Русия мӯҳлати сабти номи муҳоҷирони тоҷикро тамдид кард
Созишнома дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба имзо расид.
Имрӯз, 8-уми феврал Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия зери созишнома дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия имзо гузоштанд.
Бар пояи созишномаи нав, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия метавонанд давоми 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи он кишвар сабти ном кунанд. Айни замон мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия як ҳафта муқаррар шудааст.
Мавриди ёдоварист, Маскав ба тамдиди мӯҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ивази тамдиди буду боши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон розӣ шуд. Ҳукуматҳои ду кишвар дар ин бора зимни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта ба мувофиқа расиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |