Ба қавли Шариф Абдулҳамидов, домулло Ҳайдар Шарифзода, яке аз пешвоёни дин дар минтақаи Кӯлоб, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб аз ин амалиёти кормандони шӯъбаи дини минтақа истиқбол карда гуфтааст, «масҷиди бисёр ҳама вақт тафриқаро зиёд мекунад…»
Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси шӯъбаи дини ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, дар минтақаи Кӯлоб, фаъолияти 3 масҷиди ҷомеъи шаҳри Кӯлоб бо сабаби вайрон намудани моддаи 13, банди 5-и қонун дар бораи ба қайдгирии масоҷид муваққатан боздошта шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Абдулҳамидов, домулло Ҳайдар Шарифзода, яке аз пешвоёни дин дар минтақаи Кӯлоб, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб аз ин амалиёти кормандони шӯъбаи дини минтақа истиқбол карда, дар семинар-машварате, ки рӯзи 29-уми ноябр дар толори ҳукумати вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки имомхатибони шаҳру навоҳӣ ва мудирони бахшҳои дин доир гашта буд, гуфтааст, «масҷиди бисёр ҳама вақт тафриқаро зиёд мекунад, зеро дар ин масҷидҳо пайравони равияҳои гуногун ва мазҳабҳои ғайр ҷамъ омадан мегиранд. Аз ин хотир, дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти 3-4-масҷиди ҷомеъ пурра кофист».
Ҷаноби Абдулҳамидов гуфт, соле пештар низ ҳамин масҷидҳо бо ҳамин сабабҳо баста шуда буданд, аммо баъдан боз ҳам ба кор шурӯъ карданд: «Ҳамакнун, ба муддати 3 моҳ аз фаъолияти онҳо пешгирӣ карда, пешниҳод намудаем то дар ин мӯҳлат ҳуҷҷатгузориро бо таври қонунӣ ба роҳ монанд. Аммо дар ин масоҷид баргузории намози 5 вақта манъ нашудааст ва намозгузорон метавонанд, бемалол дар он намоз гузоранд».
Бино ба иттилои аз бахши дини ҳукумати шаҳри Кӯлоб расида, ҳафтае пеш дар ҳудуди шаҳру ноҳия 5 масҷиди ҷомеъ бо иллати камбуд дар ҳуҷҷатгузорӣ, аз фаъолият боз монданд ва дар он баргузории намози ҷумъа ғайримумкин аст. Ин дар ҳолест, ки дар ин шаҳру ноҳия наздики 200 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд ва саросар мусулмонанд. Гуфта мешавад, ҳудуди беш аз 50 дарсади онҳо ба намози ҷумъа ҳозир мешуданд.

Дар ҳамин ҳол, норозигии аҳолӣ дар мавриди қатъи фаъолияти масҷидҳои ҷомеъ дар шаҳр ва рустоҳо ба мушоҳида мерасад. Ба андешаи некбинон, қатъи намозгузорӣ дар масҷидҳо пайомади хуб ба бор намеорад. Аммо Шариф Абдулҳамидов мегӯяд, аз норозигии аҳолӣ ва намозгузорон ба пуррагӣ огаҳӣ доранд, вале қонун, қонун аст ва он бояд ҳатман риоя шавад: «Мо низ ҳеч гоҳ тарафдори бастани дари масоҷид набудему нестем. Танҳо аз масъулин ва имом-хатибони масҷидҳо дархост дорем, ки фаъолияти масҷидро аз рӯи қонунгузорӣ анҷом диҳанд ва барои аз қайди ҳукумати маҳаллӣ гузаштан, ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Дар ин сурат метавонанд бе ягон мушкилӣ фаъолияташонро давом диҳанд».
Тибқи иттилоъи расмӣ дар 10 шаҳру навоҳии минтақа (Кӯлоб дар назар аст-Озодагон) 562 масҷиди панҷвақта ва 57 масҷиди ҷомеъ бо шумули 5 масҷиди марказӣ кору фаъолият доранд. Аммо аз қавли сармутахассиси шӯъбаи дини минтақаи Кӯлоб, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Кӯлоб домулло Ҳайдар Шарифзода аз мавъизаҳои имомхатибони ин масоҷид изҳори нигаронӣ доштааст. Зеро, ба андешаи домулло, мавъизаҳо дар баъзе аз масҷидҳо аз ҷониби имом-хатибон тавре садо медиҳад, ки гӯё пайравӣ ба мазҳаби Имоми Аъзам надоштааст: «Нигаронии Шарифзода аз он аст, ки теъдоди зиёди масоҷид бо мавъизаҳои имомхатибон миёни авом тафриқаандозиро бармеангезад. Ҳастанд ҳолатҳое, ки намозгузорон аз дигар равияву мазҳаб кор мегиранд ва пешгирӣ аз он ҳатмист».
Аммо ҷаноби Абдулҳамидов ба саволи он ки то имрӯз оё тарафдорони равияҳои дигар ва ҷараёнҳои зиддидавлатӣ аз ҷониби мақомоти ҳуқуқӣ ва қудратӣ боздошт ва ё ошкор гаштаанд, Абдулҳамидов гуфт: «Дар ҳамаи навоҳии минтақа ин тоифа ҳанӯз кашф нагаштааст».
Пас, боз ҳам саволи кушода ин аст, ки мӯҳтарам домулло Ҳайдар Шарифзода ва сармутахассиси шӯъбаи дин киро ва ё чиро дар мавриди тафриқаандозӣ дар назар доранд? Ва оё амалиёти шӯъбаи дини минтақа дар мавриди манъ кардани намози ҷумъа дар панҷ масҷиди ҷомеъи шаҳру ноҳияи Кӯлоб аз тарзи «коргузорӣ» буд ва ё ба истилоҳи домулло Ҳайдар- «пешгирӣ аз тафриқаандозӣ»? Мо, ки нафаҳмидем, шумо чӣ?
Аслиддин Достиев
Мӯҳр