Бахшҳо

Имсол Тоҷикистон ториктар мешавад?

Ҳамин гунна иттифоқ афтод, ки баъди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон (5-уми октябр) ва сафари Владимир Путин, райисҷумҳури Русияву имзои созишнома барои ҳузури боз 30 соли дигари пойгоҳи низомии он кишвар дар хоки Тоҷикистон, дар ҷумҳури лимити барқ ҷорӣ шуд.
"Сюрприз"

Аз ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ бо пешниҳоди ҳукумат роҳандозӣ шуда аст. Ҷолиб ин аст, ки аҳолиро аз қабл огоҳ накарданд. Мисли ҳамон қарордоде, ки зикраш дар боло рафт, масъулини барқ ҳам "сюрприз"-е намуданд. Лимит меҳмони нохондае буд, ки бидуни тақ-тақ вориди манзили сокинони деҳоти кишвар шуд.

Агар ба гуфтаи масъулини "Барқи тоҷик" бовар намоем, нерӯи барқ дар ҳоли ҳозир барои аҳолии деҳот аз соати 23:00 то 5:00-и субҳ қатъ мегардаду бас, аммо воқеият чизи дигар аст. Масалан, тибқи иттилои сокинони ноҳияи Файзобод, баъзан соати 22:00 барқ хомӯш мегардад, рӯзона бошад, баъди соати 8:00 аз он ному нишоне намемонад ва танҳо соати 16:00, гоҳе аз ин дертар онро рушан мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Баҳодур Ҳабибов, роҳбари Иттифоқи истеъмолкунандаҳои Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба меъёрҳои қонунгузории кишвар муғойир аст. "Аввалан маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба маънии тағйири якҷонибаи шартҳои созишномаи миёни интиқолддиҳанда ва истифодабаранда мебошад. Қонун "Барқи тоҷик"-ро ба сифати созмони тиҷоратие ҷудо накардааст, ки ҳақи тағйири шартҳои қарордодро ба таври якҷониба дошта бошад",-гуфтааст номбурда ба "Азия-Плюс".

Соли равон лимит барвақтар оғоз шуд. Як соли қабл шурӯъ аз 12-уми октябр аҳолии деҳот барқи меъёрӣ гирифтанд. Далели аз ҳоло ҷорӣ шудани реҷабандии барқро "Барқи тоҷик" дар коҳиш ёфтани мизони дарёи Вахш мегӯяд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкати холдингӣ мегӯяд, зимистону тирамоҳ давраи камобии маҷрои дарёи Вахш аст ва ин раванд беш аз 200 рӯз идома меёбад.

Агар даъвои масъулин дуруст бошад, пас дорад табиат бо мардуми тоҷик қаҳрӣ мешавад. Ба ёд доред, соли сипаришударо? "Барқи тоҷик" шодиёна гирифт, ки лимити барқро барҳам мезанад, аммо баъди ду рӯз сокинон қариб тамоман рӯи рӯшноиро надиданд. Масъулин худро сафед карданд, ки сатҳи об аз меъёри зарурӣ камтар шудааст. Имсол ҳам бо ҳамин далел реҷабандии барқ чанд рӯз қаблтар оғоз шуд. Худо накунад, ки рӯзе якуми сентябр бо иллати камобии рӯди Вахш лимит ҷорӣ кунанд.    


"Сангтӯда"-ҳо ҳам мушкилро рафъ накарданд

Бино ба оморҳо Тоҷикистон дар фасли зимистон ба 3 миллиард киловат нерӯи барқ ниёз дорад. Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, сӯхангуи "Барқи тоҷик", обанбори Норак, ки манбаи аслии захираи об барои тавлиди барқ аст, дар ҳаҷми 4,5 миллирад куба метр об дорад, ки дар фасли сармо барои 100-110 рӯз мерасад: "Мо маҷбур мешаваем дар зимистон ҳар сантимери онро самаранок, бо ҳисобу китоби дақиқ истифода барем".

Ба дақиқии ҳисобу китоби "Барқи тоҷик" кордор намешавем, ин вазифаи онҳоест, ки соҳаро хуб медонанд, аммо як нуктаро ишора накарданамон имкон надорад. Чанд соли қабл вақте неругоҳҳои "Сангтуда-1" ва "Сангтуда-2" бунёд нашуда буданд, ранҷи лимитро мекашидем. Ҳоло ҳам вазъ тақрибан бетағйир аст ва ин ҳам дар ҳоле ки телевизионҳои давлатии кишвар ҳамеша такрор ба такрор мегӯянд, ки замони истиқлолият беш аз 250 неругоҳи хурди барқи обӣ бунёд шудааст.
Аммо мақомот ҳамоно дар гӯшҳо чунин мехонанд, ки роҳи ягонаи наҷот "Роғун" аст.

Нерӯгоҳи барқии обии Роғунро Эмомалӣ Раҳмон чандин марвид масъалаи "ҳаёту мамот"-и Тоҷикистон унвон кардааст. Мардумро ҳам дигар сохтмонҳои неругоҳҳои хӯрд ва хабарҳои зиёди телевизионӣ дар ин маврид хурсанд намекунад. Ҳама ба умеди "Роғун"-анд, вале ҳоло тақдири он ҳам норӯшан аст. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки идомаи корҳои бунёдӣ то поёни таҳқиқот манъ шаванд.     

Дар сурати сохтмони НБО-и "Роғун", ки қудрати тавлиди 3600 мегават барқ дошта, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб хоҳад шуд, Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи барқ  табдил мешавад, аммо… Аммо то он замон мо давлати мӯҳтоҷи нерӯи барқ боқӣ мемонем. Бо вуҷуди неругоҳчаҳои зиёд…


Чанд соли дигар "шукрона" мекунем?

Агар ба ваъдаи охири президент бовар намоем, баъди соли 2014 лимити барқ барҳам мехӯрад. Хуш ба ҳоли онҳое ки пас аз ду соли дигар чашм ба олами ҳастӣ боз мекунанд. Воқеан, тибқи ваъдаҳои қаблии райисҷумҳур мебоист фарзандони имрӯз се-чор сола ҳам дар рӯшноӣ таваллуд мешуданд. Райисҷумҳур дар расми ба фаъолият оғоз кардани чархаи аввали НБО "Сангтуда-1" гуфта буд, ки баъди ду сол бебарқиҳо мисли хобу хаёл дар ёдҳо мемонад...

Беш аз даҳ сол мешавад, ки тирамоҳу зимистон ва ҳатто баҳори мардуми тоҷик бо лимити барқ тавъам шудааст. Аҳолии деҳоти кишвар беш аз 7 моҳи як солро бо маҳдудияти барқ мегузаронанд. Баъзан моҳҳои дароз умуман рӯи рӯшноиро намедиданд.   

…ҳанӯз моҳе қабл овоза паҳн шуд, ки лимити барқ ҷорӣ шудааст. Аз чанд минтақаи ҷумҳурӣ сокинон тамос гирифта мегуфтанд, ки барқашонро хомӯш мекунанд. "Барқи тоҷик" посух медод, ки реҷабандии нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст ва ин бебарқиҳо танҳо ба хотири корҳои таъмиру тармим ва омодагӣ ба зимистон аст. Акнун маълум мешавад, ки ба зимистон ҳам омода шудаанд. "Ба зимистон омода шудан" гуфтани масъулинро ба ин маънӣ мефаҳмам, ки кормандони шабакаҳои барқӣ трансформатору симчӯб ва дастгоҳҳои интиқолдиҳандаи барқро аз назар гузаронда, камбудиҳоро бартараф намоянд, то дар зимистон мушкилӣ пеш наояд. Аммо воқеият ин аст ҳар зимистон ҳамон дастгоҳҳои фарсудаву истгоҳҳои аз шӯравӣ меросмонда барои мо хизмат мерасонанд. Ҳамин аст, ки каме сардӣ боиси аз кор мондани онҳо мешавад ва бар иловаи лимит мушкили одамонро бештар мекунад.


Тоҷикистон ва асри 21

Ангор мо аз ҷаҳони мутамаддин ҷудо афтодаем. Дунё дар асри 21 қарор дорад. Аммо дар Тоҷикистон ҳеч нишони асри 21 вуҷуд надорад. Мардуми тоҷик хумори асри 20-ро дар дил доранд ва ҳанӯз такрори садаи 20-ро орзу менамоянд. Дар асри 20 Тоҷикистон барқ дошт, бо системаи гармидиҳӣ таъмин буд, соҳиби газ буд, шаҳрҳо оби гарм доштанд. Дар асри 21 7 моҳ, беш аз нисфи сол дар сардиву зулмот ба сар мебаранд.

Имрӯз агар дар ягон гӯшаи дунё барқи аҳолиро барои чанд соате қатъ намоянд, мардум садои эътироз баланд менамояд. Аммо дар кишвари мо чунин менамояд, ки мардум ба тамоми мушкилӣ тобовар шудаанд. Мушкили торикиву сардӣ барояшон гуё одат шудааст.Кош мушкили халқи тоҷик бо ҳамин бебарқӣ тамом мешуд. Ин мардум садҳо мушкили дигар дорад. Ва ба ҳамаи мушкилиҳо тоқат мекунад… Гуё сарнавишташ чунин бошад. Ҳамчунин метарсад. Аз он метарсад, ки аз ин бадтар нашавад. Аммо суоле ба миён меуфтад, ки аз ин бадтар чӣ ҳолатест ва оё он вуҷуд дорад???


Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)