Он пас аз ҳалли мушкилоти мавҷуда ба хати парвози Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишаст. Бино ба навиштаи хабаргузории "Интерфакс" ҳавопаймои "Boeing-737-300"-и ширкати "Тоҷик Эйр" дар соати 19:37 ба вақти маҳаллӣ (шоми 9-уми феврали соли 2013) бо хатсайри 7J 627 самти Душанбе-Маскав ба парвоз даромадааст.
Дар дохили ҳавопаймо 135 мусофир ва 6 нафар сарнишинони он буданд. Ҳавопаймои "Boeing-737-300"-и ширкати "Тоҷик Эйр" пас аз ошкор шудани мушкили фаннӣ соати 00:04 субҳ ба хати парвози фурудгоҳи Душанбе менишинад.
Дар ҳамин ҳол, Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати мазкур дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон” ин хабаро рад карда гуфт, ки дар ин бора соати 10:30, Фируз Ҳамроев, сарвари ширкати “Тоҷик Эйр” бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад.
Мӯҳр