Бахшҳо
17 ноя 2012 04:44Иҷтимоӣ

Дастури навбатии президент иҷро нашуд

Ба иттилои Вазорати молия тайи ин чанд моҳ аст, ки аксари муассисаҳо моҳонаи худро ба андозае, ки аз фармони президент бармеояд, дастрас накардаанд. Аммо масъулини ин ниҳод муҳосибот ё бухгалтерияи вазорату идораҳоро айбдор карданд, ки то ҳол феҳристи кормандони худро мутобиқ ба андозаи изофаи моҳона ба Вазорати молия пешниҳод нанамудаанд.Президенти кишвар дар паёми ахири худ ба Парлумон изҳор дошта буд, ки ҳаҷми маошу нафақа барои кормандони буҷетӣ бояд аз 1-уми сентябр ба андозаи аз 30 то 50 дар сад боло бурда шавад. Тибқи ин дастури президент ҳаҷми нафақаи ҳадди ақал сар аз оғози ин моҳ бояд аз 80 сомонии қаблӣ ба 150 сомонӣ мерасид. Вале бо гузашти се моҳ ҳанӯз ҳам ин супориши президент амалӣ нашудааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов айбро ба вазоратҳо бор мекунад

Нафақаи пасти мардуми сарбаланд
Ҳоло нафақахӯрон мунтазиранд, ки нафақаи нагирифтаи чандмоҳаашонро мегиранд ва минбаъд дар ҳаҷми бештар. Вале баъзе нафақагирон аллакай изҳори нигаронӣ карданд, ки нафақаашон ҳанӯз ҳам ҳамон 80 сомонии қаблӣ асту боло нарафтааст. Боло бурдани нафақаву маош дар Тоҷикистон аз оғози моҳи сентябр ҳанӯз дар шакли ваъда боқӣ мондааст, вале ин ҳам дар ҳолест, ки бо вуҷуди зиёд кардани он ҳанӯз ҳаҷми маошу нафақаи тоҷикистониён дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқи шӯравӣ аз ҳама пасттар аст. Аз ҳама пасттарин маоши миёна дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам ба аҳолии Тоҷикистон рост меояд. Масалан, дар Озарбойҷон маоши миёнаи аҳолӣ дар моҳ 440 доллар аст ва дар ӯзбакистон ин нишондиҳанда ба 326 доллар баробар мебошад. Дар Қирғизистон бошад маоши миёнаи аҳолӣ ба 210 доллар мерасад, ки ин як маротиба нисбат ба маоши миёнаи аҳолии Тоҷикистон (565 сомонӣ) зиёдтар аст.

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 553 ҳазор нафақагир ба қайд гирифта шудааст ва аз ин шумора қариб ба 380 ҳазор нафақахӯр нафақаи пасти аз 50 то 80 сомонӣ дода мешавад. Тибқи супориш сар аз 1-уми сентябр ҳамаи онҳо на кам аз 150 сомонӣ нафақа мегирифтанд. Ин дар ҳолест, ки дар мавриди пардохти нафақа низ Тоҷикистон дар миёни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравӣ дар мақоми пасттарин қарор дорад. Ба таври мисол нафақаи ҳадди ақал дар Русия 250 доллар, дар Озарбойҷон $ 200, дар Қазоқистон $ 146, дар Туркманистон $ 103 ва дар ӯзбакистон 56 доллар аст. Ҳатто дар Қирғизистоне, ки баъд аз истиқлолият ду маротиба ба кашмакашҳои дохилӣ дучор гашт, нафақаи миёна 30 доллар аст, аммо дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда аз 50 то 80 сомонӣ ё муодили 10-15 доллар мебошад. Дар сурате, ки дар Тоҷикистон пардохти андози иҷтимоӣ аз кормандон 25 % -ро ташкил медиҳад ва ин нишондод дар Қирғизистон 17 дар сад аст. Вале ҳаҷми маош ва нафақаи қирғизҳо нисбат ба тоҷикон зиёдтар аст.

Аз Алӣ канда ба Валӣ медиҳанд
Аз 1-уми сентябри соли равон бояд музди меҳнати омӯзгорони мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хонаинтернатҳо барои пиронсолону маъюбон 60%, соҳаи фарҳанг 50%, соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои бахши маориф 40%, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 30% зиёд карда мешуд. Вале ба бовари иддае аз мутахассисон дар сурати зиёд шудани маош ҳаҷми маоши омӯзгорон ҳанӯз ҳам ночиз хоҳад буд. Зеро имрӯз ба муаллиме, ки дорои маълумот ва категорияи олӣ аст, барои як ставкаи дарс каме беш аз 400 сомонӣ маош дода мешавад, ки дар шароити кунунӣ хеле паст аст. Барои муаллимоне, ки ин бартариро соҳиб нестанд, боз ҳам маоши камтар дода мешавад. Аз сӯи дигар ҳоло Вазорати маориф ба хотири сарфаи маблағ ва зиёд кардани маоши омӯзгорон баъзе ислоҳотро гузаронида истодааст, ки дар ниҳоят боз ду 15 як сӣ хоҳад буд. Чун баъзе муаллимон аз ҳисоби кружокҳо маошашон андак зиёд буд, ки акнун кружокҳоро барҳам доданд ва дигар ба чунин муаллимон аз ин ҳисоб маблағ ҷудо намешавад. Яъне аз як сӯ маош зиёд мешаваду аз ҷониби дигар даромад кам.

«Подош»-и мансабдорони ноӯҳдабаро чист?
Зиёдшавии маошу нафақа аз ҳисоби кам кардани сохтору вазифаҳои такрорӣ дар вазорату идорахои давлатӣ бояд сурат мегирифт. Иҷрои ин кор ба ӯҳдаи Вазорати молия таҳти роҳбарии Сафаралӣ Наҷмиддинов вогузор шуда буд. Вақте ин дастури президент амалӣ нашуд ё ба ибораи дигар масъулоне, ки аз уҳдаи иҷрои ин супориш баромада натавонистанд, "подош"-и онҳо чӣ бояд бошад? Ба андешаи таҳлилгар Зафар Қурбонов вақте сарвари давлат супориши хаттӣ ё шифоҳӣ  дод, сохторҳои поёнӣ вазифадоранд, ки он супоришҳоро дар доираи салоҳиятҳои худ амалӣ намоянд. Вай аз ҷумла гуфт: «Дар кадом рӯзномае хондам, ки вазири молия С. Наҷмиддинов барои баланд нашудани маоши кормандони буҷавӣ танҳо роҳбарияти ин идораҳоро айбдор намуда буд, ки сари вақт маълумоти лозимиро ба Вазорати молия пешниҳод накардаанд. На танхо Вазорати молия, балки ҳар як вазорату идора ва мансабдоре, ки супоришоти лозимиро иҷро накунад ва ё аз ӯҳдааш набарояд, мардонавор бояд ба истеъфо равад. Чунки натавонист ва ё ин ки нахост супоришро иҷро намояд. Ба ҳар хол бояд фикр кард, ки сардори давлат аз номи мардуми кишвар гап мезанад, ин кори саҳлу осон нест. Пас дигар макомотҳо бояд онро иҷро намоянд».

Аз оғози ихтисори кормандони ниҳодҳои давлатӣ ё вазифаҳои такрорӣ маълум буд, ки норизои дар ин хусус байни ниходҳо зиёд аст. Масалан, аз рӯи пешниҳоди Вазорати молия бояд дар ҳар идораву вазоратхонаҳо то 15 фоиз кормандон ихтисор мешуданд. Аммо вазири иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода аз чунин тарзи ихтисор норозӣ буд ва изҳори нигаронӣ мекард, ки ҳуҷҷатгузориҳо зиёд аст ва дар сурати кам кардани кормандон кор ниҳоят вазнин хоҳад шуд. Аз сӯи дигар дар ин ихтисоркунӣ теъдоди духтурони минтақавие шомил буданд, ки ба аҳолӣ хизмат мерасониданд. Яъне, шумораи ин духтурон бояд кам карда шавад ё умуман аз кор гирифта шавад. Дар ҳоле, ки барои ҳифзи саломатӣ духтур кадри зарурист ва набудани ӯ мушкилоти зиёдеро метавонад дар минтақаҳо ба вуҷуд орад. Чун аз нафақа дида, ҳифзи саломатӣ дар ҷои аввал меистад. Дар ҳоле, ки то ҳануз дар Тоҷикистон дар соҳаи тиб норасоии кадрӣ ҷой дорад, коршиносон чунин мешуморанд, ки ин тарзи корбарӣ нодуруст аст.

Аммо ба гуфтаи иддае аз коршиносон ҳастанд вазоратхонаҳое, ки нолозиманд ва ё функсияи онҳоро дигар вазорат метавонад иҷро кунад. Аз ҷумла ба гуфтаи таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён дар Тоҷикистон  Вазорати об, Вазорати иқтисод ва якчанд идораҳое ҳастанд, ки будани онҳо ҳеч зарурате надорад ё ҳадди ақал онҳоро бояд бо дигар вазоратҳо якҷоя кард. Масалан, Вазорати обро бо энергетика ё кишоварзиро бо кумитаи замин ва амсоли ин якчоя кардан шояд ба рушди соҳаҳо бештар мусоидат кунад,  мегӯяд ӯ. Ҳамчунин ба гуфтаи вай вазифаҳои такрории зиёде ҳаст, ки дар сурати барҳам задани он метавон барои зиёд кардани ҳаҷми маошу нафақа истифода кард.

Аз ҷумла автоматикунонии системаи ин ё он ниҳод, ба вижа хадамоти нақлиёт ва бозрасии давлатии автомобилӣ ё соҳаи андоз боис ба кам шудани хароҷот дар ин ниҳодҳо ва ихтисори шумораи зиёди кормандон мегардад, ки аз ин ҳисоб ҳам маблағи зиёд сарфа кардан имкон дорад.

Аёнтарин супоришҳо фаромӯш мешаванд…
Аз сӯи дигар барои кишвари кӯчаке чун Тоҷикистон, ки аҳолиаш ҳудуди 7,5 млн аст доштани 14 вазорат хеле зиёд ба назар мерасад. Чун Ҷопони пешрафта бо 127 миллион аҳолӣ теъдоди вазоратхонаҳояш 11 тост.  Аммо дар Тоҷикистон бо ин қадар вазорату кумитаҳои зиёд ва кормандони бешумор боз ҳам заъфи фаъолияти ниҳодҳо эҳсос мешавад. Зеро аёнтарин супоришот ё дастурҳои ҳукумат дар сатҳи поёнии идораҳо дуруст ба иҷро намерасад ва ҳатто ба гӯшаи фаромӯшӣ дода мешаванду аз болои иҷрои он назорати зарурӣ ҳам нест. Ба таври мисол рӯшантарин дастур ё қарори президент дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар сатҳи ноҳияҳо чандон ба назари эътибор гирифта намешавад ва танҳо дар сафарҳои раисҷумҳур ба ин ё он ноҳия раисону масъулон андаке дар ташвиш афтода, барои ҳисобот маълумот ҷамъоварӣ мекунанд, вале баъд аз рафтани президент гӯё «дар ин бора дастуре нашудааст», рафтор мекунанд. Дар мисоли зиёд кардани ҳаҷми маошу нафақа низ ҳамин гуна рафтори масъулин эҳсос мешавад. Агар шаҳрвандон паёми президент ба Парлумонро тариқи телевизион тамошо намекарданд, шояд огоҳ намешуданд, ки дар бораи зиёд кардани маошу нафақа ҳарфе гуфта шуда буд. Ҳатто дар телевизионҳои давлатӣ журналистон наметавонанд дигар ин мавзӯъро пайгирӣ кунанд, ки чаро чунин шуд. Танҳо матбуоти мустақил аст, ки гоҳо корҳои иҷроношудаву фаромӯшшударо ба ёди фаромушхотирон мерасонад.

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)