Бахшҳо
12 окт 2012 05:29Иқтисодӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба мардум такя мекунад

Дар ҳоли ҳозир нархи маводи ғизоӣ ва истеъмоли он сол то сол меафзояд. Истеҳсоли гандуму ғалла ҳам, ки аслитарин маводи ниёзи аввали мардум аст, ба далоили мухталиф минҷумла хушксолӣ, коста мегардад. Дар Тоҷикистон ҳам шӯрои озуқа ба сарварии сарвазир Оқил Оқилов ташкил шудааст, вале бо вуҷуди фаъолияти ин шӯро боз ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон аз мардум мехоҳад то ғалла захира кунанд.

Вазъияти ҷаҳонӣ нигаронкунанда аст

Профессор Муним Ҳасанов бар ин назар аст, ки афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба хусус ғалла ба далели истифодаи он ба унвони моддаи хом барои тавлиди сузишворӣ дар Амрико ва соири кишварҳо рабт дорад. Чунончи соли 2010 дар Амрико, 416 миллион тон ҷамъоварӣ шуд, ки 119 миллион тон ё 28,6% барои тавлиди биоэтанола истифода гардид. Аммо ин 119 миллион тон ғалла барои масрафи 350 миллион нафар дар 1 сол кофӣ буд. Ин тасодуфӣ нест, ки нархи ҷаҳонии гандум аз марти 2010 то феврали 2011 то 81% афзоиш ёфт.

Моҳи марти соли 2011 дар саросари ҷаҳон беш аз 20 соли гузашта, чунин падидаҳое пайдо шуданд, ба монанди болотарин шохиси қимати маводи истеъмолӣ,болотарин нархи гӯшти гов ва болоравии масрафи ғизоӣ дар Австралия, Канада ва Русия то 50 киллограм калория. Бразил, Мексика, ИМА 500 ва Ҳинду Чин 1,5 триллион каллория доштаанд. Ин оморҳо гувоҳи он аст, ки истеъмоли маводи ғизоӣ доимо дар ҳоли афзоиш аст. Чунончи соли 2010 дар Осиёи Марказӣ бештарин афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Қирғизистон (27%), Тоҷикистон (13%), Қазоқистон (10%) ва Узбакистон (2%) рух додааст.

Албатта дар мавриди  болоравии нархҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳоҷати гап нест ба вижа нархи маводи ғизоӣ. Вале ба хотири ҳамин масъала ҳукумат азм дорад Тоҷикистонро ба амнияти ғизоӣ бирасонад. Шӯрои озуқа ҳам бо раёсати сарвазир Оқил Оқилов дар ҳамин росто ташкил шуда, ки вазифаи он расонидани Тоҷикистон ба амнияти озуқаворӣ мебошад. Аммо аз амалкарди ин шӯро то ҳол ҳеч чиз мушаххас нест.

Соҳаи кишоварзӣ дар лой монда аст

Иқтисоддон Баҳор Қамаров мегӯяд, ки танҳо бо гуфтани ин ки мо чунин ҳадаф дорем, ба ҳадафи худ расида наметавонем. Албатта барои расидан ба ин ҳадаф аҳдофи дигаре ба нақша гирифта шудаанд, ки беҳтар кардани ҳолати заминҳои кишоварзӣ яке аз онҳост. Ба боварии номбурда таъмини амнияти озуқаворӣ бо роҳи васеъ кардани истеҳсолоти дохилӣ дар назар гирифта шудааст, вале мушкилоти зиёде дар соҳаи кишоварзӣ ҳаст, ки монеъ мешавад, аз қабили корношоям гаштани системаи обёрӣ, ки пас аз суқути Шӯравӣ тоза карда нашудааст ва аксари онҳо корношоям ҳастанд:

"Ин лӯлаҳо пур шудаанду бавоситаи онҳо об намегузарад. Дар баъзе аз манотиқи кишвар ҳам ба далели ҳамин кор накардани системаи обёрӣ, сатҳи обашон баланд шудааст, ки ин барои кишту кор кардан мусоидат намекунад ва аз ҳисоби ин имконияти васеъ кардани майдони кишту кор ва номгӯи маҳсулоте, ки кишт мешавад, хеле душвор мегардад. Барои ҳалли ин мушкил маблағҳои зиёде лозим аст, ки ҳукумат бо ҷалби сармоягузорону давлатҳои хориҷӣ кӯшиш мекунад зина ба зина дар баъзе аз манотиқи ҷумҳурӣ, лоиҳаҳо оиди беҳтар кардани системаи обёрӣ ва вазъи заминҳои кишоварзӣ дорад маблағҳоро ҷалб мекунад. Вале ҳоло ин иқдомот дар маҷмуъ чандон назаррас нест ва ҳарчи зудтар расидан ба амнияти ғизоиро мушкил мекунад", мегӯяд Баҳор Қамаров. Ба гуфтаи номбурда ҷуз маблағҳои зиёд, ислоҳоти фаровоне ҳам дар соҳаи кишоварзӣ зарур аст. Агар ин маблағҳо ҷалб ва барои беҳтар кардани вазъияти заминҳои кишоварзӣ ҳарчи зудтар роҳандозӣ гардад, ҳам номгӯи маҳсулот васеъ мегардад ва ҳам ҳаҷмашон, ки бо ин роҳ таъминоти бозори дохилӣ ва дар ҳолати имконпазир ҳатто содироти баъзе аз намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ метавонад амалӣ карда шавад.

Аз сӯи дигар бояд орду гандум дар корхонаҳо коркард шаванд ва маҳсулоти гуногуне аз онҳо тавлид гардаду кишвар бо молҳои ватанӣ таъмин шавад. Вале чун дар Тоҷикистон тӯли сол дастрасии пурра ба барқ нест, расидан ба ин ҳадаф мушкил менамояд.

Иқтисоддон Баҳор Қамаров мегӯяд, ки норасоии барқ ба коркарди маҳсулот халал мерасонад. Дар солҳои ахир ин мушкил бараъло гаштааст ва ба иллати норасоии барқ корхонаҳои саноатӣ баъзе солҳо вобаста ба сармои зимистон то 6 моҳ фаъолият карда наметавонанд. Дар баъзе аз минтақаҳо ҳатто корхонаҳое, ки маҳсулоти кишоварзиро коркард менамоянд, баъзан наметавонанд аз ҳисоби маҳсулоти поизие, ки ғун дошта мешавад, онҳо ин ҳосилҳоро захира, коркард ва консерва кунанд. Чун аз гузариш аз поиз ба зимистон маҳдудияти барқ оғоз меёбад ва садди роҳи коркарди маҳсулоти поизӣ мешавад. Маълум аст, ки маҳсулоти поизӣ метавонад бештар нигоҳ дошта шавад ва ниёзи корхонаҳо ҳам ба маҳсулоти ин моҳ зиёд аст. Ҳамин ҳолат аҳолии хоҷагии қишлоқро, ки ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, ҳавасманд намегардонад то онҳо ҳаҷми умумии маҳсулоти худро зиёд намоянд. Зеро медонанд, ки бо зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоташон молҳои онҳоро харидорӣ намекунанд ва корхонаҳои коркард имконият надоранд то аҷноси ононро коркард кунанд. Ҳолатҳое мешавад, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишвоарзӣ имконияти васеъ кардани тавлидотро доранд аз ҷумла замини холӣ, вале чун талабот кам асту шароити мустақилона нигоҳ доштани маҳсулоти худро дар алоҳидагӣ надоранд, барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоташон кӯшиш намекунанд.

Иқтисоддонон мегӯянд, ки агар қувваи барқ барои коркарди маҳсулот кифоя мешуд, субъектҳое, ки ба коркарди маҳсулот машғуланд, ҳам аҳолиро барои зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот ҳавасманд мекарданд ва ҳам хоҷагиҳои деҳқониро водор месохтанд, то маҳсулоти кишоварзиро бештар истеҳсол кунанд. Албатта 2 сол пеш масъулин ваъда карда буданд, ки барои коркарди гандум, барқ кифоя мекунад ва ин корро хоҳанд кард, аммо ин ҳам монанди дигар ваъдаҳо амалӣ нашуда аст.

Аз ҷониби дигар набудани техникаву фанновариҳои ҷадид ҳамчунон дар бахши кишоварзӣ идома дорад. Абдуллоҳи Ашӯр таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин бовар аст, ки барои расидан ба амнияти озуқаворӣ бояд дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ислоҳоти ҷиддӣ сурат гирад. Вале тавре чанде қабл Муродалӣ Алимардон гуфт, барои ислоҳот пул нест:

"Аммо бе пул ҳам баъзе чизҳоро ислоҳ кардан мумкин аст. Масалан чаро дар вилояти суғд ҳамаи зироатҳо ба мароииб зиёд ҳосил медиҳаду дар Хатлон не? Бояд соҳаи кишоварзии мо бо илм пайванд бошад. Бо белу каланд намешавад амнияти озуқавориро таъмин кард".

Президент ба ҷои шӯро ба мардум умед мебандад

Дар ҳоли ҳозир бештари орду гандуми мавриди ниёзи мардум аз хориҷа ворид мешавад. Зеро гандуме, ки Тоҷикистон истеҳсол мекунад, чун кайфияташ паст аст, наметавонад ба фурӯш равад. Давлат бояд як фармоне барорад ва содироти он маҳсулотеро, ки аз хориҷа ба кишвар ворид мешавад, манъ кунад.   

Дар Тоҷикистон тоҷирон аз Қазокистон орду гандум ворид карда, бурда ба Афғонитсон мефурӯшанд, ҳол онки аҳолии кишвар худ ба ингуна маводи ғизоӣ таъмин нестанд. Аз сӯи дигар воридоти Тоҷикистон аз содироташ ҳамеша бештар мебарояд. Бо чунин аҳвол ин раванд ба танзим дароварда намешавад ва ё пеши он то хадди зарурӣ гирифта намешавад.

Иқтисоддон Баҳор Қамаров дар ин бора мегӯяд, ки тиҷорат озод буда ҳатто аз Афғонистон ҳам ба Тоҷикистон мол ворид мешавад ва ин як ҳамкории иқтисодии байни давлатҳост. Вале дар ҳолате, ки Тоҷикистон дар мавриди ин ё он намуди маҳсулоти стратегӣ норасоии ҷиддӣ ҳис кунад, ҳукумат метавонад муваққатан пеши роҳи содироти ин намуди молро бигирад то аҳолии кишвар таъмин гарданд. Аммо дар ҳолатҳои дигар барои озодии иқтисодӣ тоҷирон метавонанд молро ба дигар кившарҳо содир кунанд.

Баҳор Қамаров мегӯяд, ки вақте давлат дар содироти орд маҳдудият эҷод накардааст, табиист, ки тоҷирон ба содироти он мепардозанд. Худи Қазоқистон дар мавориде барои содироти орд маҳдудият мегузорад.

Ба гуфтаи иқтисоддонон омилҳои дигаре ҳастанд, ки барои расидани Тоҷикистон ба амнияти озуқаворӣ халал мерасонанд. Абдуллоҳи Ашӯр таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар ин маврид мегӯяд:  

"Ин ки мардум ҳам аз тарси такроршавии қаҳтиҳои солҳои навадум хотираи таърихиашон ба ёд меояд ва яку якбора чанд халта орд ва озуқаро осемасар мехаранад ва дар натиҷаи он нарх баланд мешавад, ки ин ҳам як хатар аст".

Иқтисоддонон мегӯянд, ки муроҷиъат намудани президент ба мардум нофаҳмост, он ҳам модоме, ки давлат шӯро ташкил мекунаду барномаи амнияти озуқаворӣ дорад, ва боз ҳам ба аҳолӣ руҷуъ менамояд, ки ғалла захира кунед, дар сурате, ки давлат худ бояд мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин созад. Шояд президент ба мардум эътимоди бештаре дорад то ба зердастҳояш.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)