Бахшҳо
22 окт 2012 09:15Фарҳангу адаб

«Дидор-2012»: Шоҳҷоиза насиби «Санги сабур» шуд

Шоми 20-уми октябр дар «Хонаи кино»-и шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор», ки 5 рӯз идома дошт, баргузор шуд.

Филми пурраметражии «Санги сабур»-и коргардони афғон Атиқ Раҳимӣ, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, сазовори Шоҳҷоизаи шветсарии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо иловаи  3 ҳазор доллари ИМА гардид. Филм аз рӯи романи ҳамноми муаллиф, ки ба 33 забон тарҷума шудааст, рӯи навор омадааст. Сужаи филм дар бораи зани 27 солаи афғон, ки шавҳари мадҳуши худро дар як канори Кобул парасторӣ карда, ҳамзамон ба ӯ хиёнат мекунад, нақл менамояд.

Шоҳҷоизаи шветсарии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо иловаи 2 ҳазор доллари ИМА барои филми беҳтарини кӯтоҳметражи ҳунарӣ ба филми «Баҳри ҳавасҳо»-и коргардони рус Шота Гамисиония супорида шуд. Филм дар бораи ду ҷавони шаҳри соҳили баҳр нақл мекунад, ки шуғле надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр рӯзро шом кунанд.

Филми «Осмони дигар»-и коргардони рус Дмитрий Мамулиа, ки дар бораи ҳаёти муҳоҷири меҳнатии тоҷик нақл мекунад, бо Ҷоизаи махсуси доварони байналмилалӣ бо иловаи ҳазор доллар қадр шуд.  
Доварони байналмилалӣ филми «Хорсаро»-и коргардони тоҷик Румӣ Шоҳазимовро бо Дипломи махсус барои филми кӯтоҳметраж қадр кард. Бояд гуфт, филми мазкур бо мукофоти дигар низ сазовор дониста шуд. Ҷоизаи «Муколамаи Шарқ ва Ғарб»-ро Владислав Курнушка, роҳбари намояндагии «Ҳамкории Русия» дар Тоҷикистон ба филми кӯтоҳметражи «Хорсаро»-и Румӣ Шоҳазимов лоиқ донист. Донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи давлатии кинои Русия Р. Шоҳазимов филми мазкурро аз рӯи ҳикояи ҳамноми нависандаи рус А. П. Чехов рӯи саҳна овардааст. Филм дар Маскав бо иштироки ҳунарпешаҳои рус ба навор бардошта шудааст.
Туӣ, иҷрокунандаи нақши духтараки 5 сола аз филми «Бӯи об»-и коргардони муғул Мунхзул Чулуунбат низ бо Дипломи махсуси доварон лоиқ дониста шуд.  
Ҳамчунин  коргардони озар Шамил Алиев Явер оғлу  барои филми «Саҳробача»  бо Дипломи махсуси жюрӣ қадр гардид.

Ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобин»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро барои беҳтарин филми озмунӣ бо иловаи ҳазор доллари ИМА директори Театри вилоятии мазҳака ва мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Аловуддин Абдуллоев ба коргардони  филми «Чарх» Шаҳзод Раҷабов  супорид.
Коргардони филми «Насима» Саҳро Каримӣ, ки филмашро дар Словакия ба навор гирифтааст, бо ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобин»-и шаҳри Душанбе қадр гардид. Артисти шоистаи Тоҷикистон Марат Орипов ба ӯ ҷоизаро бо иловаи ҳазор доллари ИМА супорид.

Ҷоизаи мунаққидони Тоҷикистонро муҳаррири кинофестивал Галина Эленбаум ба Н. А. Изволов, эҳёгари филми «Дохунда»-и коргардон Лев Кулешов супорид. Ин филмро, ки Н. Изволов эҳёи компютерӣ кардааст, дар бахши «Филмҳои қурбоншуда»-и кинофестивал намоиш дода шуд. Филми мазкур аз рӯи романи безаволи «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ солҳои 1933-1934 ба навор гирифта шуда буд ва таҳияашро соли 1936 медонанд. Дар он нақши асосӣ - Дохундаро коргардон ва ҳунарпешаи тоҷик Комил Ёрматов бозидааст.

Сидиқ Бармак, коргардони афғон, раиси ҳайати доварони байналмилалӣ гуфт, ки дар озмун филмҳои хуб зиёд буданд ва мо беҳтарини онҳоро сазовори ҷоиза донистем.  
Бояд гуфт, дар Синамобазми панҷуми «Дидор» 74 филме, ки тайи ду соли охир таҳия шудаанд, аз 19 кишвар ба тамошо гузошта шуданд. Дар озмуни байналхалқӣ бошад, 22 филми ҳунарӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, аз  Тоҷикистон филми «Телеграмма»-и коргардон Искандар Усмонов, «Чарх»-и коргардон Шаҳзод Раҷабов ва филми кӯтоҳи «Хорсаро»-и Румӣ Шоҳазимов.
Ҳамчунин дар бахши «Панорама»-и фестивал филмҳоии ҳунарии «Гиреҳ дар гӯлу»-и коргардон Носир Раҳмонов, «Эҳзон»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Хокпайванд»-и коргардон Абдулҳай Зокиров, филмҳои мустанади «Бозгашт»-и Абдулло Ғафуров ва «Ваҳшати ҷанг»-и коргардон Носир Саидов, филмҳои аниматсионии коргардони тоҷик Бахтиёр Қаҳҳоров - «Аждар», «Хар», «Мурғак» ва ғайра намоиш дода шуданд.

Ба гуфти раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти «Hivos»-и Нидерданд ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷовид Муқим

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)