиёсии интихоботии кишвар аллакай дилбазан гардидаанд. Фазои соли 2006 аз шароити имрӯз аз замин то осмон фарқ хохад кард, таъкид мекунанд коршиносон. Маҳз махсус барои интихоботи соли 2013 ду созмони навпайдо ба монанди "Ҷунбиши миллӣ" дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ва "Гурухи 24" дар шаҳри Маскав пайдо шудаанд ва ҳамчунин дигар шахсиятҳое ҳастанд, ки онҳо ба таври ғайричашмдошт метавонанд номҳои худро гайримунтазира новобаста аз хостаҳои ҳукумат эълон кунанд.
Ҳатто Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ мегӯяд, ки дар бораи пешниҳоди номзади арзанда дар ин маърака сухан гуфтан ҳанӯз хеле барвақт аст.
Ба гуфтаи коршиносн эҳтимол баъзе аз онҳо ё аз фишор метарсанд ва ё онҳоро метарсонанд. Пас, мо мунтазир хоҳем шуд, ки аввалин шуда номзади арзандаи худро ба ин мақом кӣ, расман эълон хоҳад кард.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, мо номзади худро албатта пешниҳод мекунем. Мо пеш аз ҳама ҷонибдори номзади ягона аз нерӯҳои опозисионӣ ба ҳастем. Мо на танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ номзади арзандаро ба мақоми президентӣ пешниҳод мекунем, балки дар мавриди пайдо шудани нафаре аз ҷомеаи шаҳрвандӣ низ шубҳа надорем. Мо нақша дорем, чунин номзадро пайдо карда, дар атрофи он муттаҳид гардем. Агар мо дар интихоби он мушкилӣ кашем, албатта дар он вақт мо номзади худро ба таври расмӣ аз худи ҳизб пешниҳод мекунем:
- Исми номзади худамонро ман қаблан гуфта наметавонам, зеро ин масъала бояд дар Анчумани Ҳизб ҳал шавад. Номзади мо моҳи сентябри соли 2013 интихоб мешавад ва аз эҳтимол берун нест, ки ин номзад номзадии ман бошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба ҷуз ман дигар касе наметавонад номзадиашро пешниҳод кунад. Агар номи ман барои курсии президентӣ дар соли 2013 ба таври дақиқ пешниҳод гардад, ҳеч гоҳ ақибнишинӣ намекунам. Ин мавқеъи мушахасси ман аст, ки ин даъфа дар рақобат бо Раҳмон истодагарӣ мекунам ва рӯи рост ҳам мегӯям, ки ҳеч тарсе надорам.
Раҳматилло Зойиров мегӯяд, дар интихоботи президентии соли оянда Эмомалӣ Раҳмон ба рақобати шадид дучор хоҳад шуд.
Аксарияти аҳзоби мухолиф сабаби пинҳон нигоҳ доштани номзадҳои эҳтимолии худро дар интихоботи президентӣ дар соли оянда танҳо ба муво?еҳ шудан ба фишороварӣ ва таъқиб марбут медонанд.
Новобаста ба ин, коршиносони масоили сиёсӣ баронанд, кибо фишор аз мухолифат ва рақобати сиёсӣ ҳукумат зиёд коргирифта наметавонад. Фишор ва таъқиб наметавонанд нати?аи зарурии ба даст овардани ҳукумат бошад. Ҳукуматро ба дастовардан кори хеле осон ва мумкин, аммо нигоҳдоштани он масъалаи тамоман дигар аст, мегуянд коршиносон.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр