Бахшҳо
31 янв 2013 04:46Гузориш

Роғун ва «чароғи сабз»-и сарбанди он

Дар замони ҳокимияти шӯравӣ Маскав ба Қирғизистон ва Тоҷикистон фишор меовард, то онҳо обанборҳои худро дар моҳҳои тобистон барои обёрии заминҳои кишти пахтаи давлатҳои поёноб холӣ кунанд. Ҳамаи ин ҳолат пас аз соҳиб шудан ба истиқлолият тағйир ёфт…

Об барои зиндагии инсон ва дигар шаклҳои ҳаёт зарур аст. Норасоии об метавонад оқибатҳои фалокатборе аз қабили коҳиш ёфтани истеҳсолоти маҳсулоти озуқа то таҳдид ба ҳаёт дошта бошад. Норасоии об метавонад боиси кӯчидани одамон аз маҳалли зист ва ҳатто сабаби аслии низоҳо гардад. Дар ин ҳолат мавҷудияти баҳсҳои вобаста ба об дар минтақаҳои дорои захираҳои фаровони об ҳайратовар ва ғайриоддӣ менамояд, тавре  ки имрӯз чунин вазъият дар Осиёи Марказӣ ҳукмфармост. Дар даврони шӯравӣ тамоми корҳо аз ҷониби Москва ба таври марказонида нақшабандӣ мешуд. Дар ҷанги тӯлонии худ роҷеъ ба “таслим” кардани табиат Сталин фармуда буд, ки барои интиқоли об ба кишварҳои поёноб ҷиҳати обёрии кишоварзӣ дар мавсими гарми тобистон дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистону Қирғизистон обанборҳои бузург сохта шаванд. Дар навбати худ кишварҳои поёноб ҳиссаеро аз захираҳои бойи ангишту нафти худ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон интиқол медоданд, то онҳоро давоми зимистони қаҳратун бо нерӯ таъмин намоянд. Дар замони ҳокимияти шӯравӣ Маскав ба Қирғизистон ва Тоҷикистон фишор меовард, то онҳо обанборҳои худро дар моҳҳои тобистон барои обёрии заминҳои кишти пахтаи давлатҳои поёноб холӣ кунанд. Ҳамаи ин ҳолат пас аз соҳиб шудан ба истиқлолият тағйир ёфт.

Акнун Қирғизистон ва Тоҷикистон обро дар давоми тобистон захира карда, онро дар мавсими зимистон барои истеҳсоли нерӯи барқи обӣ истифода мебаранд, ки ин ҳолат ба як қатор баҳсҳои ҷиддӣ боис гардид. Чун амали ҷавобӣ ба ин мушкилот кишварҳои поёноб, ба монанди Узбакистон, ба мақсади захира кардани манбаъҳои обии худ дар тобистон саросемавор сохтмони обанборҳоро оғоз намуданд ва ҳамзамон ин захираҳоро барои обёрии қитъаҳои бузурги пахта ва ҳатто шолӣ истифода мебурданд. Ин амалҳо ба хушкшавии боз ҳам зудтари баҳри Арал мусоидат карданд. Алҳол, шиддати бештар байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мавҷуд аст. Зуҳуроти охирини ин шиддат чопи мақолаи псевдо-академикӣ таҳти унвони “Гидроқаллобӣ ё захираҳои обӣ ҳамчун фишанги фишор” дар рӯзномаи ҳукуматии Ӯзбакистон “Народное слово (“Сухани халқ”) аз 25 январи соли 2013 буд. Муаллифони мақола сохтмони НОБ-и бузурги Роғунро дар Тоҷикистон ошкоро танқид намуда, таъкид мекунанд, ки бунёди ин нерӯгоҳ дар сурати заминларза ба ҳаёти одамон таҳдид карда, ба интиқоли захираҳои бузурги обӣ ба Ӯзбекистон монеа мешавад. Дар мақола дар бораи рекорди Ӯзбакистон оид ба ғункунии захираҳои обӣ зикр намешавад. Об дар ҳаҷми хеле ҳам бузург дар майдонҳои кишти шолию пахта сарф мегардад.

Ӯзбекистон аз ҷиҳати ҳаҷми содироти пахта дар дунё дар ҷойи сеюм меистад ва ҳамасола аз савдои он қариб 1 млрд. доллари ШМА фоида ба даст меорад. Истеҳсолоти пахта дар Ӯзбекистон яке аз корҳои истисморгартарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад; ҳукумат мунтазам садҳо ҳазор кӯдаконро маҷбур мекунад, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар кишвар кори вазнинро ба иҷро расонанд. Пахта инчунин зироате мебошад, ки барои обёрӣ ҳаҷми бузурги обро талаб менамояд. Ӯзбекистон даҳҳо каналҳои нави обёрӣ ва обанборҳо сохтааст, ки аксари онҳо заминӣ буда, боиси талафоти фоҷеабори об тавассути полоиш ва бухоршавӣ мегарданд. Шӯршавӣ дар ҳавзаи баҳри Арал ва хусусан дар Ӯзбекистон зуҳуроти маъмулӣ буда, он ҳам дар обу ҳам дар хушкӣ бар асари истифодаи усулҳои нодурусти идоракунии захираҳои обии минтақа ба амал омадааст. Дар ин ҳавза обёрии аз ҳад зиёд ба ҷамъшавии захираҳои зиёди намак дар заминҳо оварда расонида, сатҳи обҳои заминӣ ва майдонҳои ботлоқшударо баланд бардошт. Замин ҳоло чунон шӯр аст, ки саноати як замон манфиатноки пахтаи ӯзбек ҳоло барои арзи вуҷуд доштан мубориза мебарад. Аз ин лиҳоз, аҷиб аст, ки муаллифони мақола дар рӯзномаи “Народное слово” ҳукумати Тоҷикистонро дар сохтмони НОБ-и Роғун, “тағйири таркиби гидрокимиёвӣ ва шӯрии оби дарё, ки дар навбати худ ҳаҷми ғуншавии намакҳоро дар қитъаҳои обёришаванда афзоиш медиҳад” гунаҳкор мекунанд. Ин ба ҳақиқат мувофиқ нест. Сабаби аслии шӯршавӣ низоми бади идораи захираҳои обӣ ва таваҷҷӯҳи асосӣ ба парвариши зироатҳои обталаб - шолӣ ва пахта дар Ӯзбекистон мебошад. Лоиҳаи НОБ-и Роғун дар болооби дарёи Вахш таҳвили обро ба кишварҳои поёноб коҳиш намедиҳад, боиси шӯршавии минбаъда низ намегардад; ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар ҳолати заминларзаи шадид сарбанд аз вайроншавӣ эмин аст. Гӯиё танқидгарони НОБ-и Роғун намедонанд, ки ин нерӯгоҳ болотар аз НОБ ва обанбори мавҷудаи Нораки ҳанӯз дар замони шӯравӣ сохташуда ҷойгир аст. Сарбанди бузурги 300-метраи НОБ-и Норак ба заминларзаҳои бешумор тоб овардааст. Обанбори бузурги он сарчашмаи устувору бовариноки нигаҳдории об барои кишварҳои поёноби ҳамсояҳои Тоҷикистон мебошад. НОБ-и Роғун аз он ҳеҷ фарқият надорад. Баъди мавриди истифода қарор додан НОБ-и Роғун метавонад то 3600 МВт нерӯи барқ истеҳсол кунад. Сохтмони беш аз 45 км нақбҳои зеризаминии нерӯгоҳ ҳануз дар замони шӯравӣ ба анҷом расида, айни ҳол аз нав тармим шудаанд.
Сарбанди сангу хокии НОБ-и Роғун ҷиҳати бастани маҷрои оби дарёи Вахш дар тангнои дара бунёд гашта, баландии он 335 метрро ташкил медиҳад ва ба иншооти муваффақи даврони шӯравӣ, ки дар Норак татбиқ шуда буд, монанд аст. Хатҳои лозимаи интиқоли барқ барои фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя, чун Афғонистон ва Покистон аллакай сохта шуда истодаанд. Сохтмони обанбори тарҳрезишудаи Роғун то пурра ба истифода додани он даҳ солро талаб мекунад, аммо тоҷикон кафолат медиҳанд, ки ба кишварҳои ҳамсояи поёноби худ интиқоли ҳаҷми кунунии обро тавассути Амударё ва Сирдарё коҳиш нахоҳанд дод. Онҳо иброз медоранд, ки низоми нави сарбандҳояшон идораи муносиби захираҳои обиро таъмин карда, ҳамзамон барои ҳама манфиатовар хоҳад буд. Тоҷикон инчунин изҳор медоранд, ки ҳеҷ гоҳ маҷрои обро барои ҳамсоягони поёноби худ маҳдуд накардаанд ва дар оянда низ нахоҳанд кард. Дар сурати ба истифода додани НОБ-и Роғун он сарчашмаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, арзон ва фаровон гашта, талаботи Тоҷикистонро қонеъ хоҳад сохт, инчунин кишварҳои ҳамсоя - Афғонистон ва Покистонро бо нерӯи ҳаётан муҳим таъмин хоҳад намуд. Ин барои минтақае, ки ба нерӯи барқ ниёзи шадид дорад, роҳи бидуни бохт мебошад. Дар ҳолати аз ҷониби кишварҳои поёноб куллан тавассути обанборҳои бетонӣ ва обёрии қатрагӣ истифода намудани захираҳои обӣ манбаъҳои бойи об дар Осиёи Марказӣ метавонанд одилона тақсим шаванд ва чунон истифода гарданд, ки ба ояндаи водии Фарғона таҳдид накунанд, балки онро беҳтар созанд. Сарбанди НОБ-и Роғун сазовори “чароғи сабз”, яъне анҷоми бомуваффақ мебошад. Ғарб ва махсусан Иттиҳоди Аврупо ба хотири суботи дарозмуддати Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бояд дастгирии худро аз ин лоиҳаи ояндасоз зоҳир намоянд. Дар қиболи ин камбизоатии давомдор ва ноумедии халқи азиятдида меистад, ки ба манфиати ҳеҷ кадом ҷониб нест.

Струан Стивенсон, вакили Парлумони Аврупо
(Мақола дар сомонаи маҷаллаи “The European Times” (Брюссел, Белгия) ба нашр расидааст)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)