Маълумоти расмии Агентии омори ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки ин нишондиҳандаҳо асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 9,6%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,7 % ва маҳсулоти ғизоӣ 5,6% ба миён омадааст. Ба таваррум ҳамчунин аз ҳисоби омилҳои берунӣ, аз ҷумла номуътадилии сатҳи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва номусоид омадани обу ҳаво дар кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти ғалладона таъсири манфӣ расонид.
Манбаъ меафзояд, ин омилҳо сабаб шуданд, ки дар семоҳаи сеюми соли гузашта нархи гандум ва орд дар бозорҳои дохилии кишвар боло рафт. Дар асоси гузоришҳои омории Бонки ҷаҳонӣ дар охири соли 2012-ум дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба соли 2011-ум 29, 4% ва нафт 1,6 %баланд гардид.
Мӯҳр