
Тавре Раиси Ассосиатсия Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ҳадафи чорабинии мазкур гуфтугӯи ошкоро оид ба тақдири воситаҳои электронии мустақил ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ қарор ёфт. Аз таҷрибаи кишварҳои мухталифи олам, аз ҷумла Федератсияи Россия муовини директори Институти иқтисодиёти Федератсияи Русия Татяна Тихомирова нақл кард. Бону Тихомирова иброз дошт, ки имрӯз роҳбарони васоити электронии ахбори мустақил бояд сарнавишти минбаъдаи худро муайян созанд, ки оё ҳамчун шабакаи телевизиониву радиоӣ боқӣ мемонанд ё не. Аз ин хотир, бояд зарфияти шабакаҳои мустақил мушаххас ва нақши онҳо дар пурра намудани фазои иттилоотӣ муайян бошад.
-Таҷрибаи ҷаҳонии гузариш ба пахши рақамӣ шаҳодат медиҳад, ки иттилои нокифояи аҳолӣ аз гузаштан ба шакли нави пахши барномаҳо низ яке аз мубрамтарин масъалаҳои давраи гузариш аст- изҳор дошт Татяна Тихомирова. Сипас роҳбарони воситаҳои электронии мустақили кишвар Рустами Ҷонӣ, Хуршед Ӯлмасов, Акрам Урунов ва дигарон андешаҳояшонро роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ иброз намуда, ба суолҳои сершумори худ вобаста ба ин мавзӯъ аз тренер Татяна Тихомирова посух гирифтанд.
Маврид ба ёдоварист, Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад.
Мӯҳр