Аъзои ҲИӮ даҳ сол ҳукми зиндон гирифт
Суди шаҳри Хуҷанд як узви фаъоли Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро барои 10 сол равонаи зиндон кард.
Тавре ба хабарнигори Озодагон раиси мурофиаи мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусулмон Шарифов хабар дод, сокини 40-солаи шаҳри Панҷакент Фахриддин Бозоров дар содир намудани ҷиноёти марбут ба моддаҳои 187, қ. 2 (иштирок дар гурӯҳи ҷинояткорӣ) ва 307, қ. 2, дараҷаи 3 (ташкил кардани фаъолияти созмони ифротгароӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи амвол ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
-Муқаррар карда шудааст, ки Бозоров шурӯъ аз соли 2008 узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, санаи 16-уми сентябри соли 2012 аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ-и вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст, афзуд Шарифов.
Ба қавли ӯ, мӯҳлати ҷазоро маҳкумшуда дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард. «Ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст», -мегӯяд судя.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |