Ду андеша дар мавриди истирдоди Абдуллоҷонов
Имкони истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири собиқи Тоҷикистон ба Душанбе вуҷуд дорад, мегӯяд Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент.
Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик низ ба ҳамин назар аст. Номбурда мегӯяд, лекин дар ин кор як нозукӣ ҳаст: “ Агар маълум шавад, ки Абдуллоҷонов шаҳрвандии кишвари дигари хориҷиро дошта бошад, он гоҳ истирдоди ӯ ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Ман рости гап тасаввур намекунам, ки то имрӯз Абдуллоҷонов шаҳрванди Тоҷикистон аст, ё табааи дигар давлат. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон вобаста аз шароит дар мӯҳлатҳои муқаррарнамуда шаҳрванди Тоҷикистон новобаста бо кадом сабаб дар хориҷи кишвар буданаш дар бораи худ бояд дарак бидиҳад ва аз қайд гузарад. Яъне, дар бораи буду боши худ маълумот пешниҳод намояд. Аммо, Абдуллоҷонов бо ҳукумати Тоҷикистон мушкил дошт”.
Вале дар мавриди оё ин ки ин қазия ба интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рабт дорад, ё не, ҳуқуқшинос мегӯяд, ин тавр мисолҳоро вобаста ба шахсияти онҳо, ҳадафу нияташон ва таъсири онҳо ба афкори ҷамъиятӣ бо дарназардошти он ки яке аз номзадҳои эҳтимоли раиси ҷумҳури амалкунанда мебошад, бидуни интихобот баррасӣ намудан аз нигоҳи мантиқ нодуруст мебошад: “Дар сурати бозпас овардани Абдуллоҷонову дигарон ва ҷалб намудани онҳо ба додгоҳ, нуфуз ва эътибори ҳукумати феълии Тоҷикистон бештар мешавад ва шонси райисҷумҳури феълӣ ҳам барои пирӯзӣ зиёдтар мегардад”. Аммо ин коршинос имкони бештар шудани сару садо ва пайдо шудани ҳар гуна овозаҳоро миёни мардум аз эҳтимол дур намедонад.
Маврид ба тазаккур аст, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистон дар фурудгоҳи мавсум ба Борисполи шаҳри Киеви ҷумҳурии Украина шаби 5-ум ба 6-уми феврал аз сӯи Хадамоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар ва бо дархости пулиси байнулмилал- «Интерпол» дастгир гардида, бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия ва Украина айни замони додгоҳи шаҳри мазкур дархости боздошти сарвазири собиқи Тоҷикистонро баррасӣ дорад.
Гуфтанист, Абдумалик Абдуллоҷонов аз Амрико ба Украина сафар мекард ва исми ӯ дар рӯйхати "Интерпол" ҳамчун фарди муттаҳам бо ҷиноятҳои муташаккилона, ҷиноятҳои байналмилалӣ ва терроризм сабт шудааст, аммо ҳуқуқшиносон дар мавриди воқеияти ин далелу ҳуҷҷатҳо шак доранд.
Абдуғанӣ Абдуваҳҳоб
PS: Абдумалик Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои матраҳ дар аввали солҳои 90-и асри гузашта дар Тоҷикистон аст. Ӯ 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, то 18-уми декабри соли 1993 дар ин мақом фаъолият кард. Сипас, муддате сафири Тоҷикистон дар Русия буд. Баъд аз мағлубияташ дар сабқати президентии моҳи ноябри соли 1994 кишварро тарк карда, ба хориҷа рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Сентябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | |