Бахшҳо
05 дек 2012 11:07Гузориш

Туркия алайҳи Исроил ва мушакҳои Патреот

Иддае аз сокинони Истамбул дар тазоҳуроти барпошуда аз сӯи ҳизби саодати Туркия зимни маҳкумияти Исроил, эътирозоти худро нисбат ба истиқрори мушакҳои Патреоти НАТО дар хоки кишварашон иброз карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Туркия, ҳизби исломгарои "Саодат"-и Туркия ба раҳбарии Мустафо Камолок ба манзури эътироз ба тасмими давлати Анқара барои истиқрори мушакҳои Патреот дар хоки Туркия, иқдом ба барпоии тазоҳуроти эътирозомез дар шаҳри Истамбул кард.

Дар ин митинг, ки бо мушорикати ҷамъи бисёре аз ҳаводорони ҳизб ва мардуми мусалмони Истамбул ва таҳти унвони "Даъват ба ҷаҳони ҷадид " дар майдони маъруфи Коди Куй дар бахши осиёии Иствмбул баргузор шуд, мардуми Туркия бо парчамҳои Фаластин  алайҳи давлати Амрико ва режими саҳюнистӣ шиор дода ва бар ҳимоят аз Фаластин таъкид кард.

Мустафо Камолок, раҳбари ҳизби саодати Туркия тай суханоне дар ин митинг зимни табрики пирузии ахири фаластиниён дар иртиқои ҷойгоҳи Фаластин  дар созмони милал ба унвони давлати ғайри узви нозир, ҳушдор дод ки ин рузҳо дар Ховари Миёна бозиҳои хатарноки ҷадиде дар ҳоли иҷро аст. Вай афзуд, ки тарҳи Ховари Миёнаи бузурги Амрико ҳамчунон дар ҷараён аст ва қарор аст нақшаи ҷуғрофиёии 22 кишвари исломӣ дар ин минтақа тағйир кунад. Вай нишонаҳои  ин тағйирро тақсимшавии Судон, Ироқ ва таҳаввулоте назири кушта шудани Муаммар Қазофӣ, раҳбари собиқи  Либия унвон кард.

Раҳбари ҳизби "Саодат" дар идома таъкид кард, ки  Урдуғон, нахуставири Туркия  яке аз раисони ин тарҳ буда ва ҳама медонанд, ки таҳиякунандагони ин тарҳ низ давлати Амрико аст, аз ин рӯ ин вазифаро низ давлати Амрико ё ба иборате ҳамонҳое, ки системи радарии сипари мушакии НАТОро дар хоки Туркия ва дар пойгоҳи "Кура Ҷик" мустақар сохтаанд ва ё ҳамонҳое, ки ба нухуствазир мегуянд, мушакҳои Патреотро дархост кун, то мусалмононро ба дасти мусалмонон қатли ом кунем, ба Урдуғон вогузор кардаанд.

Мустафо Камолок дар бораи Фаластин низ ба ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва шаҳодати 177 тан аз мардуми мазлуми Фаластин ишора кард ва бо интиқод аз ғарбиҳо ба далели сукут дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо изҳор дошт, аврупоиҳо барои куштори чанд ҷонвар ба хиёбонҳо мерезанд ва қиёмате бапо мекунанд, вале дар муқобили куштори мардуми бедифои Фаластин танҳо назорагар боқӣ монда ва сукут мекунанд. Вай бори дигар пешниҳод кард, ки кишварҳои исломӣ гирди ҳам омада ва иттиҳодияи исломиро ташкил диҳанд.

Раҳбари ҳизби исломгирои "Саодат"-и Туркия дар бахши дигаре аз изҳороти худ низ хотирнишон кард, имрӯз дар дунё беш аз 90%-и инсонҳо барои роҳат ва рифоҳи қишри аққалият ва андак  кор мекунанд ва барои пешгирӣ аз ин зулм ва беадолатӣ бояд ҷаҳоне нав барпо кард. Вай афзуд: “Дар дунёи феълӣ мусалмонон беш аз дигарон мавриди зулм ва истисмор воқеъ  мешаванд ва бояд пеши роҳи ин беадолатӣ гирифта шавад”


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)