Бахшҳо

Тоҷикистон: Булаҷабҳои соли моҳӣ

Ба фарқ аз соли сипаришуда, ки милаи 165-метрии Парчами миллии Тоҷикистон шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд, имсол "дастовард"-и кироие надоштем, то дар саҳифаи таърих навишта шавем. Агар дар қатори 15 кишвари фасодзадатарин (рейтинги Forbes) мавқеъ гирифтани ҷумҳурӣ, дар сегонаи хабарсозтарин роҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ қарор ёфтани Эмомалӣ Раҳмон (назарсанҷии "Регнум") ва дар ҷои 122 нишастани Тоҷикистон аз нигоҳи вазъи озодии баён (Созмони "Гузоришгарони бидуни марз") сарфи назар нагардад. Аммо дар 12 моҳе, ки гузашт, бархе чеҳраҳои калидӣ ва оддии кишвар "кашфиёт"-у суханҳое гуфтанд, ки на танҳо дар хотираҳо монд, балки номи кишвари моро ба чор гӯшаи дунё бурд.

"Тири дайду"-и Бег Зуҳуров

24-уми июл бо шурӯи амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ иртиботи мобилӣ ба маркази Бадахшони Куҳӣ пурра қатъ гардид. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа зимни нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе иллати онро "мушкили фанӣ" арзёбӣ карда гуфт, хатти нурие, ки алоқаро бо Бадахшон таъмин мекунад аз тире канда шудааст: "Хатти нурие, ки алоқаро дар минтақа таъмин мекунад ҳавоӣ аст ва он бояд зери заминӣ бошад".

Аз таърихчаи воқеа

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар Бадахшон шурӯъ гардид. Нерӯҳои давлатӣ алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ амалиёти вижаеро оғоз карданд. Бино ба хабарҳо бар асари ин амалиёт беш аз 40 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 маъмури интизомӣ кушта, 23 тани дигар захм бардоштаанд.

"Инамихели инамихели, инамихели"-и Бег Зуҳуров

Субҳи 26-уми ноябр дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд шуд. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа дар суҳбат ба "Озодӣ" иллати боз нашудани Фейсбукро ба корҳои профилактикӣ рабт додаву гуфт, он як рӯз идома хоҳад кард, аммо бештар аз як ҳафта тӯл кашид. Дар идома Зуҳуров меафзояд: "Фейсбук соҳиб надора. Кияй соҳибуш? Ина ҳози шмо газетаи Озодӣ. Шумо соҳиб дорен. Ма соҳиби шумора мешношум у порядочный. Мо уважат мекунем, ҳурмату эҳтиром мекунем. Ҳамавақт дастгирӣ мекунем. Ҳамин Фейсбук надора соҳиб. Мара ББС занг мезана, мара ай Америка ай Германия занг мезанан. Соҳибуш бия бга, ки "Ака инамихели инамихел инамихел инамихел. Оё иё налог меспоран давлатда ё не ҳами ҳами Фейсбук? Миллиарди зарабативают…".

Илова ба мавзӯъ

Соли равон маротибаи дуюм аст, ки дастрасӣ ба Фейсбук маҳдуд мешавад. Бори аввал баъди шурӯи амалиёти низомӣ дар Хоруғ он масдуд гардид. Дафъаи дуюм Асомуддин Атоев, раиси Ассосиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом кард, ки Хадамоти алоқа бо ирсоли SMS ба онҳо амр додааст, то ин шабакаи иҷтимоиро банданд.

"Бақлашка-шок"-и зиндонҳои Тоҷикистон

Баъди хабари марги мармузи Ҳамза Икромзодаи 27 сола дар зиндони №1-и шаҳри Душанбе ва нашри аксҳои ҷасади ӯ дар расонаҳо, ки нишонаҳои сухта ва изҳои сиёҳ дошт, мавзӯи маҳбасҳои Тоҷикистон ба хабари аввал табдил ёфт. Пайвандони Ҳамза мегуфтанд, ки вай бар асари шиканҷа ҷон додааст. Изҳои сӯхтаро, ки зери китфи ӯ буд, баъзеҳо осори дарзмоли тафсон мегуфтанд, аммо масъулини маҳбас иддао карданд, он изи бақлашка аст. Абдулҳаким Тугаев, пизишки маҳбасхона дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт: "Баклашкаро барои он гузоштем, ки гардиши хун лахта нашавад. Хунук нашавад. Тайи каш, таги пойҳояшба мондем…".

Баъдан гуфта шуд, ки он изи электрошок аст. Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Идораи зиндонҳои вазорати адлия дар сӯҳбате ба "Азия-плюс" гуфт, ки "Ҳамза Икромзода худкушӣ карда буд" ва касе ӯро шиканҷа надодааст. Ба иддаои Баҳром Абдулҳақов Икромзода, ки аз 16-уми сентябр дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ё ШИЗО қарор дошт, шоми 20-уми сентябр худро бо куртааш дар панҷараи дар овехт. Аммо ба иддаои Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Идораи зиндонҳои вазорати адлия изҳои мушоҳидашаванда аз электрошоканд. ӯ гуфтааст, вақте набзи Икромзода аз задан монд, 3 дафъа аз электрошок кор гирифтанд. Дар ҳоле, ки ба қавли мутахасссисони тиб электрошок дар қафаси сина гузошта мешавад на дар зери китф гузашита аз ин вай ҳеч осоре аз худ боқӣ намегузорад.

"Худошиносӣ"-и Изатулло Шарипов

28-уми сентябр наздики 10 нафар аз сокинони деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, бо шумули хешовандони Ҳамза Икромзода назди Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷамъ омада, хостори таҳқиқи ҳар чи зудтари сабабҳои марги ӯ шудаанд. Изатулло Шарипов, роҳбари Сарраёсати маҳбасҳои Вазорати адлия бо модар ва хоҳари Ҳамза Икромзода суҳбат дошт. Баъди ин дидор хешовандони Ҳамза гуфтанд, ки Изатулло Шарипов гуфтааст, "ҳар кӣ Ҳамзаро куштааст, Худо ӯро мезанад".

"Ваъдахилофӣ"-и Қодири Қосим

Қодири Қосим, райиси вилояти Бадахшони Куҳӣ баъди як рӯзи шурӯи амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ (25-уми июл) изҳор кард, ки бо ба эътидол омадани вазъ ба истеъфо меравад. Аммо бо гузашти панҷ моҳ ҳанӯз ба ин ваъдаи худ вафо накардааст. Бино ба хабарҳои телевизиони давлатӣ вазъият дар Хоруғ ором ва сулҳу субот ҳукмфармо аст. Дар ин муддат перомуни ин ваъдаи Қодири Қосим зиёд гуфтанду навиштанд, аммо худи райис дигар ба ин мавзӯъ барнагашт.

Ҳодисаи нодир

Ваъдаи райис аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳи омма қарор гирифт, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал буд, ки як мансабдори сатҳи баланд ваъдаи истеъфо медод. Аммо баъдан чун ин ваъда иҷро нашуд, таҳлилгарон гуфтанд, ки дар кишвари мо ҳеч мансабдоре қодир нест бо хоҳиши худ тасмим бигирад. Танҳо як нафар интихоб мекунад, ки киро ба истеъфо фиристад ва киро вазифа бидиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин нукта соҳибназарон муътақиданд, ки Қодири Қосим ба истеъфо намеравад, то замоне, ки ӯро гусел накунанд.

Аз "Литсензияи бокирагӣ" то "риш"-и Афзалов ва "СУС"-и имомхатибҳо

Ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо танҳо мавзӯи гарм барои телевизионҳои давлатӣ набуд. Имомхатибони масоҷид низ қабл аз намози ҷумъа ба ин шарҳи мавзӯъ пардохтанд ва дуру дароз ин коро тавсиф намуданд.

"Литсензияи бокирагӣ"- раиси ноҳияи Бохтар

Ҳукумати ноҳияи Бохтар аз ҳукумати марказии Тоҷикистон даъват намуд, дар бораи ҳатмӣ будани муоинаи тиббии арӯсу домодшавандаҳо қарори расмиеро ба тасвиб расонад. Ба қавли Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, ин амр мизони вайроншавии оилаҳои ҷавонро коҳиш дода, барои таҳкими пояҳои оила ва устувории муносибати ҷуфтҳо мусоидат мекунад: "Хуб мешуд, ки пеш аз ақди никоҳи расмӣ писару духтар дар шоҳидии волидони худ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Комилан дуруст мешуд, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора қарори дахлдоре қабул  шавад. Дар он сурат мақомоти САҲШ қабл аз бақайдгирии никоҳи ҷавонон маълумотномаи тиббии номзадҳоро талаб мекарданд".

"Риш"-и Афзалов

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон 22-юми декабр дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ёвон мухолифати худро ба гузоштани риш ба ҷавонон иброз карда гуфтааст: "Ман ҷиддӣ мегӯям, ҷавон набояд риш дошта бошад".

"Гимни духтурон"-и Ҷобирова

Саида Ҷобирова, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, табибе, ки суруди миллии кишвари худро намедонад, беморонро наметавонад дуруст ташхис ва табобат намояд. Ин ҳарфҳоро хонуми Ҷобирова дар посух ба як матлаби нашрияи "Азия Плюс" изҳор кард.

"Ҳасту нест"-и масъулини БДА

Як масъули БДА дар посух ба суоли ин ки "оё насби камераҳои назоратии мошинҳо (видеорегистратор) дар Тоҷикистон мумкин аст ё не" посух гуфт, ки мумкин нест. ӯ ба қонунгузорӣ ишора кард, ки дар ин маврид чизе гуфта нашудааст ва афзуд, вақте қонунгузорӣ мавриди ягон масъала чизе гуфта нашуда бошад, пас, мумкин нест.

“Сесияшиносӣ”-и диншиносон

25-уми октябр Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Точикистон дар мавзӯи "Аҳамияти иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар барқарорсозии давлати дунявӣ" конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор кард.

Хулоса

Бо хулоса аз ин матлаб мешавад гуфт, ки "Соли моҳӣ" соли Бег Зуҳуров буд. Маҳз бо шарофати ӯ Тоҷикистон ба сархати маъруфтарин расонаҳо баромад. Ҳатто нашрияҳое, ки дар бораи Тоҷикистон тақрибан матлабе надоштанд, аз кишвари мо ном бурданд. Метавон гуфт, ки охири сол ҳам бо гуфтугузорҳо атрофии Бег Зуҳуров хотима меёбад. Хадамоти алоқа ахиран рӯйхатеро иборат аз 131 суроға ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ирсол карда, хостааст, ки дастарасӣ ба онҳо маҳдуд шавад. Наздики 80%-и онҳо сомонаҳои мусиқиянд. Вақте Фейсбук маҳдуд шуд, ҷаноби Зуҳуров гуфт бо ҳохиши "доброволетсҳо" тасмим гирифтааст, аммо аҷиб аст, ки сомонаҳои мусиқӣ бо чӣ даъвате бояд маҳдуд шаванд?


Абдулазизи ВОСЕЪ


Дар ҳошия

Бузеро дар Хатлон диданд ки ҳаросон медавид.
Пурсидандаш чи шудаву чаро мегурезӣ?
Гуфт: Шунидам ки Афзалуф ба риши мардум часпидааст.
Гуфтандаш: Ту ки одам нестӣ чи парво дорӣ?
Гуфт: Инҳо ки риши худ аз кори кишвар боз намешиносанд, буз аз мардум чигуна боз шиносанд?


Умед ҶАЙҲОНӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)