"Ғамхорӣ"-и амрикоӣ

Ба хотири таъмини амнияти марзи Тоҷикистон ҳафтаи сипаришуда сафорати Амрико 55 адад сабукрав ва миқдоре аз лавозимоти фаннӣ ба маблағи 1 милиону 800 ҳазор доллар тақдим намуд. Сара Пенюҳан, масъули сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, ки кумаки мазкур тавассути тарҳи "Амнияти марзҳо" сурат гирифта, ҳадаф мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2014, яъне замони берун баровардани нерӯҳои низомии НАТО мебошад.
Таҳлилгарон тарбияи низомиҳо аз ҷониби хориҷиҳоро ба манфиат намешуморанд
Ба гуфтаи Сара Пенюҳан кӯмаки мазкур имконият ва зарфияти бахшҳои низомии Тоҷикистонро барои мубориза бо хатароти ҷаҳонӣ тақвият хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ ин миқдор лавозимоти фаннӣ барои табодули иттилоъ ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар муқобили таҳдид дар марз истифода хоҳад шуд: "Ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон аз ин лавозимот метавонанд барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳо истифода кунанд", афзуд Сара Пенюҳан.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз ҳадафи аслии ёрии сафорати Амрико ин эмин нигоҳ доштани марзи Тоҷикистон дар соли 2014 арзёбӣ мешавад.
Соли 2014 Тоҷикистонро хатаре интизор нест
Гуфта мешавад, беруншавии нерӯҳои эътилофи шимолӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва эҳтимоли фаъолшавии нерӯҳои терорристӣ дар ин кишвар яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар Душанбе зиёд матраҳ мешавад. Дар робита ба ин Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки масъалаи Афғонистонро номбурда бо ҳамтоёни хориҷиаш дар доираи гуфтушунидҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд дар соли 2014 вазъият дар Афғонистон тағйир ёбад, вале ба кадом самт ивазшавии онро наметавон пешгӯйи кард.
Дар ҳамин маврид Комёб Ҷалилов, коршиноси маркази тадқиқоти стратегӣ бар ин назар аст, ки дар соли 2014 бо беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон хатаре ба Тоҷикистон таҳдид нахоҳад кард. Зеро Афғонистон дар ин авохир ба як минтақаи бозиҳои кишварҳои абарқудрат мубаддал гашта, онҷо майдони ҳадафҳои сиёсӣ ҳар кадоме аз даъвогарон мебошад.
"Набояд фаромӯш кард, ки феълан дар Афғонистон низоъ миёни ҷангҷӯён ва ё гурӯҳҳои терорристӣ вуҷуд надорад. Дар Афғонистон ҳоло Амрико ва дигар кишварҳои абарқудрат талоши бештар кардани нуфузи худро дар минтақа доранд. Ҳоло ин абарқудратҳо дар Афғонистон бо ҳам мувофиқа карда натавонистанд. Вале ин маънои онро надорад, ки бо берунравии НАТО ба истилоҳ ҷангҷӯёни афғон ба Тоҷикистон ворид шаванд", мегӯяд Комёб Ҷалилов. Масъули маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, ки тамоми кишварҳои даъвогар дар Афғонистон танҳо бо хотири ҳимояи сиёсати худ буда, Тоҷикистон низ дар ин маврид набояд аз манфиатҳои давлатиаш сарфи назар кунад. Зеро дар сиёсат вожаҳои дуст ва душман вуҷуд надоранд.
НАТО таъминкунандаи амнияти минтақа нест ва набуд
Ин гуфтаҳоро Амният Абдулназаров, коршиноси масоили сиёсӣ тақвият бахшида, мегӯяд, ки ҳеч кадом кишвари абарқудрат, аз ҷумла Амрико дар минтақа бо ҳадафи ҳимояи давлатҳои заиф ворид нашудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Абдулназаров сару садоҳо ва ё пешгуйиҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳам атрофи мавҷудияти таҳдиде аз Афғонистон ба Тоҷикистон асоси воқеъӣ надорад:
"Низоъи Афғонистонро нерӯҳои байналмилалӣ ва Амрико бо ворид шудани худ шиддат бахшиданд. Нахуст бояд гуфт, ки онҷо танҳо нофаҳмиҳои қавмӣ вуҷуд дошт, на назоъи силоҳӣ. Вале аз ин вазъият Амрико суйистифода кард. Дар ҳоле, ки мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро ҷонибҳо бо истифодаи дипломатия метавонистанд бартараф созанд", зикр намуд Амният Абдулназаров.
Силоҳҳои корношоям ва манфиатҷуйии Амрико
Бори нахуст нест, ки нерӯҳои ҳарбии Тоҷикистон аз ҷониби давлати бегона кумакҳои молӣ ва ё фаннӣ бигиранд. Бо дарназардошти вазъият ва ҳадафҳои кишварҳои кумакрасон гурӯҳе аз коршиносон мегӯянд, ки аз чунин "ғамхориҳо"-и хориҷиён Душанбе набояд хушбин бошад. Амният Абдулназаров бар ин назар аст, ки ҳеч кишвари соҳибистиқлол набояд бо такя аз имконоти техникии давлатҳои хориҷӣ амнияти худро таъмин намояд.
"Набояд фаромӯш кард, ки давлатҳои бегона ба Тоҷикистон таҷҳизоти корношоями худро мефиристанд. Ҳар он фанновариҳое, ки худ аз истифодаи он даст кашидаанд бо баҳонаи тақвияти ҳамкорӣ ба кишварҳои ниёзманд мефиристанд", гуфт Амният Абдулназаров.
Бояд гуфт, ки ин интиқоди ягона аз сиёсати берунаи Амрико нест. Аз соли 2011 инҷониб, яъне аз замони воридшавии Амрико ба Афғонистон гурӯҳе аз коршиносони байналмилаллӣ борҳо сиёсати Амрикоро "сиёсати хушантомез" арзёбӣ кардаанд. Шикоят аз сиёсат ва амалҳои Вашингтон дар кишварҳои хориҷ то ҷойе мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки дар яке аз баромадҳои худ ин сиёсатро Ҷимӣ Картер, собик раисҷумҳури Амрико мавриди интиқоди шадид қарор дод. Нобмруда бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Вашингтон даъват ба амал оварда, то нерӯҳои низомии худро аз хоки кишварҳои ҷаҳон берун карда, барои роҳандозии амалиёти низомиаш узрпурсӣ намояд. Ҷимӣ Картер, собиқ раисҷумҳури Амрико бо иншои изҳороте гуфт, ки Амрико дигар ҳуқуқи маънавии ҳарф задан дар робита ба нақзи ҳуқуқи инсонро низ аз ин ба баъд аз даст додааст. Чунин ба назар мерасад, ки сиёсати берунаи Амрико дар ин авохир амрикоиҳоро низ нигарон кардааст. Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки Барак Обама, раисҷумҳури феълии Амрико маҳз бо ваъдаи беруноварии ҳарбиёнаш аз Афғоинстон маҳбубияти мардумро ба даст овардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон сиёсати Обама барои хотима гузоштан ба ҷанги низомӣ кафолати пирӯзии ӯ дар интихоботи навбатӣ гаштааст.
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |