Бахшҳо
30 ноя 2012 06:19Муҳоҷир

То вохӯрии навбатӣ бо Кузнетсов

Русия омодааст, намояндагони Тоҷикистонро барои боздид аз макони нигоҳдории афроди муваққатан боздоштшуда даъват намояд.
Ин нуктаро Анатолий Кузнетсов, муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия зимни баргузории 8-умин ҷаласаи гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба тадбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ иброз дошт. Ҳамоиши мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, роҳбарии гурӯҳи кории Тоҷикистонро Сафиалло Девонаев ба ӯҳда дошт.  "Тарафҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла вазъияти муҳоҷирати корӣ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон, таҳия ва ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ миёни ду кишвар, таъсиси филиали Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии "Донишгоҳи давлатӣ-техникии Қазон" барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати Русия, вазъи ҳамкориҳо дар самти мубодилаи маълумотҳо ва дигар масъалаҳое, ки ҷонибҳо зарур шумориданд, баррасӣ гардид",-афзуд ҷаноби Қодирӣ.

Ба гуфтаи номбурда дар ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки моҳи феврали соли 2013 вохӯрии муштараки коршиносҳоро барои баррасии як қатор масъалаҳо, аз ҷумла раванди таҳияи лоиҳаҳо дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия дар бораи низоми иҷрошавии он, дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Русия ба амал бароранд.

Масъалаи ҷорӣ намудани шакли ягонаи ташхиси тиббӣ оид ба саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба имзо расонидани созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Русия аз мавзӯҳое буданд, ки дар ин мулоқот матрҳ гардид.

Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки то 31-уми январи соли 2013 нақшаи чорабиниҳоро дар самти ҳамкориҳои Вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону Русия вобаста ба коркард ва қабули қарори ягона оид ба амалигардонии ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва Тоҷикистон комилан таҳия намоянд.

Тасмими роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба роҷеъ ба саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳоле гуфта мешавад, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар надорад, теъдоди  муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шудаанду ба ватан бармегарданд, ба чанд расидааст.

Болотар аз ин дар Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар беморшуда аз ташхиси ягонаи тиббӣ ба таври пурра намегузаранд ва касе онҳоро барои ин кор маҷбур ҳам карда наметавонад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба Озодагон сабаби набудани омори муҳоҷирони меҳнатии ба беморӣ гирифторшуда ва ба пуррагӣ аз ташхиси тиббӣ нагузаштани онҳоро дар мавҷуд набудани қонун дар бораи ташхиси ягонаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ рабт дод ва таъкид намуд, ки то замоне ки чунин қонун қабул нагардад, пайдо кардани омори дақиқ ғайриимкон аст: "Аз сабаби он ки ин чиз хоҳишмандӣ аст ва на ҳамаи муҳоҷирон хоҳиш доранд, оморӣ аниқ рӯи даст нест".

Мавриди зикр аст, ҳафтаи гузашта Вазорати маорифи Тоҷикистон низ дар суҳбат ба мо натавонист теъдоди муҳоҷирони ноболиғро, ки ба Русия мардикорӣ рафтаанд, баён кунад.

Вақте бархе аз вазоратҳои Тоҷикистон дар пешниҳоди оморҳо перомуни муҳоҷирон оҷизанд, чӣ гуна метавонанд аз роҳҳои хатарзо пешорӯи мардикорон ҷилав бигиранд? Гузашта аз ин оё беҳтар намешуд Сафиалло Девонаев қабл аз мулоқот бо  Кузнетсов бо Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон масъалаи ташхиси ягонаи тиббии муҳоҷиронро баҳс мекарданд? Дар ҳоле ки ин масъала ҳоло дар Тоҷикистон норушан аст, пас чӣ гуна бо Вазорати тандурустии Русия метавон ҳамкориҳоро ба роҳ монд?

Масъалаи муҳими дигаре, ки баррасии он дар вохӯрии Девонаев ва Кузнетсов пешбинӣ шуд, додани иҷозатнома барои кор ба муҳоҷирони тоҷик ба муҳлати 3 сол буд. Ҷонибҳо  ба мувофиқа омаданд, ки то 10-уми феврали соли 2013 Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Русия ва додани иҷозатнома барои кор ба муддати 3 солро тахия ва ба имзо расонанд.

Анатолий Кузнетсов, ки дар садри ҳайати Русия қарор дошт, таъкид намуд, ки то вохӯрии навбатӣ ҷонибҳо дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаи гурӯҳи корӣ фаъолияти худро идома дода, дар навбати худ ҳалли масъалаҳои ба миёномадаро ҳангоми иҷрои шартҳои созишнома дар муддати кӯтоҳ амалӣ менамоянд.

Аммо танҳо вақт довар аст, ки ҳарфҳои Кузнетсов ва Девонаев дар мавриди беҳбудии шароити муҳоҷирони меҳнатӣ то куҷо амалӣ мешаванд. Интизор мешавем.


Алишер ЗАРИФӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)